Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

Стивен Ҳокинг, яке аз донишмандони даврони мо, даргузашт

golshan by golshan
19 February 2019
in Uncategorized

Ба гузориши Sky News 14 март, Стивен Ҳокинг, физикдон, назарияпардоз ва кайҳоншиноси маъруфи англис пас аз чиҳил соли фаъолияти илмӣ ва таҳқиқотӣ даргузашт.


Фарзандони Стивен Ҳокинг дар баёнияе бо таъйиди ин хабар эълом карданд падарашон дар 76 солагӣ дар аввалҳои рӯзи чоршанбе дар манзили шахсиаш дар Кембриҷ даргузашт.

Дар баёнияи онҳо омадааст: «Падари дӯстдоштании мо имрӯз даргузашт. Мо ӯро барои ҳамеша аз даст додем».

Ҳокинг дар соли 1942 дар Англия ба дунё омад. Вай физикдони назарӣ, кайҳоншинос, нависанда ва мудири таҳқиқоти Маркази кайҳоншиносии назарӣ дар донишгоҳӣ Кембриҷ буд. Ин физикдон ва кайҳоншиноси машҳури ҷаҳон дар соли 1963 ба бемории “склерози ҷонибии амиотрофӣ” ё хоби андом мубтало шуд ва тавоноии ҳаракат додани андомҳои худ ва ҳатто сухан гуфтанро аз даст дод.

Идомаи зиндагии вай аз дидгоҳи пизишкон як шигифте ба ҳисоб меомад, зеро афроди мубтало ба ин бемории хос маъмулан пас аз муддати кӯтоҳе фавт мекунанд. Ин беморӣ рафта рафта тамоми бадани ӯро дар бар гирифт. Бо ин ҳоли маълулияти шадид вай монеъе барои талош ва кӯшиш дар ростои фарогирӣ ва пешбурди илм набуд. Алорағми маълулияти шадид, вай муваффақ ба касби ҷоизаҳои илмии мухталифе шуд…

Tags: Стивен ҲокингТрибуни Замона

Related Posts

Пулиси Ҳуланд: Тирандози Утрехт дастгир шуд
Uncategorized

Пулиси Ҳуланд: Тирандози Утрехт дастгир шуд

19 March 2019
Uncategorized

Заҳро Ҳусайнӣ: барои мубориза бо озори ҷинсии занони варзишкори афғон пустҳои мудириятиро ба онҳо биспоред

19 February 2019
Uncategorized

Барои нахустин бор як зан ба муъовинати Вазорати дохилаи Афғонистон мансуб шуд

19 February 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо