
Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ 31 июли 1943 дар деҳаи Қаволаи ноҳияи Самарқанд зода шуда. Дар чорсолагӣ, бар асари фалокате маҷруҳ гардид ва ҳаштуним сол бистарӣ буд. То синфи 8 дар мактаби русии бемористон, сипас дар мактаби миёнаи № 16 таҳсил кард. Соли 1982 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд ба номи Садриддин Айниро бо дипломи аъло хатм кард. Аз июни соли 1965 то августи 1983 дар идораи маорифи ноҳияи Самарқанд ҳамчун сармуҳосиб, аз августи соли 1983 то декабри 1996 ҳамчун сармуҳосиби Идораи таълими вилояти Самарқанд кор кард. Аз 16-солагӣ ба ду забон, тоҷикӣ ва ӯзбекӣ шеър мегӯяд. Намунаҳои ашъораш дар рӯзномаву маҷаллаҳои гуногуни Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Эрон, Эстония, Фаронса, Бритониё, Омрико ва Исроил чоп шудаанд.
Сад ғазали Саъдии Шерозӣ, 120 ғазали Абдурраҳмони Ҷомӣ ва сад ғазали Хумайниро ба ӯзбакӣ тарҷума кардааст, ки инҳоро Интишороти “Алҳудо” (Эрон) ба табъ расонида.
Ҳаёт Неъмат чанд дроми манзум офарида, ки «Меҳри пирӯз ё зодаи нур» ва дилогияи «Дарди рӯзгори Одам» иборат аз ду намоишнома соли 1977 дар Озмуни дромнависони тоҷик сазовори ҷоизаи дуввум гардиданд. Соли 2000 Ҷоизаи “Деваштич”-ро дарёфт кард. Соли 2000 Ширкати синамои «ДУНЭ»-и Фаронса дар ҳамкории синамогарони Испониё дар бораи ӯ мустанаде таҳия кард. Дар чандин конфаронсу симпозиумҳои байналмилалӣ, ки дар Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Эрон, Арманистон ва Бритониё созмон ёфтаанд, ширкат доштааст.

Аълочии маорифи халқи Ӯзбекистон, узви Шурои Анҷумани байналмилалии тоҷикон ва форсизабонҳои ҷаҳон «Пайванд» (1990) аст.
(Аз китоби “Адибони Тоҷикистон”)
Соли 2017 нашриёти “Адиб” дар Тоҷикистон пажӯҳиши тозаи ӯро ба номи “Фарҳанги вожаҳо ва ифодаҳои мардумӣ дар осори Мавлавӣ” ба теъдоди 1000 нусха чоп кард.
Ҳаёт Неъмат ҳоло рӯи китоби нави худ ба номи “Тазкираи адибони тоҷики Самарқанд” кор мекунад. Дар ин асар ӯ дар бораи 150 адиби тоҷики зодаи Самарқанд маълумот додааст, ки аз нимаи дуюми садаи 19 то ба имрӯз дар ин шаҳри бостонӣ зиндагӣ ва эҷод кардаанд. Ҳамчунин ин китоб намунаҳое аз осори ин шоиру нависандагонро дар бар хоҳад гирифт.
Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ аз соли 2000 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Устоди гиромиро ба муносибати 75- солагиашон самимона муборакбод мегуям! Барояшон тани сиҳат, умри дароз ва дар эҷоди осори нав ва пажуҳишҳои тоза орзуи муваффақият дорам.
Ташаккур аз раҳбарони шаҳри Душанбе, ки пешниҳоди моро дар нишасти матбуотиашон дар ҳафтаи гузашта нодида нагирифтанд ва имрӯз ба табрики ин чеҳраи шинохтаи тоҷик рафтанд.
Устод Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ беш аз як моҳ аст,ки дар Душанбе ҳастанд.


