
Ҳозир ба воситаи телевизиони Самарканд мулокоти мустаким бо мудири идораи таълими вилояти Самарканд, Рустам Йулдошев, намоиш дода шуд.
Бо ду савол ба ӯ муроҷиъат кардам:
1. Бо чанд нафар кӯдак синфи як (синфи точикӣ дар назар буд) кушодан мумкин ва дар ин бобат аз кадом нишондод метавон маълумоте дарёфт?
2. Ҳар сол дар мактабҳо марафони (намоишгоҳи) китоб гузаронида мешавад, ҳуқуқи сарфи маблағи ҷамъшударо чӣ созмоне дорад?
Ба ҳар ду савол ҳам аз оғои Йулдошев ҷавоби қаноъатбахш нагирифтам. Муҷмалии ҷавобҳояш ё аз сарфаҳм нарафтан ба моҳияти савол, ё мусаллаҳ набудан бо қонуну қарорҳои мавҷуди кишвар ва ё сар печидан аз ҷавоби дуруст буд.


