Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

بزرگداشت 140 سالگی عینی و 75 سالگی جوره‌بیک مراد در تاجیکستان

golshan by golshan
19 February 2019
in Фарҳанг

این روزها مراسم‌های ادبی و علمی به مناسبت صد و چهلمین سالگر صدرالدین عینی در تاحیکستان پشت سر هم برگزار می‌شوند. فیروزه قیوم‌وا، نامزد علم ادبیات شناسی، گزارشی تهیه کرده از تجلیل سالگرد عینی همزمان با 75 سالگی جوره بیک مراد، خواننده کلاسیک خجندی، در بخش زبان و ادبیات دانشگاه خجند در تاجیکستان.

“Ганҷи сухан”: маҳфили навбатии хотирмон

Нишасти 161–уми маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” дирӯз бо ширкати олимону адибон ва мухлисони каломи бадеъ дар толори факултети филологияи тоҷик баргузор шуд. Маҳфилро роҳбари он адабиётшинос Саидумрон Саидов ифтитоҳ бахшида, зикр кард, ки ин даъфа маҳфил ба ду санаи таърихӣ бахшида мешавад,ки яке 140 солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Устод Садриддин Айнӣ ва дигаре 75-солагии Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯрабек Муродов мебошад.
Декани факултети филологияи тоҷик, номзади илмҳои филология Муҳаббат Тиллохӯҷаева меҳмононро хайрамақдам гуфт ва аз дастовардҳои илмии устодон ва донишҷӯёни факултет маълумот дод.

Дар бахши навгониҳои илмӣ Шарифҷон Тоҷибоев – дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров муффассал аз муҳимтарин чорабиниҳои илмиву адабӣ, аз ҷумла дар мавриди ҳамоишҳои байналмилалӣ ва умумиҷумҳуриявӣ бахшида ба 140 солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Устод Садриддин Айнӣ, ки қариб дар ҳамаи муассисаҳои илмиву таълимии қаламрави кишвар баргузор гардид изҳори назар кард. Ӯ гуфт,ки дар ин росто аз ҷониби муҳаққиқон силсилаи зиёди мақолаҳои илмӣ интишор гардид, ки миёни онҳо сухани тоза дар Айнишиносии муосир кам нест. Мавсуф маҷмӯаи мақолаҳои конфронси илмии “Садриддин Айнӣ ва масъалаҳои рушди адабиёти навини тоҷик”-ро,ки нашриёти “Нури маърифат”-и ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба нашр расиааст, чи аз лиҳози мазмуну мундариҷа ва чи аз лиҳози сифати чоп шоистаи таҳсин хонд.

Дар маърӯзаи Субҳон Аъзамзод-дотсенти донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони “Садриддин Айнӣ – чеҳраи мондагори адабиёт,илм ва фарҳанг” муҳимтарин хидматҳои устод Садриддин Айнӣ дар худшиносии миллии тоҷикон зикр гардид. Муҳаққиқ аз қадршиносии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ бо мисолҳои мушаххас нақл намуд. Махсусан оид ба китоби “Чеҳраҳои мондагор”, ки дар он Пешвои миллат дар баробари зикри хидмат ва мақому манзалати устод Садриддин Айнӣ заминаеро дар айнишиносии муосир муқаррар кардааст муфассал изҳори назар кард.
Сипас бахшида ба 75-солагии Ҳунармади мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов дар мавзуи “Устоди беназири ҳунар” Абдураҳим Аминҷонов – дотсенти донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баромад намуд. Вай ба ҳозирин оид ба ҷанбаҳои ҳунарӣ, сабк ва услуби ҳофизӣ, зинаҳои такомули эҷод, шӯҳрати ҷаҳонии Ҷӯрабек Муродов нақли ҷолиб намуд. Ӯ гуфт,ки сабки Ҷӯрабек Муродов сабкест,ки он қобили қабули кулли мардуми манотиқи гуногуни Тоҷикистон аст.

Сипас нависанда Додохони Эгамзод як сӯҳбати озоду ҷолиб дар бораи Устод Садриддин Айнӣ ва Ҷӯрабек Муродов намуд. Вай ба мухлисони каломи бадеъ аз таснифи як романи таърихии нави худ дарак дод, ки ба қавли худи нависанда, дар бораи Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик ҳикоят мекунад ва маҳз ба хотири амалӣ намудани орзуи Устод Садриддин Айнӣ ӯ ба ин кор даст задааст.

Шоири ширинхаёл ва боҳунари тоҷик Нарзуллои Азизиён нахуст салому паёми аъзоёни маҳфили “Ганҷи Исфара”-ро ба ҳозирин расонида,аз нақши маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” дар рушди адабиёт ва илм ибрози назар намуд. Ӯ чанд шеъри тозаи худро ба аҳли нишаст эҳдо намуд.

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода низ дар суханронии худ аз шӯҳрати ҷаҳонии устод Садриддин Айнӣ ва Ҷӯрабек Муродов нақлҳои ҷолиб намуда, як шеъри худро қироат намуд.
Монтажи адабии донишҷӯёни факултети филология аз рӯзгори рӯзгори устод Айнӣ,ки дар заминаи осори нависанда рӯи саҳна омадааст ба маҳфил рӯҳи тоза бахшид. Суруду оҳангҳои дилнишини сарояндагон Самеъҷон Машарипов ва Фазлиддин анҷомбахши нишати навбатӣ гардид.

Фирӯза Қайюмова,номзади илмҳои филология

Related Posts

Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?
Women

Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?

1 November 2019
Чиро диктотурҳо аз қиссагӯён метарсанд?
Minorities

Чиро диктотурҳо аз қиссагӯён метарсанд?

1 October 2019
“Ҷавонон барои волоияти қонун”
Multimedia

“Ҷавонон барои волоияти қонун”

1 November 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо