Чаҳорумин давраи «Намоишгоҳи китоби Теҳрон, бидуни сонсур» ҷумъаи 17 май / 27 урдибиҳишт дар Омстердом гушоиш ёфт. Ин намоишгоҳ дар рӯзҳои оянда, 18 ва 19 май / 28 ва 29 урдибиҳишт, дар шаҳрҳои Рутердом ва Лоҳа барпо хоҳад шуд. Яке аз баргузоркунандагони ин намоишгоҳ дар гуфтугӯ бо «Замона» аз сохти мустанаде дар бораи ин намоишгоҳ дар ояндаи наздик хабар дод.
Дар ин давра аз «Намоишгоҳи китоби Теҳрон, бидуни сонсур» муассисаи «Эрон Окодемиё», «Интишороти Дено», «Нашри Ақли Сурх», «Интишороти Рӯнок», «Нашри Фурӯғ», «Нашри Нокуҷо», «Нашри Зарёб», «Эчэндэс» ва «Ширкати Китоб» ҳузур доранд.
Дар ин рӯйдоди фарҳангӣ ҳамчун солҳои гузашта чанд барномаи ҷонибӣ баргузор хоҳад шуд. Барномаҳое кӯтоҳ барои рӯнамоӣ ва имзои китоб ё нишастҳои пурсишу посух бо шоъирону нависандагон. Фарзоди Сайфикорон аз «Интишороти Рӯнок» ва яке аз баргузоркунандагони ин давра аз намоишгоҳ ба Замона гуфт:
«Ин намоишгоҳ дар кишварҳо ва шаҳрҳои мухталифи Урупо баргузор мешавад ва буъди масофат чолишест, ки ноширон бо он мувоҷеҳанд. Онҳо тамоюл доранд дар ҳамаи шаҳрҳои маҳалли баргузории намоишгоҳ ҳузур дошта бошанд, то битавонанд китобҳояшонро ба мухотабин арза кунанд, аммо анҷоми ин кор барояшон муяссар нест. Ба ҳамин хотир бархе аз ноширон ба намояндагӣ аз ношироне, ки имкони ширкат дар намоишгоҳро надоранд, барояшон “мизи китоб” мегузоранд ва аз ҳамин тариқ осорашонро дар ихтиёри алоқамандон қарор медиҳанд.»
Сайфикорон ба таъсири манфии сонсур рӯи мухотаб ишора кард, ки чи гуна метавонад бемайлӣ нисбат ба китобхониро дар фарди мухотаб эҷод кунад:
«Сонсур мӯҷиби беэътимодии мухотаб ба китоби мавриди назараш мешавад. Ба унвони мисол, як китоби тарҷумашуда дар Эрон, ки аз теғи сонсур ҳам убур карда, ин шакро дар мухотаб бармеангезад, ки оё матлабе, ки дар унвон баён шуда, бадурустӣ дар китоб ҳам омадааст ё хайр».
Яке аз муҳимтарин дастовардҳои ин намоишгоҳро метавон наздиктар шудани иртибот миёни ноширони хориҷ аз Эрон бо нависандагон, шоъирон ва мутарҷимҳои дохили кишвар донист. Сайфикорон дар ин бора гуфт:
«Ниме аз китобҳои мунташиршудаи имсол дар Нашри Рӯнок марбут ба нависандагони дохили Эрон аст. Онҳо барои раҳоӣ аз сонсур моил ба ҳамкорӣ бо мо ҳастанд.»
Дар ин миён бархе аз китобҳои мунташиршуда тавассути ноширони хориҷ аз кишвар дар Эрон ба сурати зерзаминӣ ба чоп расидааст. Онҳо бидуни иттилоъ ва ё гирифтани иҷоза иқдом ба чопу нашр кардаанд ва ҳамин мӯҷиби дилгирии ноширон низ шудааст.
Баргузоркунандагони чаҳорумин давраи «Намоишгоҳи китоби Теҳрон, бидуни сонсур» бо интишори маҷаллаи вижае ба се забони форсӣ, инглисӣ ва фаронсавӣ талош мекунанд, то ҷое ки мумкин аст, бо сонсур муқобила кунанд. Ин маҷалла ба ҳиммати «Нашри Нокуҷо» ва дигар ноширон таҳия ва ба чоп расидааст.
Ин маҷаллаи вижа дарбаргирандаи маҷмӯъаи мақолоти марбут ба сонсур ва ҳамин тур пораҳои сонсуршудаи бархе аз китобҳои чопи дохили Эрон аст.
Соли гузашта ин маҷалла бо теъдоди 2000 нусха ба чоп расид ва қарор аст то поёни соли 2019 нусхаи ҷадиди он ба чоп бирасад.
Фарзоди Сайфикорон аз сохти як мустанад дар бораи «Намоишгоҳи китоби Теҳрон, бидуни сонсур» низ хабар дод.
Қарор аст дар ин мустанад ба муъаррифии ноширҳо, мутарҷимҳо ва нависандагони хориҷ аз кишвар пардохта шавад. Чолишҳои баргузории «Намоишгоҳи китоби Теҳрон, бидуни сонсур» аз дигар мавзӯъотест, ки ба он пардохта хоҳад шуд.



