Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

Яке аз шаш чархаи нерӯгоҳи “Роғун” фаъол шуд – Голерии акс

golshan by golshan
19 February 2019
in Uncategorized

جشن دیرپای تاجیکان امروز، ۱۶ ماه نوامبر صورت گرفت: یکی از شش چرخه نیروگاه راغون به کار شروع کرد.
قرار است ماه آوریل سال آینده چرخه دوم نیروگاه راغون فعال بشود. در صورت فعال شدن هر شش چرخه این نیروگاه، تاجیکستان توانایی تامین آب و برق کل منطقه آسیای میانه، بخشی از افغانستان و پاکستان را می‌تواند به عهده بگیرد. ساختمان راغون با همکاری شرکت ایتالیایی Salini Impregilo تابستان سال ۲۰۱۶ شروع شده است. قبل از این روسیه، ایران، چین و دیگر کشورهای غربی تلاش کردند در ساختمان نیروگاه راغون سهم بگیرند اما توافق‌های آنها با دولت تاجیکستان به جایی نرسید.
این روز را مردم تاجیکستان به عنوان روز شادکامی ملی عنوان کردند و نماینده شرکت ایتالیایی، نیروگاه راغون را «شاهکار تکنولاژی» خواند.
نیروگاه راغون یکی از دست‌آوردهای مهم کشورهای تاجیکستان پس از فروپاشی شوروی است.

Яке аз шаш чархаи нерӯгоҳи “Роғун” фаъол шуд. Аз маросими ифтитоҳии ин рӯйдод мардуми Тоҷикистон бо шодмонӣ истиқбол карданд.

Шабакаҳои телевизиюнии Тоҷикистон маросими ифтитоҳияро ба таври зинда пахш карданд ва ин барнома дар шабакаҳои иҷтимоъӣ ба таври густарда ҳамрасонӣ шуд. Дар ин маросим мақомҳои баландпояи кишварҳои ғарбиву ҳамсоя суханронӣ карданд ва ба аҳаммияти ин нерӯгоҳ ишора карданд ва онро “шоҳкори текнулужӣ” ва “натиҷаи барқарории дӯстӣ ва нерӯи ҳамаи кишварҳои ҳамсоя” хонданд.

Нерӯгоҳи “Роғун” дар сурати комил фаъол шудан тавоноии таъмини об ва барқ барои кулли Осиёи Миёна, бахше аз Афғонистон ва Покистонро дорост.

Сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” аз тобистони соли 2016 бо ҳамкории ширкати  итолиёии Salini Impregilo шурӯъ шуд. Тибқи ваъдае, ки Эмомалии Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дод, чархаи дувуми он моҳи апрели соли оянда фаъол хоҳад шуд.

Гуфта шуда, ки барои кулли сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” ва фаъол кардани ҳар шаш чархаи он ҳудуди 3,9 милёрд дулори омрикоӣ харҷ хоҳад шуд. Ин маблағ дар қарордоди имзошуда байни давлати Тоҷикистон ва ширкати Salini Impregilo зикр шудааст.

Голерии акс аз пахши зинда ва маросими ифтитоҳии аввалин чархаи нерӯгоҳи “Роғун”:аз пахши зинда ва маросими ифтитоҳии аввалин чархаи Нерӯгоҳи Роғун:

گزارش کوتاه تصویری از این مراسم را می‌توانید در اینجا ببینید.

Tags: Salini Impregiloнерӯгоҳи “Роғун”Тоҷикистон

Related Posts

Пулиси Ҳуланд: Тирандози Утрехт дастгир шуд
Uncategorized

Пулиси Ҳуланд: Тирандози Утрехт дастгир шуд

19 March 2019
Uncategorized

Заҳро Ҳусайнӣ: барои мубориза бо озори ҷинсии занони варзишкори афғон пустҳои мудириятиро ба онҳо биспоред

19 February 2019
Uncategorized

Барои нахустин бор як зан ба муъовинати Вазорати дохилаи Афғонистон мансуб шуд

19 February 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо