
Русия Родию Урупои Озодро “маъмури хоричӣ” эълом кард. Бар асоси гузориши сойти Родию Озодӣ, додгоҳи ноҳияи Тверской дар Москов, дирӯз, панҷшанба, панҷуми моҳи жулой, аз масъулони дафтари родию Озодӣ дар Москов, барои риъоят накардани “қонуни матбуъоти ин кишвар” дархости ҷаримаи муъодили 1600 дуллори омрикоӣ кардааст. Чанде пеш дафтари Садои Омрико дар Русия низ бо ҳамин иттиҳом мувоҷеҳ шуда буд.
Бар асоси қонуне ки моҳи нувомбри соли гузашта Влодимир Путин ба тасвиб расонд, тамоми расонаҳое, ки манбаъи молии хориҷӣ доранд, маъмури хоричӣ ъунвон мешаванд. Ин қонун озодии ъамали бисёре аз расонаҳои хориҷиро, дар дохили кишвари Русия бо маҳдудияти зиёде рӯ ба рӯ кардааст.
Том Кент, мудири Родию Урупои Озод, дар робита бо ин иттиҳом ва қонуни мазкур гуфтааст, “ба назар мерасад, ин қонун барои маҳдуд кардани расонаҳое тасвиб шудааст, ки аз ҷониби Кунгураи Омрико сармоягузорӣ мешаванд. Дар ҳоле ки қонуни Омрико ба мо озодии ъамал додааст. Ӯ афзуда, ин қонуни вижа то ҳол ба тавоноии мо дар ҷамъоварии хабар дар дохили Русия асари манфӣ дошта ва кори хабарнигорони моро дар ин кишвар хатарнок мекунад”.
Эҳтимоли ин ки додгоҳи Русия бар асоси ин қонун бар ъалаҳи кормандони расонаҳои хориҷӣ, парвандаи ҷиноӣ боз кунад, болост ва ин вазъият боъиси нигаронии бисёре аз созмонҳои байналмиллалии мудофеъи ҳуқуқи башар ва озодии баён шудааст.


