
Давлате, ки расонаҳояш дурӯғ менависанд;
Давлате, ки додрасҳояш ноодилу ришваситон;
Давлате, ки пизишконаш қотил;
Давлате, ки масьулини мардонаш ҷасорат ва бонувонаш синаи раҳм надоранд;
Давлате, ки ъолимонаш мадҳия менависанд ва бо бозиҳои сиёсӣ гирифторанд;
Давлате, ки муъаллимонаш либос тафтиш(баррасӣ) мекунанд;
Давлате, ки озодандешонаш ё хомӯш ва ё бетарафанд;
Давлате, ки модаронаш дарди фарзанди ҳамшираҳоро эҳсос намекунад;
Давлате, ки падаронаш аз сархамии ҷавонон бонг намезанад;
Давлате, ки духтаронаш субҳи зуд пероҳани супоришӣ ба бар карда, расман ба пешвози мардони бегона меравад;
Давлате, ки ҷавонмардонаш ноустувор ва тарсу;
Давлате, ки манфиатхоҳону тарсуёнро парвариш дорад…
Омиле барои хушбинӣ аз оянда ҳаст?! Чаро пайдояш намекунам, то марҳами дард шавад?!


