شب ادبی طالب شهیدی، آهنگساز معروف تاجیک در مسکو، ۱۸ ماه نوامبر، روز شنبه، برگزار شد.

Шаби ҳунарии Толиби Шаҳидӣ, оҳангсози маъруфи тоҷик, рӯзи якшанбеи 18 ноябр дар толори филҳормунии Маскав бо барномерезии Вазорати фарҳанги Русия баргузор шуд.
Ин шаби оҳангу суруди клосик бо ҳузуру ҳамроҳии Анна Аглатова, таковозхони “Болшой театр”, теотри бузурги Русия, Ида Каплан, Вазген Вартанян, Екатерина Иванова, Маргарита Петросян, навозандагони шинохтаи фортепиёну, ва Игор Фёдоров, навозандаи клорнет, баргузор шуд.
Толиби Шаҳидӣ, фарзанди Зиёдуллоҳи Шаҳидӣ, аз оҳангсозони маъруфи тоҷик, соли 1946 дар шаҳри Душанбе ба дунё омад. Ӯ барандаи чандин ҷоизаи муътабари ҳунарӣ дар Тоҷикистон ва Шӯравии собиқ аст.

Аз ин оҳангсози саршинос то ҳол осори мутаъадиде дар хазинаи ҳунари Вазорати фарҳанги Тоҷикистон вуҷуд дорад, ки аз ҷумла мешавад ба болеҳои «Спитамен» (1975), «Марги судхӯр» (1978), «Хотираи дил» (1981), «Юсуф ва Зулайхо» (1989), «Сиёвуш» (1992) ва филм-болеи «Рубоиёти Хайём» (1980) ишора кард. Упероҳои ӯ монанди «Ҳифзкунандаи оташ» (1987), «Амир Исмоил» (1999), упероҳое барои кӯдакон, монанди «Бинӣ-Котула» (1989), «Халиф Лаклак» (1990), «Зани зебо ва ғӯл» (1992) низ аз осори мондагории ҳунарии ӯ ҳастанд.
Толиби Шаҳидӣ айни ҳол ҳамроҳ бо ҳамсараш, Гулсифати Шаҳидӣ, ки аз нивисандагони пуркори тоҷик аст, байни шаҳрҳои Душанбе, Маскав ва Ландан мураттаб дар рафтуомад ҳастанд ва дар ин шаҳрҳо кору зиндагӣ мекунанд.


