Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

Филми мустанади “Ню Юрк Тоймз” дар солгарди ҳамла ба дучархасаворони хориҷӣ дар Тоҷикистон

29-и июл солгарди ҳамлаи теруристӣ ба гардишгарони хориҷии дучархасавор аст

shahzoda by shahzoda
30 July 2019
in Gallery, Multimedia, Матолиби баргузида, Фарҳанг
Филми мустанади “Ню Юрк Тоймз” дар солгарди ҳамла ба дучархасаворони хориҷӣ дар Тоҷикистон

“Ню Юрк Тоймз”, расонаи маъруфи омрикоӣ, дарбораи ҳамлаи теруристӣ ба гардишгарони хориҷӣ, ки 29-и июли соли 2018 дар Тоҷикистон рух дод, филми мустанаде сохтааст. Гузоришҳо ҳокист, ки чанд тан аз атбоъи Тоҷикистон дар ин ҳамла даст доштанд ва ин ҳамла ба раҳбарии Ҳусайн Абдусамадов тарроҳӣ ва анҷом шудааст.

Онҳо гурӯҳи ҳафтнафарае аз дучархасаворони хориҷиро, ки дар масири Кӯлоб ба Душанбе ҳаракат мекарданд, дар ноҳияи Данғара, дар ҷанубиТоҷикистон, мавриди ҳамла қарор додаанд. Муҳоҷимон пас аз зери худрав гирифтани дучархасаворон аз худрав пиёда шуда ва бо кордутабар низ ба маҷрӯҳон ҳамла кардаанд, то мутмаин шаванд, ки онҳо ҷон ба саломат набаранд.

Дар ин ҳамла се дучархасавори хориҷӣ дар маҳалли ҳодиса кушта шуда ва нафари чаҳорум дар бемористон ҷон дод. Се нафари дигар захмӣ шуданд.

Гардишгарони дучархасавор шаҳрвандони Ҳуланд, Омрико ва Суис буданд, аммо филми мустанади “Ню Юрк Тоймз” фақат достони ду шаҳрванди омрикоиро пайгирӣ карда, ки ҷуфту ҷавон буда ва орзу доштанд даври ҷаҳонро бо дучарха бипаймоянд.

Дар ҷараёни таҳқиқ, гурӯҳи филмбардорӣ муваффақ шудааст бо Ҳусайн Абдусамадов, раҳбари муҳоҷимон, дар зиндон гуфтугӯ кунад ва аз ҷузъиёти ин ҳамла, аз ҷумла шеваҳои сарбозгирӣ ёроҳҳои истихдом ба артиши Доъиш, низ иттлоъоте ба даст оварад.

Муҳоҷимоне, ки дар ҳамла ба гардишгарони хориҷӣ даст доштанд, иртиботи мустақими худ бо гурӯҳи Доъишро таъйид кардаанд. Аз ҷумла Ҳусайн Абдусамадов ба хабарнигорони “Ню Юрк Тоймз”гуфта, ки аз кирдори худ пушаймон нест. Амале, кичеҳра ва фазои амни Тоҷикистон барои гардишгаронро махдуш кард ва ҷилави сафари ҳазорон гардишгари дигари хориҷӣ ба ин кишварро гирифт.

Тоҷикистон кишваре кӯҳистонӣ ва аз фақиртарин кишварҳои ҷаҳон аст, ки ба сармояи ворида аз сафари гардишгарони хориҷӣ ниёз дорад. Гуфта мешавад, сафари ҳар гардишгари хориҷӣ метавонад ҳазинаҳои зиндагии дастикам як хонаводаи маҳаллиро таъмин кунад.

Тасовир аз видиеои эъломияи филм дар сойти Ню Юрк Таймз:

Tags: Гардишгарони дучархасаворгардишгарони хориҷӣгурӯҳи ДоъишНю Юрк ТоймзТоҷикистонҳамлаи теруристӣ

Related Posts

Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?
Women

Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?

1 November 2019
Чиро диктотурҳо аз қиссагӯён метарсанд?
Minorities

Чиро диктотурҳо аз қиссагӯён метарсанд?

1 October 2019
PCOS чи навъ беморӣ аст?
Women

PCOS чи навъ беморӣ аст?

1 October 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо