
Хайруллоҳ Мирсаидов, рӯзноманигори тоҷик, ба 12 сол зиндон маҳкум шуд. Дирӯз, 11 моҳи жулойи соли ҷорӣ, додгоҳи шаҳри Хуҷанд, бар асоси қавонини ҷинойи кишвари Тоҷикистон, оғои Мирсаидовро бо ҷурми масрафи худсаронаи будҷаи давлат, тақаллуби мадорик ва иттиҳоми бардуруғ, ба 12 соли зиндон маҳкум кардааст. Ин хабар дар расонаҳои дохилӣ ва байналмиллалӣ бозтоби густардае пайдо карда ва боъиси нигаронии шадиди ҷомеъаи маданӣ дар Тоҷикистон шудааст. Ба ин муносибат ҳаштаге ки зимистони соли гузашта дар шабакаҳои иҷтимоъӣ эҷод шуд #FreeKhayrullo дубора фаъол шуда ва бисёре аз фаъолони ҳуқуқи башар низ ин ҳукми додгоҳро интиқод кардаанд.

Хайруллоҳ Мирсаидов, райиси клуби ҷавонони хушзавқи Тоҷикистон аст, ки мусобиқаи байни гурӯҳҳои ҷавонони танзпардозест бо ъунвони русии КВН ва байни кишварҳои собиқ иттиҳодияи шӯравӣ баргузор мешавад. Ин мусобиқаи танз аз маъруфтарин барномаҳои тафреҳии телвизиюни Русия аст, ки аз даҳаи ҳаштод то ҳол идома дорад ва бо танзи сиёҳ ва интиқодҳои шадид аз сиёсати рӯз ва сиёсатмадорон таваҷҷӯҳи бинандагон ва тарафдорони зиёдеро тавониста ба худ ҷалб кунад. Гурӯҳи ҷавонони хушзавқи Тоҷикистон аз охирин гурӯҳҳоест, ки ба ин мусобиқа пайвастааст ва ҳол пас аз фаъолияти кӯтоҳе ба чунин мушкиле рӯ барӯ шудааст. Дар ъайни ҳол равшан нест, ки вазъияти оғои Мирсаидов ба фаъолияти гурӯҳи танзи Тоҷикистон чи осеб ё тағйироте ворид хоҳад кард. Бисёре аз мудофеъони ҳуқуқи башар ин ҳукми додгоҳро ноъодилона хондаанд ва мӯътакиданд, ки дар асл оғои Мирсаидов ба хотири саркашӣ аз ришва додан боздошт шудааст.


