Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

دورۀ آموزش زبان اوستایی در تاجیکستان

golshan by golshan
6 March 2019
in Фарҳанг

 

Аз аввали моҳи апрели имсол давраи кӯтоҳмуддати омӯзиши забони авестоӣ дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар тӯли ин муддат то кунун забон ва дабираи авестоӣ барои гурӯҳе аз донишҷӯён ва алоқамандон аз сӯи устод доктор Раҳом Аша – пажӯҳишгари Маркази мутолиотии Осиё дар Фаронса омӯзиш дода шуд.
Давраи омӯзишии мазбур ба дархости гурӯҳи (кафедраи) забонҳои хориҷии Академияи илмҳои Тоҷикистон ва мусоидати Анҷумани фарҳангии «Рӯдакӣ»-и Фаронса роҳандозӣ шудааст. Биност дар оянда фурсате барои омӯзиши дигар забонҳои гурӯҳи эронии куҳан, аз ҷумла, суғдӣ, бохтарӣ, хоразмӣ низ ихтисос ёбад, ки иқдоми бисёр муҳим ва арзишманду дарвақт барои муҳити пажӯҳишӣ ва омӯзишии Тоҷикистон аст. Фаро гирифтани забонҳои эронии бостон ва кӯшиш дар таҷдиди мутолиоти тахассусӣ дар ин замина, дар воқеъ ибтикор ва ҳаракате муассир барои пур кардани бахше аз мутолиоти забоншиносӣ ва эроншиносӣ дар Тоҷикистон хоҳад буд, ки дасткам дар ҳудуди беш аз ду даҳаи ахир ба далели камбуди коршиносону пажӯҳишгарон, бо рукуди ҷиддӣ рӯ ба рӯ будааст.
Доктор Раҳом Аша муаллифи китобҳои «Фарҳанги «Авесто»: матн ва ёддоштҳои дастурии забон» (Avesta Glossary: Text and Grammatical Notes), «Порсиг (паҳлавӣ), дақоиқи дастури забон» (The Persic (“Pahlavi”). A Grammatical Precis.) ва дигар осори пажӯҳишӣ дар ҳавзаи мутолиоти матнҳои куҳан, бавижа матнҳои пизишкӣ дар адабиёти авестоӣ, санскрит (Омӯзаи пизишкии муғон, пустаи 1 / The Medical Doctrine of the Magi, vol. 1) ва ғ. аст.

Tags: آموزش زبان اوستایی در تاجیکستاناوستا

Related Posts

Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?
Women

Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?

1 November 2019
Чиро диктотурҳо аз қиссагӯён метарсанд?
Minorities

Чиро диктотурҳо аз қиссагӯён метарсанд?

1 October 2019
“Ҷавонон барои волоияти қонун”
Multimedia

“Ҷавонон барои волоияти қонун”

1 November 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо