Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

Сафари намояндаи Путин ба Теҳрон ва пуштибонии Русия аз Эрон

golshan by golshan
19 February 2019
in Uncategorized

الکساندر لاورنتیف، نماینده ویژه پوتین در امور سوریه به تهران سفر کرده تا هم اعلام حمایت روسیه از جمهوری اسلامی در برابر تحریم‌های آمریکا را ابلاغ کند و هم نتایج دیدار چهارجانبه استانبول درباره سوریه را در اختیار جمهوری اسلامی قرار دهد. میخائیل اولیانوف، نماینده روسیه در آژانس بین‌المللی انرژی اتمی نیز از ایران خواسته تا در ارتباط با تحریم‌های آمریکا خویشتن‌داری کند.

برای خواندن این مطلب با خط فارسی، لطفا به اینجا مراجعه کنید.

Алӣ Шамхонӣ, намояндаи раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ ва дабири Шӯрои Олии Амнияти Миллӣ ва Александр Лаврентев, намояндаи вежаи Путин дар умури Сурия

Александр Лаврентев, намояндаи вижаи Путин дар умури Сурия, ба Теҳрон сафар карда, то ҳам эъломи ҳимояти Русия аз Ҷумҳурии Исломӣ дар баробари таҳримҳои Амрикоро иблоғ кунад ва ҳам натоиҷи дидори чаҳорҷонибаи Истонбул дар баробари Сурияро дар ихтиёри Ҷумҳурии Исломӣ қарор диҳад.

Александр Лаврентев, рӯзи 14-и обон (5-ноябр) вориди Теҳрон шуд ва бо Алии Шамсӣ, намояндаи раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ ва дабири Шӯрои олии амнияти миллӣ дидор кард. Ӯ гуфт: “бо дастури Владимр Путин раисҷумҳури Русия барои иҷрои ду маъмурияти шомили эъломи ҳимояти қотеъ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон дар баробари таҳримҳои ғайриқонунии Амрико, ки даври дуввуми он аз дирӯз оғоз шуда ва ироаи гузориш аз иҷлоси чаҳорҷонибаи Русия, Туркия, Олмон ва Фаронса дар мавриди Сурия, ки дар шаҳри Истонбул баргузор шуд, сафар кардаам.»

Раҳбарони Олмон, Фаронса, Русия ва Туркия рӯзи 5-и обонмоҳ  (27-октябр) дар Истонбул гирд омаданд, то дар бораи сулҳ дар Сурия ба гуфтугӯ бинишинанд. Онҳо эълом карданд, ки аз фароянди сулҳи таҳти назорати Созмони Милал ва низ аз талошҳо барои навиштани як қонуни асосии нав дифоъ мекунанд.

Алии Шамсӣ дар дидор бо намояндаи вижаи Путин таҳримҳои Амрико алайҳи Эронро мӯҷиби эҷоди фурсатҳои мутааддид “барои поён додан ба рафторҳои зӯргӯёнаи Амрико” донист ва гуфт: « чунин иқдомоте “инзиво”- и бештари Амрико дар ҷомеъаи ҷаҳониро нишон медиҳад.»

Даври дуввуми таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон, ки ба таври вижа содироти нафти Ҷумҳурии Исломӣ ва табодулоти бонкиро шомил мешавад, аз рӯзи душанбе ба иҷро гузошта шуд.

Александр Лаврентев эълом кард, ки Маскав худро “мутаъаҳҳид ба пуштибонӣ аз тавофуқҳои байналмиллалӣ дониста ва бар иҷтиноби кишварҳо аз абзорҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ барои таҳмили иродаи сиёсӣ ба кишварҳои дигар” таъкид дорад.

Дар ҳамин ҳол, Михаил Улянов, намояндаи Русия дар ожонси байналмиллалии Энержии Атомӣ низ гуфтааст, ки таҳримҳои ҷадиди Амрико алайҳи Эрон асари манфии бисёре бар паймони манъи густариши паймони адами ашоъаи ҳастаӣ ва бозори ҷаҳонии маводди ҳидрукарбонӣ хоҳад шуд.

Ӯ ба хабаргузории Интерфакс гуфт, Эрон тавофуқи ҳастаии «Барҷом»-ро риъоят карда ва  кӯчактарин иллате барои афзоиши фишори иқтисодӣ ба Эрон вуҷуд надорад.

Улянов афзуд, Русия бо ҳамкории Чин, Бритониё, Фаронса ва Олмон талошҳои худро ба харҷ хоҳад дод, то аз иҷрои пойдор ва муассири Барҷом итминон ҳосил кунад.

Ӯ бо таъкид бар ин ки “таҳримҳои Амрико иҷрои Барҷомро печидатар мекунад” аз Эрон хост хештандорӣ кунад ва дар муқобила бо ин таҳримҳои Амрико иқдоми тунде анҷом надиҳад.

Хуо Чунин, сухангӯи расмии Вазорати умури хориҷаи Чин, низ рӯзи душанбе ба таҳримҳои ҷадиди Амрико алайҳи Эрон ибрози таассуф кард ва гуфт, Пекин дар оянда низ барои ҳифзи Барҷом талош хоҳад кард.

Ӯ аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ хост, то мухолифати худро бо таҳримҳои Амрико иброз кунанд.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Чин афзуд: “Иҷрои Барҷом ба ҳифзи режими ҷаҳонӣ, адами густариши силоҳи ҳастаӣ ва барқарории сулҳ дар Ховари Миёна кӯмак мекунад ва бо манофеи ҷомеаи ҷаҳонӣ мунтабиқ аст.”

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон, субҳи душанбе дар бораи таҳримҳои ҷадиди Амрико гуфта буд: “Аз тахаллуфоти Амрико намегузарем ва дар баробари онҳо меистем, аммо дар айни ҳол ҳавосамон ҷамъ аст, ки бояд чи гуна аз ин фазои ба вуҷуд омада баҳрабардорӣ кунем.”

 

Tags: Александр Лаврентеврусиятаҳримҳои ҷадид Омрико ъалайҳи ЭронЭрон

Related Posts

Пулиси Ҳуланд: Тирандози Утрехт дастгир шуд
Uncategorized

Пулиси Ҳуланд: Тирандози Утрехт дастгир шуд

19 March 2019
Uncategorized

Заҳро Ҳусайнӣ: барои мубориза бо озори ҷинсии занони варзишкори афғон пустҳои мудириятиро ба онҳо биспоред

19 February 2019
Uncategorized

Барои нахустин бор як зан ба муъовинати Вазорати дохилаи Афғонистон мансуб шуд

19 February 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо