Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

“Шир, шеър, шер” маҷмӯъаи ҷадиди Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ

golshan by golshan
19 February 2019
in Фарҳанг
 

مجموعه اشعار حیات نعمت سمرقندی، شاعر بنام و فعال اجتماعی سمرقندی به مناسبت ۷۵ سالگی او در شهر دوشنبه به چاپ رسید. 

«شیر، شعر، شیر» عنوان مجموعه اشغار حیات نعمت سمرقندی، شاعر بنام سمرقندی‌ست

“Шир, шеър, шер” унвони маҷмӯъаи ҷадиди Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ, шоъири тоҷик аст, ки ба муносибати 75-солагии ӯ дар Тоҷикистон мунташир шуд.
Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ дар тӯли фаъолияти худ бештар талош карда намунаи адабиёти адибони Самарқандро ҷамъоварӣ кунад ва вожаҳои самарқандии осори Мавлоно Балхиро гирд оварад, аммо маҷмӯъаи ашъори ӯ то ҳол мунташир нашуда буд.

Аввалин бор аст, ки  ашъори ӯ дар шакли китоби ҷудогона мунташир мешавад. Ин маҷмӯъаи ашъор бо талош ва ибтикори Одили Нозир, рӯзноманигори тоҷик ва пуштибонии молии яке аз дӯстони шоъир, ки нахост исмаш зикр шавад, ҳамин моҳ дар шаҳри Душанбе ва дар 220 сафҳа ба чоп расид.

Дар ин маҷмӯъаи ашъори Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ чаҳор мақола дар бораи фаъолиятҳои ин шоъири шинохта ва маҳбуби тоҷикон, бавижа самарқандиён, мунташир шудааст. Мақолаҳо ба қалами Эркин Воҳидов аз Узбакистон, Масъуди Сипанд аз Омрико, Шаҳзодаи Самарқандӣ аз Бритониё ва  Одили Нозир аз Тоҷикистон таъаллуқ доранд. 

Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ солҳо ба хотири фаъолиятҳои иҷтимоъӣ ва фарҳангӣ дар ҳабси хонагӣ ба сар мебурд ва зикри исми ӯ то ҳол дар расонаҳои Узбакистон мамнӯъ аст ва ҳеч расонаи дохилӣ ба муносибати 75-солагии ӯ матлабе мунташир накардаст. Ҳеч маросиме ба ин муносибат дар фазои фарҳангии Тоҷикистон низ баргузор нашуд. 

Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ дар авохири даҳаи 1980 бо иқдоме ба гуруснанишинии серӯза тоҷикони Самарқандро соҳиби рӯзномае ба забони модарии онҳо кард, ки то ҳол фаъол аст. Рӯзномаи “Овози Самарқанд”, ки он низ беш аз ду даҳа исме аз ин шоъир наоварда ва ҳамин тавр адибони ҳақгӯйи тоҷикро нодида мегирад. Ин рӯзнома мисли дигар рӯзномаҳои дохилӣ дар Узбакистон давлатӣ ва бозтобдиҳандаи сиёсати давлат аст ва дар пешбурди фарҳанг ва иттилоърасонӣ ба шаҳрвандон саҳми чандоне надорад. 

Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ соле як бор ба Тоҷикистон сафар мекунад ва дар меҳмонхонаи Вазорати фарҳанг ба корҳои адабии худ машғул мешавад.

Tags: Ҳаёт Неъмати Самарқандӣшер"шеърШирحیات نعمت سمرقندی

Related Posts

Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?
Women

Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?

1 November 2019
Чиро диктотурҳо аз қиссагӯён метарсанд?
Minorities

Чиро диктотурҳо аз қиссагӯён метарсанд?

1 October 2019
“Ҷавонон барои волоияти қонун”
Multimedia

“Ҷавонон барои волоияти қонун”

1 November 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо