Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

Тамошои ройгони филми “Соъати панҷи субҳ буд” сохтаи Мустафо Ҳеравӣ

golshan by golshan
6 March 2019
in Human rights, Video, Women, Сиёсат, Фарҳанг, Ҷомеъа
Тамошои ройгони филми “Соъати панҷи субҳ буд” сохтаи Мустафо Ҳеравӣ

 

Матни суханронии Ренека фон Сантен, мудири ичроии бунёди расонаии Замона дар Холланд, дар мехмонии Замона дар торихи 9 новембери соли 2018 дар Амстердам, дар хошияи пахши филми “Соъати панҷи субҳ буд” филме, ки Мустафо Херави, филмсози эронии мукими Холанд, бо пуштибонии молии Замона сохта аст.

Мехостам бо суол шурӯъ кунам: Соъати панҷи субҳ чи иттифоқе меуфтад? Соъати панҷи субҳ дар Эрон чи иттифоқе меуфтад? Имшаб инҷо бо ҳам ҳастем, то шаби зебое дошта бошем ва аз ҳунар ва озодӣ таҷлил кунем. Баъзе аз шумо хабар доред, ки мо дар Замона медонем чи тур меҳмонӣ ва ҷашн баргузор кунем. Ҳамон тур ки худатон мебинед ва тибқи интизороте, ки аз мо доред, маъмурияте ҳам дорем ва қиссае барои гуфтан.

Соъат панҷи субҳ буд. Ва ӯ ба худаш омаду мутаваҷҷеҳ шуд, ки дар як клос дар як мадрасаи ибтидоӣ охири тобистони 58 дар Аҳвоз дар ҷануби Эрон буд. Он замон ӯ як духтари донишомӯзи 8 ё 9-сола набуд. На, 25 сол дошт, ки дастгир шуд ва ба хотири боварҳояш дар мавриди озодӣ ва демукросӣ ба зиндон уфтод. Ҳафт моҳ баъд аз инқилоби 57 (инқилоби исломии 1979) буд ва ӯ то онҷо фаъолона барои озодӣ ва ҳуқуқи баробар ҷангида буд. Аммо хушҳолӣ барои ин тағйире, ки муддатҳо буд орзӯяшро дошт, давом наовард ва басуръат ҷояшро чизи дигаре гирифт. Табъан аввалин қурбониён (дар он солҳо) занон буданд. Дар як чашм ба ҳам задан диданд, ки ҳуқуқашон аз онҳо гирифта шуд. Бино бар ин, дубора садояшонро ба эътироз баланд карданд. Наметавонистанд сокит бимонанд, вале мушти режими ҷадид муҳкам буд. Дастгириҳои густарда, прусеҳои додгоҳии сареъу кӯтоҳ ва муҷозоти эъдом. Ба теъдоди дастгиршудагон зиндон вуҷуд надошт. Ва ба ҳамин хотир он тобистон вай дар мадрасае нигаҳдорӣ мешуд, ки ба зиндон табдил дода шуда буд. Ва аз солунҳои имтиҳонаш ба унвони додгоҳ истифода мекарданд. Ҳар шаб баъд аз соати 10 муҳокимаҳои додгоҳӣ шурӯъ мешуданд ва ба дунболи он эъдомҳо дар соъати 1-и субҳ анҷом мешуд. Ӯ бедор мемонд ва теъдоди куштаҳоро мешумурд. Оё нафари баъдӣ манам? Кай? Соъат 5-и субҳ буд ва тирборонҳо тамом шуда буданд. Базудӣ меомаданд, то зиндониҳоро ба дастшӯӣ бибаранд. Ва ӯ медонист, ки чи чизе дар интизорашон аст.

Медонед? Мадраса ҳаёти бузурги пурдарахте дошт ва онҳо барои ин ки ба дастшӯиҳо бирасанд, бояд аз ин тарафи ҳаёт ба он тараф мерафтанд ва аз байни дарахтҳо рад мешуданд. Ҳамон дарахтҳое, ки чанд соъат қабл зиндониёни эъдомӣ ба онҳо баста шуда ва тирборон шуда буданд. Ба соқаҳои қирмизи дарахтҳо нигоҳ мекард, ки ғарқи хуни тоза ва пур аз сӯрох буданд. Ба худаш фикр мекард, ки чи тур ин дарахтҳо ҳанӯз зинда мондаанд. Дар тӯли моҳҳое, ки онҷо зиндонӣ буд, ин раванд идома дошт. Кам-кам мутаваҷҷеҳ шуд чиро бисёре аз одамҳо ошиқи ин шеъри қадимии форсӣ буданд:

“Аз хуни ҷавонони Ватан лола дамида…”

Шумо хуб медонед. Аз хуни ҷавонони Ватан лола дамида… Ин бахше аз қиссаи зиндагии яке аз ҳамкорони ман аст. Ӯ моил нест, ки номаш бурда бишавад, аммо солҳои сол аст, ки бо Замона ҳамроҳ буд. Ва ҳамаи касоне, ки баъд аз ӯ ба Замона пайвастанд, қиссае мушобеҳ бо қиссаи ӯро доранд. Аз эъдомҳои соли 67, аз ҷунбиши сабзи 88, ё бахше аз эътирозоти ахир, ки ҳамин чанд моҳ пеш иттифоқ уфтоданд.

Иҷоза бидиҳед каме аз ҳамкоронам барои шумо бигӯям. Бештари онҳо барои таҳсил ба Урупо наёмаданд. Ва тӯи гузарномаҳояшон визое сабт нашуда буд. Баъзе аз онҳо ҳатто маҷбур ба муҳоҷират аз тариқи қочоқчиёни инсон шуданд. Ва аксари онҳо муддати зиёдеро дар кемпҳои паноҳҷӯён гузаронданд. Ҳамаи онҳо як мушахасаи вижа доранд.

Онҳо саршор аз истеъдод, мунъатиф ва боангезаанд. Хонаводаи Замона дар сартосари ҷаҳон аз гурӯҳе аз рӯзноманигорони хориқулъода, шуҷоъ ва боистеъдод ташкил шудааст. Онҳо нависандаанд, мусиқидон, ҳунарманд, шоъир ва рӯшанфикранд. Ва ҳама ровии қиссае ҳастанд. Ҳамаи мо аз як чиз ангеза мегирем: эътиқоде росих ба қудрати расонаи мустақил. Қудрати расона ва ривоят барои бармало кардани ҳақиқат, барои халқи гуфтугӯ ва барои барангехтани андешаи интиқодӣ. Пуружае, ки имшаб барои шумо намоиш дода мешавад, филми кӯтоҳи беназирест, сохтаи Мустафо Ҳиравӣ, ки чандин тан аз ровиёни барҷастаи мо дар он нақш доранд. Касоне, ки аз имконоти маъмули инсонӣ барои ривояти як қисса ва ибрози як эътироз фаротар рафтаанд. Имшаб мо бо садои баланд дар ҳимоят аз равияи қазоӣ ва додгоҳи одилона дар Эрон эътироз мекунем. Бо хариди билет ва ширкат дар барномаи имшаб шумо аз ҳамаи ровиёни қиссаи ҷамъи мо ҳимоят кардед.

Ва моилам аз тарафи ҳамаи онҳо бигӯям: муташаккирам!

Видеои ин суханрониро метавонед дар инчо тамошо кунед:

Tags: Замона ТоҷикистонРенека фон СантенСоъати панҷи субҳ будТрибуни Замона

Related Posts

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом
Сиёсат

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом

5 November 2019
Аъзами Толиқонӣ: Ҳалқаи пайванди феминистҳои секулору мазҳабӣ
Women

Аъзами Толиқонӣ: Ҳалқаи пайванди феминистҳои секулору мазҳабӣ

5 November 2019
Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?
Women

Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?

1 November 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо