Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

Дар базми дӯстии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон барои ҳақгӯён ҷое набуд

golshan by golshan
19 February 2019
in Uncategorized

این مطلب را با خط فارسی می‌توانید در اینجا بخوانید.

پس از مراسم اعطای جایزه

Чанд рӯз аст, ки дарёфти нишони шарафи чанд тан аз тоҷикони Ӯзбекистон аз дасти раисҷумҳур Имомалӣ Раҳмон мавриди баҳсу гуфтугӯи байни тоҷикон шудааст, гарчи на касе ба дарёфткунандагони ин нишон табрик мегӯяд ва на касе ибрози хушҳолӣ мекунад.

Пас аз се даҳаи дурӣ ҳол бо бар сари кор омадани раисҷумҳури ҷадиди Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев равобити байни ду кишвари ҳамсоя – Ӯзбекистон ва Тоҷикистон гарм шуда ва ба ин муносибат Имомалӣ  Раҳмон дар посух ба сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе ба Ӯзбекистон сафар кард ва бо маросими густурдае аз ӯ пазироӣ шуд.

Дар ҳошияи ин сафар  Имомалӣ Раҳмон ба Абдулло Орифов-нахусвазири Ӯзбекистон, Абдулазиз Комилов- вазир умури хориҷаи Ӯзбекистон нишони дараҷаи II «Исмоили Сомонӣ» ато карду ба Шавкат Ҳамроев-вазири мудирияти оби Ӯзбекистон нишони «Шараф» до два ба Зокирҷон Алматов – мушовири вазири дохилаи Ӯзбекистон, Абдуваҳоб Воҳидов-мудири маркази фарҳангии тоҷикони Самарқанд, Исмоил Ҷӯраев-мушовири вазири оби Ӯзбекистон, Тӯхтамиш Тӯхтаев-мурвини муҳаррири рӯзномаи «Овози тоҷик» ва Таваккал Чориев- профессори бахши ибтидоии Донишгоҳи давлатии Бухоро нишони «Дӯстӣ» дод.

Байни ин ҳама асомӣ чанд тан аз тоҷикони Ӯзбекистон ҳастанд, ки яке аз онҳо Абдуваҳоб Воҳидов, мудири маркази тозатаъсиси тоҷикони Самарқанд аст. Исми ӯ боиси баҳсу гуфтугӯҳои тоҷикони Самарқанд шуда аст. Дар номаҳои хусусие, ки таҳририяти «Замона» аз Самарқанд дарёфт кард, аз вазъияти норавшани маркази фарҳангии тоҷикон дар Самарқанд навишта шудааст. Дар яке аз ин номаҳо оварда шудааст, ки садои эътирози мардуми бумии Самарқанд бо дарёфти нишони «Дӯсттӣ»-и мудири кунунии маркази фарҳангии Самарқанд фурӯкаш аст.

 Дар Самарқанд аз солҳои фурӯпошии шӯравӣ то ҳол баҳсҳои густурдае перомуни маркази фарҳангӣ вуҷуд дорад. Маркази фарҳангии аслии тоҷикони Самарқанд бо мудирияти Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ беш аз чор даҳа фаъолият мекард, аммо бо фишорҳои ҳукумати Ислом Каримов баста шуд ва бинои ин марказ таҳриб шуда ва Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ аз он марказ ба иҷбор ронда, ба манзили бародараш кӯчонида шуд.

Барои хобондани баҳсу талошҳои мардуми пешгоми Самарқанд мақомоти маҳаллӣ дар даврони Каримов маркази ҷадидеро бо роҳбарияти Абдуваҳоб Воҳидов таъсис кард, ки тоҷикони маҳаллӣ на аз фаъолиятҳои ин марказ огоҳӣ доранд ва на аз фаъолиятҳои ин марказ бархурдор ҳастанд. Фаъолиятҳои ин марказ чизе беш аз баргузории баргузории консерту пазироӣ аз меҳмонони давлатӣ набудааст ва танҳо боъис шуда, ки тоҷикон дигар имкони барқарор кардани маркази фарҳангии воқеӣ ва мустақиле бо табъи дили худро надошта бошанд. Талошҳое барои роҳандозии марказ бо ин истидлол, ки «тоҷикон маркази фарҳангӣ доранд», саркӯб шуда ва бенатиҷа мондааст.

Ҳоло дарёфти ҷоизаи «Дӯстӣ»-и мудири ин маркази давлат сохтаи тоҷикон боъиси нигаронии тоҷикони Самарқанд шуда, ки чӣ басо ҳукумати ҷадид низ қарор дорад, идомаи сиёсатҳои даврони Каримовро бигирад ва тағйири асосие дар вазъи тоҷикони Самарқанд анҷом надиҳад.

Маркази фарҳангии собиқи тоҷикони Самарқанд маҳалле барои маснавихонӣ, ҷамъомадҳои донишҷӯён ва баргузориҳои шабҳои шеъру достонхонӣ буд, ки маркази ҷадид аз ин навъ фаъолиятҳо фарсахҳо дур аст ва бо меъёри донишу ангезаҳои Абдуваҳоб Воҳидов  қарор нест дар ояндаи дур низ ба чунин маҳалле табдил бишавад, ки тоҷиконро муттаҳид созад ва дар рушду пайванди тоҷикони Самарқанд бо дигар ҳавзаҳои фарҳангии тоҷикон дар дигар шаҳрҳои тоҷикнишини Ӯзбекистон ва фаротар аз он кӯмаки кор бишавад.

 Аз назари мардуми тоҷики Самарқанд, аз миёни аҳли қалам ва фарҳангу иқдом дар ин шаҳр чанд нафар, ки сазовори нишони шараф ва ҳар гуна нишон қадрдонӣ дигаронанд, яъне Ҳаёт Немати Самарқандӣ, шоир ва тазкиранавис, дигаре Амина Шарофиддинова – фаъоли иҷтимоъӣ ва низ Адаш Истад,  нависанда ва рӯзноманигор, Садрӣ Саъдиев, профессор ва устоди донишгоҳ, ки дар солҳои сахти Каримов таҳти фишор ва таҳдидҳои зиёд аз фаъолият барои фарҳангу Ватан даст накашиданд ва ҳамчунон бидуни ҳеҷ чашмдошт ба фаъолияти худ идома медиҳанд.

Чунин қадрдониҳои бидуни далел қадру арзиши нишони кишвари Тоҷикистонро поин мебарад ва боъиси аз даст рафтани эътимоди мардум хоҳад шуд. Аммо гузушта аз аътои нишон ба ин ва он, аз Имомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев интизор меравад, ки ба ҷои аътои нишонҳои аҷру қадрдонӣ, дари зиндонҳои кишварро боз кунанд ва ононро, ки бидуни додрасии мунсифона бо иттиҳомҳои беасосе солҳост, ки дар боздошт ба сар мебаранд, озод кунанд. Дар зиндонҳои Ӯзбекистон ҳанӯз афроди зиёде дар селулҳои инфиродӣ нишастаанд, ки ҷурмашон танҳо сафар ба Тоҷикистон будааст. Онҳое, ки дар даврони ҳукумати Каримов ба Тоҷикистон сафар кардаанд, таҳти шиканҷа ҷурмҳои муртакибнашудаеро эътироф кардаанд ва ҳол дар боздошт ба сар мебаранд.

Аз Имомалӣ Раҳмон интизор аст, ки парвандаи ин афродро матраҳ созад ва агар муҷрим ҳастанд, ъаланӣ эълом бишавад ва агар ҷурме муртакиб нашудаанд, онҳоро озод кунанд. Ин иқдом агар сурат бигирад, тоҷикони Ӯзбекистон низ бидуни тарс ва бо дили сабук ба Тоҷикистон сафар хоҳанд кард ва парвозҳои ҳавоӣ, ки байни ин ду кишвар ба роҳ афтода, аз ду сӯ пур хоҳанд рафт ва пур хоҳанд омад. Дар ҳоли ҳозир танҳо тоҷикони Тоҷикистон ба Ӯзбекистон парвоз мекунанд, аммо аз сӯи дигар тоҷикони Ӯзбекистон ҳамчунон дар тарсу нобоварӣ ба сар мебаранд, ки дар бозгашт бо ҷурми ҷосусӣ, ё ба қавли маҳаллӣ «миллатпарастӣ» сар аз зиндонҳои Ӯзбекистон дар наёваранд.

Он вақт мешавад гуфт, ки дӯстии воқеъии ин ду кишвар барқарор шудааст. То он мавқеъ ин нишони ифтихор доданҳо таъсире нахоҳад дошт ва танҳо дар таъйиди тардидҳои мардум кӯмак хоҳад кард, ки тағйире дар батни сиёсатҳои ин ду кишвар сурат нагирифтааст. Шоиру нависандагони ҳар ду кишвар ҳамчунон аз ҷашнҳо ва маросимҳои давлатӣ дуранд ва садову тасвирашон дар расонаҳо мамнӯъ аст. Чунонки маросимҳое, ки ҳар ду кишвар барои таҷлил аз гармии равобити байни худ оростаанд, ҷое барои шоиру нависандагони ҳақгӯи тоҷику ӯзбек надошт.

Оё ҳанӯз роҳбарони ин ду кишвар аз ҳақиқату забони ростгӯ метарсанд? Агар на, чаро дарҳои озодии баён ҳамчунон ба рӯи озодандешон баста аст ва мағзҳои мутафаккири ҳар ду кишвар берун аз маросимҳо ва берун аз марзҳо мондаанд?  

Tags: ТрибуниТрибуни Замонаازبکستانتاجیکستانشهزاده سمرقندی

Related Posts

Пулиси Ҳуланд: Тирандози Утрехт дастгир шуд
Uncategorized

Пулиси Ҳуланд: Тирандози Утрехт дастгир шуд

19 March 2019
Uncategorized

Заҳро Ҳусайнӣ: барои мубориза бо озори ҷинсии занони варзишкори афғон пустҳои мудириятиро ба онҳо биспоред

19 February 2019
Uncategorized

Барои нахустин бор як зан ба муъовинати Вазорати дохилаи Афғонистон мансуб шуд

19 February 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо