Тарҷумаи инглисии румони “Рақси Шайтон”, навиштаи Ҳамид Исмоилов, нависандаи шинохтаи узбек, ҷоизаи муътабари (EBRD) Бонки Урупоии Бозсозӣ ва Тавсеъаро ба даст овард. Ин ҷоизаи адабии ҷадид имсол барои аввалин бор ба фаъолият шурӯъ карда ва қарор аст аз ин ба баъд солона барои беҳтарин тарҷумаи як румони нависандагони кишварҳои дар ҳоли тавсеъа, ки дар Бритониё мунташир шуда бошад, 20 ҳазор юру эъто кунад. Ин маблағ байни нависанда ва мутарҷим тақсим хоҳад шуд.

Мутарҷими румони “Рақси Шайтон” Дунолд Рейфилд (Donald Rayfield) яке аз маъруфтарин мутарҷимонест, ки баргардонро аз забони русӣ ба инглисӣ анҷом додааст. Бахшҳои шеърии ин румонро Ҷон Форндун (John Farndon), мутарҷими ашъори русӣ ба инглисӣ, анҷом додааст. Ин тарҷумаро бо унвони “Devils’ Dance” интишороти “Tilted Axis Press” дар Ландан мунташир кардааст.
Ин аввалин бор аст, ки як нависандаи узбек ҷоизаи муътабари адабии Ғарбро ба даст меорад. Ҳамид Исмоилов дар суханронии худ зимни ташаккур аз мизбонони ин ҷоиза ва мутарҷимони румонаш гуфт, мардуми узбек дар тӯли торих бохтҳои бисёр дорад ва ҳоло бо дарёфти ин ҷоиза аввалин бурдҳои худро таҷруба мекунанд.
Румони “Рақси Шайтон” ба сабки румон дар румон аст ва нависанда румони нотамоми Абдулло Қодирӣ, нависандаи дар даврони шӯравӣ маҳкумшудаи узбекро, ба таври тахайюлӣ ва сафар дар замон ба итмом расонда ва ҳамин тавр аз зиндагонии Ойхон, духтари фақири узбек, қисса мекунад, ки Маликаи узбекҳо ва аз шоъирони шинохта, аммо нокоми ин миллат мешавад.
Ҳамид Исмоилов пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ бо Би-би-сӣ ҳамкорӣ мекунад ва аз мудирони бахши Осиёи Миёнаи ин шабакаи ҷаҳонӣ будааст.
Бо ин ҳол ҳеч кадом аз румонҳои ин нависандаи маъруфи узбек дар Узбекистон мунташир нашудаанд ва ӯ дар яке аз гуфтугӯҳои хуб бо Родию Замона гуфт, ки дар ватан ӯро ҳамчунон ба унвони мутарҷим аз забони русӣ ба узбекӣ мешиносанд ва ба шаш румоне, ки ӯ дар тӯли се даҳаи муҳоҷирати худ дар Бритониё навиштааст, дастрасӣ надоранд.
Гуфтугӯи Замона бо Ҳамид Исмоиловро, ки дар ҳошияи ҷашнвораи байналмилалии китоби Эдинбург Шаҳзодаи Самарқандӣ анҷом додааст, метавонед дар инҷо гӯш бидиҳед.
Гуфтугӯи Замона бо Ҳамид Исмоиловро, ки дар ҳошияи ҷашнвораи байналмиллалии китоби Эдинбург Шаҳзодаи Самарқандӣ анҷом додааст, метавонед дар инҷо гӯш бидиҳед.



