Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

Табу тоби фасли обуна байни тоҷикони Узбекистон ва имкони роҳандозии рӯзномаҳои хусусӣ барои тоҷикон

golshan by golshan
13 February 2019
in Minorities, Women, Фарҳанг, Ҷомеъа
Табу тоби фасли обуна байни тоҷикони Узбекистон ва имкони роҳандозии рӯзномаҳои хусусӣ барои тоҷикон

 

Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, нигарониҳои рафшанфикрони тоҷик дар Узбекистон рӯз то рӯз афзоиш меёбад.

Бар асоси таъкиди мақомоти маҳаллии шаҳрҳои Самарқанд ва Тошканд, дар сурати афзоиш наёфтани обуна ба рӯзномаҳои маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ, эҳтимол дода мешавад, ки рӯзномаҳое, ки теъдоди муштарии камтар аз 1000 нафар доранд, таътил бишаванд. Бар асоси маълумоти фаъолони фарҳангӣ дар Самарқанд то ҳол ба “Овози Самарқанд” ҳудуди 250 нафар обуна шудаанд. Далели поин будани теъдоди алоқамандонро ноҷаззоб ва минбари мақомоти давлатӣ будани ин рӯзнома мешавад унвон кард. Аммо фасоди идорӣ низ яке аз унсурҳоест, ки омори обунаро поин овардааст.

Рӯзномаи “Овози Самарқанд” аз танҳо рӯзномаҳои форсизабон барои тоҷикони таҳҷоӣ дар Самарқанд ва атрофи он аст, ки бо ҷонфидоии равшанфикрони маҳаллӣ ва бо сарварии Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ, шоъири шинохтаи тоҷикон, дар даҳаи 80 ба роҳ афтода ва аз замони таъсис то ҳол ҳамвора бо мушкилоти молӣ ва сиёсӣ дасту панҷа нарм кардааст. Шароити фаъолияти гурӯҳи таҳририяи ин рӯзнома он қадар маҳдуд аст, ки ҳатто овардани исми бунёдгузорони ин рӯзнома ва кормандони собиқи он дар бойгонии ин рӯзнома мумкин нест ва ба далоили эъломнашуда бахши аъзами равшанфикрони тоҷик дар он мамнӯъқаламанд ва аз онҳо ҳатто исме дар ин рӯзнома ва ё рӯзномаи ҷумҳуриявии “Овози тоҷик” оварда намешавад.

Рӯҳамрафта вазъи рӯзномаҳо дар кишвари Узбекистон аз замоне вахимтар шуда, ки Шавкат Мирзиёев, райисҷумҳури ҷадид, роҳҳои қаблии обунаҳои маҷбуриро бастааст ва барои обунаҳои иҷборӣ ҷарима эълом кардааст. Бо ин ки обунаи иҷборӣ яке аз роҳҳои идомаи фаъолияти рӯзномаҳои давлатӣ дар ин кишвар буда ва на аз роҳи ҷолиб ва ҷаззоб кардани мӯҳтавои рӯзномаҳо.

Ин вазъият боъиси афзоиши фасод дар таҳририяҳои рӯзномаҳо буд ва сол то сол аҳаммияти рӯзномаҳои давлатӣ коста мешавад. Дар чунин вазъ, ки дигар иҷборе даркор нест, камтар касе дар Ӯзбекистон ба ин рӯзномаҳо ё маҷаллаҳои маҳаллии давлатӣ аз рӯи ихтиёр обуна мешавад.

Рӯзномаҳои маҳаллӣ на бозтобдиҳандаи ҳақиқати ҳоли ҷомеъа аст ва на мӯҳтавои боарзиш дорад ва ба ин далел наметавонад мухотаби нав ва бештар пайдо кунад. Аммо ҳамзамон бо баста шудани обунаҳои иҷборӣ, чӣ роҳҳои ҷадиди ташвиқи мардум ба расонаҳои маҳаллӣ муъарифӣ шудааст?

Амина Шарофиддин, яке аз фаъолони иҷтимоъӣ ва фарҳангӣ дар Самарқанд, мегӯяд, мутобиқи қарор ва қонуни ҷадид, интишори рӯзнома ё маҷалла то 100 нусха аз ҳар гуна сабти расмӣ ва ё дарёфти муҷаввизи давлатӣ озод аст. Ин имкон қаблан барои шаҳрвандони ин кишвар фароҳам набуд. Аммо ҳоло ки чунин имкон вуҷуд дорад, чи чизе боъис шуда, ки то ҳол аз ин фурсат истифодаи беҳина нашудааст?

Амина Шарофиддин дар гуфтугӯи худ бо Замона аз барнома ва фаъолиятҳои худ ва дигар фаъолони маҳаллӣ мегӯяд, ки чи роҳҳоро то ҳол рафтаанд, то теъдоди обуна ба рӯзномаҳои “Овози Самарқанд” ва “Овози тоҷик”-ро боло бибаранд ва аз фурсатҳои тоза низ истифода кунанд.

Ба сӯҳбатҳои Амина Шарофиддин метавонед дар инҷо гӯш диҳед:

 

Tags: Амина ШарофиддиноваЗамона ТоҷикистонобунаОвози СамарқандСамарқандТрибуни ЗамонаӮзбекистон

Related Posts

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом
Сиёсат

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом

5 November 2019
Аъзами Толиқонӣ: Ҳалқаи пайванди феминистҳои секулору мазҳабӣ
Women

Аъзами Толиқонӣ: Ҳалқаи пайванди феминистҳои секулору мазҳабӣ

5 November 2019
Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?
Women

Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?

1 November 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо