
Маҷмӯъаи мақолоти чеҳраҳои саршиноси Тоҷикистон дар сӯги Мӯмин Қаноъат, шоъири миллии тоҷикон, бо ъунвони “Ба дида нақши рӯйи ту” ба чоп расид. Ин маҷмӯъа як моҳ пас аз даргузашти ин шоъир дар интишороти “Эрграф” дар шаҳри Душанбе мунташир шуд. Мӯмин Қаноъат, аз маъруфтарин шоъирони тоҷик, 18 моҳи Майи соли ҷорӣ, дар 86 солагӣ даргузашт ва дар қабристон Лучоб, канори дигар чеҳраҳои шинохтаи тоҷик ба хок супурда шуд. Ӯ бо достонҳои мавзуни худ байни тоҷикон шинохта ва маъруф аст. Ба хусус, достонҳои “Сурӯши Сталинград”и ӯ дар Иттиҳоди Шӯравӣ таваҷҷӯҳи фарҳангиёнро ҷалб карда буд. Ин достони мавзун ба дифоъи муқаддаси шаҳри Истолинград дар ҳангоми Ҷанги Ҷаҳонии дуввум бахшида шудааст. Ҳамин тавр асарҳои баъдии ӯ, “Мавҷҳои Днепр”, “Тоҷикистон – исми ман”, “Гаҳвораи Сино”, “Масъуднома” ва “Созҳои Шероз” низ бо истиқболи зиёди тоҷикон ҳамроҳ будааст. Мӯмин Қаноъат аз устодони достони мавзун дар Тоҷикистон аст.
Ъунвони ин сӯгнома баргирифта аз манзумаи “Сурӯши Сталинград” аст. Мӯмин Қаноъат навишта буд:
Ба дида нақши рӯйи ту, ба гӯш гуфтугӯи ту,
Ҳанӯз аз димоғи ман, нарафтааст бӯйи ту.
Ба ҷойи дур меравад, дилам ҳамеша сӯйи ту
Шудам калону омадам, кунун ба ҷустуҷӯи ту.
Бародарам, бародарам, бародари ба ҷону дил баробарам…


