
Гузориши Родио Озодӣ
Академик Раҳим Масов – донишманди маъруф, муаллифи китоби “Таърихи табартақсим” ва собиқ раиси Пажуҳишгоҳи таърих ва бостоншиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон – бар асари сактаи мағзӣ дар 79-солагӣ даргузашт. Ин донишманди шинохта рӯзи 21-уми июн ба шуъбаи эҳёгарии бемористони рақами сеи пойтахт интиқол ёфта буд.
«Ман дар хонаи бачагон дар “детдом” бузург шудаам. Касе набуд, ки дастгирӣ кунад. Ҳамаро бо заҳмати худ ба даст овардам.» Раҳим Масов
Маросими видоъ бо академик Раҳим Масов соати 7-и рӯзи 22-юми июн дар манзилаш, дар пушти Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон, баргузор хоҳад шуд. Сипас ӯро дар оромгоҳи Лучоб, дар канори Муъмин Қаноат ва Бозор Собир, ду шоири маъруфи тоҷик, дафн мекунанд.
Тарҷумаи ҳол:
Академик Масов зодаи ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буда, таҳсили ибтидоиро дар Хонаи бачагони Хоруғ ва Душанбе гирифтааст. Дар соли 1961 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси таърихшинос хатм кард ва дар Академияи илмҳои Тоҷикстон ба кор оғоз намуд.
Аз маъруфтарин таълифоти академик Раҳим Масов китоби “Таърихи табартақсим” мебошад, ки ба гуфтаи донишмандон, гардише дар тафаккури таърихнигории кишвар буд. “Тоҷикон, бо муҳри комилан махфӣ”, “Тоҷикон: фишороварӣ ва ассилимилятсия” ва “Тоҷикон: таърихи фоҷиаи миллат” аз асарҳои дигари машҳури ин донишманд ба шумор мераванд.
Академик Раҳим Масов аз соли 1988 то соли 2015 дар мақоми сарвари Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон кор кардааст. Ӯ соли 2013 сазовори ҷоизаи “Ситораҳои Иттиҳод” гардида буд. Ин ҷоиза соли 2009 аз ҷониби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъсис ёфтааст.


