Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

Бозӣ бо аждаҳои хуфта ё шурӯъи тиҷорати оби кӯли Сарез

golshan by golshan
19 February 2019
in Uncategorized

Қарор аст ки оби кӯл ё дарёчаи Сарез бо ҳамкории як ширкати чинӣ ба бозор ъарза шавад. Дарёчаи Сарез бузургтарин кӯли оби ширин дар Тоҷикистон аст, ки 117 сол қабл бар асари заминларза ба вуҷуд омадааст. Расонаҳои дохилии Тоҷикистон гузориш додаанд, ки ширкати тиҷории Ориёнбанки Тоҷикистон бо ширкате чинӣ мавсум ба “Heaven Springs Dynasty Harvest Group” қарордодеро имзо кардаанд, ки бар асоси он оби кӯли Сарез ба бозори байналмиллалӣ ироъа хоҳад шуд. 

سد اُسای در ناحیه روشان بدخشان تاجیکستان Садди Усой ва кӯли Сарез

Ин барномаи тиҷориро кишвари Тоҷикистон солҳост пайгирӣ мекарда ва тавофуқҳои қаблӣ бо кишварҳои ъарабӣ ва Эрон ба натиҷа нарасидааст. Ҳол ширкати ҷинӣ ин фурсатро дорад, ки оби кӯли Сарезро ба ъунвони оби нӯшиданӣ ба кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон ва дигар кишварҳои хориҷӣ бифрушад. 

Коршиносони муддатҳост ибрози нигаронӣ мекунанд, ки мумкин аст оби ин кӯл бо заминларзае ба сурати селоб сарозер шавад ва кишварҳои ҳамсояро низ дар маърази хатар қарор диҳад.  

Кӯли Сарез моҳи феврияи соли 1911 дар натиҷаи фурӯрехтани кӯҳ бар рӯди Мурғоб ва рустои Усой, эҷод шудааст. Бар асари ин фоҷеъаи табиъӣ 57 тан аз сокинони Усой ҷони худро аз даст додаанд. Пасларзаҳои ин заминларза дар кишвари ҳамсояи Афғонистон низ қурбониҳои зиёде ба ҷо гузошт. Бар асоси гузоришҳои мавҷуд беш аз ҳазор нафар дар маҷмӯъ ҷони худро аз даст доданд. Кӯли Сарез аз он замон то ҳол таҳти назорати коршиносони маҳаллӣ аст ва беш аз як қарн аст ки ин дарёчаи маҳсуршуда, боъиси нигаронии мардуми минтақа боқӣ мондааст. 

Кӯли Сарез дар ноҳияи Рушони Бадахшони Кӯҳии Тоҷикистон воқеъ аст ва баландии ин кӯли табиъӣ аз тарози дарё 2200 метр аст. Дарозои ин садди табиъӣ 62 килуметр, паҳнояш 3.3 килуметр ва жарфояш то 500 метр аст. Ҳаҷми оби он 17 миллиюн метри мукаъаб ва вазнаш ҳудудан 19 миллюн тун баровард шудааст. 

 Ъолимони табиъатшиноси Тоҷикиситон мӯътақиданд ки се ъомил метавонад ба ин садди табиъӣ рахна ворид кунад: заминларза, афзоиши сатҳи оби кӯл ва фурӯрехтани кӯҳпораҳои атроф. Кӯли Сарезро мардуми маҳаллӣ “аждаҳои хуфта” меноманд ва коршиносон пешбинӣ кардаанд, ки дар сурати эҷоди рахна дар ин садд, мумкин аст, ки дар муддати 12 соъат бахшҳои зиёде аз Тоҷикистон, Афғонистон ва Туркманистон зери об бимонад.

Нигаронии бисёре аз мардуми маҳаллӣ бо иттилоъ аз қарордоди ҷадид ва сохтани корхона дар атрофи кӯли Сарез афзудааст. Ба гуфтаи онҳо ҳар гуна ҳаракат ё ворид кардани худравҳои сангин ва сохтани ҷоддаҳои ҷадид, эҳтимоли эҷоди рахна дар садд ва фурӯрехтани оби кӯли Сарезро боло хоҳад бурд. 

 

Tags: Аждаҳои хуфтаБадахшони КӯҳӣСарезТрибуни ЗамонаУсойШаҳзода Самарқандӣ

Related Posts

Пулиси Ҳуланд: Тирандози Утрехт дастгир шуд
Uncategorized

Пулиси Ҳуланд: Тирандози Утрехт дастгир шуд

19 March 2019
Uncategorized

Заҳро Ҳусайнӣ: барои мубориза бо озори ҷинсии занони варзишкори афғон пустҳои мудириятиро ба онҳо биспоред

19 February 2019
Uncategorized

Барои нахустин бор як зан ба муъовинати Вазорати дохилаи Афғонистон мансуб шуд

19 February 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо