Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

شوکت میرضیایف: با همسایگان خود دوستی کنیم – Шавкат Мирзиёев: Бо ҳамсояҳои худ дӯстӣ кунем

golshan by golshan
6 March 2019
in Uncategorized, Матолиби баргузида, Сиёсат, Ҷомеъа
شوکت میرضیایف: با همسایگان خود دوستی کنیم – Шавкат Мирзиёев: Бо ҳамсояҳои худ дӯстӣ кунем

Бар асоси гузориши расонаҳои дохилии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, Абдулло Орифов, нахуствазири Ӯзбекистон, рӯзҳои даҳум ва ёздаҳуми январ дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон хоҳад буд. Ин хабарро дафтари раёсатҷумҳурии Ӯзбекистон низ таъйид кардааст.

Абдулло Орифов, аввалин мақоми баландпояи Ӯзбекистон аст, ки пас аз фурӯпошии шӯравӣ вориди хоки Тоҷикистон мешавад. Нахуствазири Ӯзбекистон дар ин муддат муқадамоти аввалин сафари расмии раёсатҷумҳури Ӯзбекистонро хоҳад чид. Шавкат Мирзиёев, райисҷумҳури Ӯзбекистон барои сафар ба Тоҷикистон эъломи омодагӣ кардааст ва ҳамтои тоҷикистонии ӯ низ аз ин иқдоми ӯ истиқбол кардааст.

Қарор аст ин сафар дар баҳори соли ҷорӣ сурат бигирад ва дар ҳини ин сафар ва дидори ин ду нафари аввал, қарордодҳое дар заминаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ байни ду кишвар ба имзо бирасад.

Шавкат Мирзиёев, дар тӯли ҳукумати худ, аз моҳи декабри соли 2016 то ҳол ба ғайр аз Тоҷикистон, ба бақия кишварҳои иттиҳодияи шӯравӣ сафар дошта ва ҳамкориҳои дуҷонибаро, ки солҳо мутаваққиф буда, аз нав оғоз кардааст.

Оғои Мирзиёев барнома дорад, ки баҳори имсол, дар аввалин сафари расмии худ ба Тоҷикистон мавзӯъҳои баҳсбарангези марзӣ ва табодули барқу оби байни ин ду кишвари ҳамсоя низ баррасӣ бишаванд ва “қарордодҳои калони дигаре” низ ба имзо бирасанд. Коршиносони сиёсии ҳар ду кишвар низ мунтазиранд, ки ин мавзӯъ ки солҳо боъиси сӯйитафоҳум байни ин ду кишвар буда, барои ҳамеша ҳаллу фасл бишавад.

Панҷуми моҳи январ дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси Олӣ дар шаҳри Тошканд, Шавкат Мирзиёев, райисҷумҳури Ӯзбекистон гуфт: “Нахуствазир барои омодасозии шароити сафари ман ба Тоҷикистон меравад ва бо ҳамтои худ ва ҳам нафари аввали Тоҷикистон дидор хоҳад кард, мо аз қабл тавофуқ кардаем бо Тоҷикистон, ки роҳи оҳан ва табодули нерӯи барқӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барқарор бишавад”.

Видеои ин гуфтаҳои Шавкат Мирзиёев дар шабакаҳои иҷтимоъӣ даст ба дасти шаҳрвандони ин ду кишвари ҳамсоя мегардад. Дар ин видео Шавкат Мирзиёев ҳамин тавр мегӯяд: “Мо бояд бо ҳамсоягони худ ҳамсоявор зиндагонӣ кунем”. Ин гуфтаи ӯро бисёреҳо интиқод аз солҳои қатъи равобит дар даврони ҳукумати Ислом Каримов маънӣ кардаанд.

Дар тӯли раёсати Ислом Каримов, ки беш аз се даҳа тӯл кашид, ҳеч навъ равобити дӯстона байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мушоҳида намешуд. Ҳол Шавкат Мирзиёев тасмим дорад аз ин баъд “бо ҳамсояҳои худ дӯстӣ кунад”.

Аз сӯи дигар мунтақидон мегӯянд ин равобити дӯстона ва табодули барқ, гоз ва об дар ин моҳҳои сарди зимистон, замоне ки шаҳрвандони ҳар ду кишвар аз камбуди ин манобеъ ранҷ мебаранд, барқарор гардад ва то баҳор набояд мунтазир монд.

 

بر اساس گزارش رسانه‌های داخلی تاجیکستان و ازبکستان، عبدالله عارف‌اف، نخست‌وزیر ازبکستان، روزهای دهم و یازدهم ژانویه در دوشنبه، پایتخت تاجیکستان خواهد بود. این خبر را دفتر ریاست‌جمهوری ازبکستان نیز تایید کرده است.

عبدالله عارف‌اف، اولین مقام بلندپایه ازبکستان است که پس از فروپاشی شوروی وارد خاک تاجیکستان می‌شود. نخست‌وزیر ازبکستان در این مدت مقدمات اولین سفر رسمی رئیس‌جمهور ازبکستان را خواهد چید. شوکت میرضیایف، رئیس‌جمهور ازبکستان برای سفر به تاجیکستان اعلام آمادگی کرده است و همتای تاجیکستانی او نیز از این اقدام او استقبال کرده است.

قرار است این سفر در بهار سال جاری صورت بگیرد و در حین سفر و دیدار این دو نفر اول قراردادهایی در زمینه همکاری‌های اقتصادی و تجاری بین دو کشور به امضا برسد.

شوکت میرضیایف، در طول حکومت خود، از ماه دسامبر سال ۲۰۱۶ تا حال به غیر از تاجیکستان، به بقیه کشورهای سابق اتحادیه شوروی سفر رسمی داشته و همکاری‌های دوجانبه را که سال‌ها متوقف بوده از نو آغاز کرده است.

آقای میرضیایف برنامه دارد بهار امسال، در اولین سفر رسمی خود به تاجیکستان موضوع‌های بحث‌برانگیز مرزی و تبادل برق و آب بین این دو کشور همسایه نیز بررسی بشود و «قراردادهای کلان دیگری» نیز به امضا برسند.
کارشناسان سیاسی هر دو کشور امید دارند که این موضوع که سال‌ها باعث سوءتفاهم بین این دو کشور بوده، برای همیشه حل و فصل بشود.

پنجم ماه ژانویه در جلسه نوبتی مجلس عالی در شهر تاشکند، شوکت میرضیایف، رئیس‌جمهور ازبکستان گفت: «نخست‌وزیر برای آماده‌سازی شرایط سفر من به تاجیکستان می‌رود و با همتای خود و هم نفر اول تاجیکستان دیدار خواهد کرد و ما از قبل توافق کرده‌ایم با تاجیکستان که راه آهن و تبادل نیروی برقی بین تاجیکستان و ازبکستان برقرار بشود.»

ویدیوی این گفته‌های شوکت میرضیایف در شبکه‌های اجتماعی دست به دست شهروندان این دو کشور همسایه می‌گردد. در این ویدیو شوکت میرضیایف همین‌طور می‌گوید: «ما باید با همسایگان خود همسایه‌وار زندگانی کنیم.» این گفته او را بسیاری‌ها انتقاد از سال‌های قطع روابط در دوران حکومت اسلام کریموف معنی کرده‌اند.
در طول ریاست اسلام کریموف که بیش از سه دهه طول کشید، هیچ نوع روابط دوستانه بین تاجیکستان و ازبکستان مشاهده نمی‌شد. حال شوکت میرضیایف تصمیم دارد از این بعد «با همسایه‌های خود دوستی کند».
از سوی دیگر منتقدان می‌گویند این روابط دوستانه و تبادل برق، گاز و آب در این ماه‌های سرد زمستان، زمانی که شهروندان هر دو کشور از کمبود این منابع رنج می‌برند؟ برقرار گردد و تا بهار نباید منتظر ماند.

Tags: СиёсатТоҷикистонӮзбекистонҳамсоягонШавкат Мизиёевازبکستانتاجیکتاجیکستانسیریلیک

Related Posts

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом
Сиёсат

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом

5 November 2019
Аъзами Толиқонӣ: Ҳалқаи пайванди феминистҳои секулору мазҳабӣ
Women

Аъзами Толиқонӣ: Ҳалқаи пайванди феминистҳои секулору мазҳабӣ

5 November 2019
Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?
Women

Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?

1 November 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо