Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

Шаби ҳунарии Толиби Шаҳидӣ дар Маскав баргузор шуд

golshan by golshan
19 February 2019
in Фарҳанг

شب ادبی طالب شهیدی، آهنگساز معروف تاجیک در مسکو، ۱۸ ماه نوامبر، روز شنبه، برگزار شد.

Толиби Шаҳидӣ, оҳангсози маъруфи тоҷик  

Шаби ҳунарии Толиби Шаҳидӣ, оҳангсози маъруфи тоҷик, рӯзи якшанбеи 18 ноябр дар толори филҳормунии Маскав бо барномерезии Вазорати фарҳанги Русия баргузор шуд.

Ин шаби оҳангу суруди клосик бо ҳузуру ҳамроҳии Анна Аглатова, таковозхони “Болшой театр”, теотри бузурги Русия, Ида Каплан, Вазген Вартанян, Екатерина Иванова, Маргарита Петросян, навозандагони шинохтаи фортепиёну, ва Игор Фёдоров, навозандаи клорнет, баргузор шуд.

Толиби Шаҳидӣ, фарзанди Зиёдуллоҳи Шаҳидӣ, аз оҳангсозони маъруфи тоҷик, соли 1946 дар шаҳри Душанбе ба дунё омад. Ӯ барандаи чандин ҷоизаи муътабари ҳунарӣ дар Тоҷикистон ва Шӯравии собиқ аст.

Толиби Шаҳидӣ, оҳангсози маъруфи тоҷик

Аз ин оҳангсози саршинос то ҳол осори мутаъадиде дар хазинаи ҳунари Вазорати фарҳанги Тоҷикистон вуҷуд дорад, ки аз ҷумла мешавад ба болеҳои «Спитамен» (1975),  «Марги судхӯр» (1978), «Хотираи дил» (1981), «Юсуф ва Зулайхо» (1989), «Сиёвуш» (1992) ва филм-болеи «Рубоиёти Хайём» (1980) ишора кард. Упероҳои ӯ монанди «Ҳифзкунандаи оташ» (1987), «Амир Исмоил» (1999),  упероҳое барои кӯдакон, монанди «Бинӣ-Котула» (1989), «Халиф Лаклак» (1990), «Зани зебо ва ғӯл» (1992) низ аз осори мондагории ҳунарии ӯ ҳастанд.

Толиби Шаҳидӣ айни ҳол ҳамроҳ бо ҳамсараш, Гулсифати Шаҳидӣ, ки аз нивисандагони пуркори тоҷик аст, байни шаҳрҳои Душанбе, Маскав ва Ландан мураттаб дар рафтуомад ҳастанд ва дар ин шаҳрҳо кору зиндагӣ мекунанд.

Tags: Зиёдуллоҳи ШаҳидӣТолиби Шаҳидӣآهنگ‌ساز معروف تاجیکطالب شهیدی

Related Posts

Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?
Women

Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?

1 November 2019
Чиро диктотурҳо аз қиссагӯён метарсанд?
Minorities

Чиро диктотурҳо аз қиссагӯён метарсанд?

1 October 2019
“Ҷавонон барои волоияти қонун”
Multimedia

“Ҷавонон барои волоияти қонун”

1 November 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо