Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

Тағйироти иқлимӣ ва чашмони бастаи сиёсатмадорон

golshan by golshan
13 February 2019
in Human rights, Муҳити зист, Ҷомеъа
Тағйироти иқлимӣ ва чашмони бастаи сиёсатмадорон

Бобаки Султонӣ

Баргирифта аз Трибуни Замона

Воқеъияте сода вуҷуд дорад, ки шояд хиёл кунед ҳама ба он воқиф ҳастем. “Мо инсонҳо, ҷузве аз як системи дарҳамтанида аз ҳамаи мавҷудоти зинда ва заминем.” Аммо дар давроне, ки бумборони иттилоъот на ба огоҳии бештар, ки ба таваҳҳуми донистан анҷомида – то ҷое теуриҳои тавтеъа ва ташкик (шак) дар чизҳое мисли курравияти Замин ҳам роҳ уфтодааст, – бисёре аз мардумони ҷаҳон ангор мекунанд, инсон тофтае ҷудобофта аст аз ҳар чизи дигар. Гунае бартар аз дигар гунаҳо. Гунае хирадманду доно, ки таҳти ҳар шароите метавонад роҳи ҳалле барои мушкилот биёбад. Аммо воқеъияте сода вуҷуд дорад. Бадеҳӣ, мисли ин ки Замин ба гирди Хуршед дар гардиш аст. Ҳавоеро, ки танаффус мекунем, оберо, ки менӯшем ва ғизоеро, ки мехӯрем, то зинда бимонем, дар назар дошта бошед. Таъмини ҳамаи инҳо вобаста ба тавозуне шикананда аст. Тавозуне аз манобеъи зистӣ ва мавҷудот. Тавозуне аз шароити сайёра, ҳаҷм ва танаввуъи зистии гунаҳои ҳаёт. Даст бурдан дар ин калофи печида ва шулу сифт (нарму сахт) кардани гиреҳҳояш вазъияти моро таҳти таъсир қарор медиҳад.

Тасеъаи маргбор

Аммо магар мо барои ҳазорон сол дуруст ҳамин корро накардаем? Мушкиле ҳам пеш наёмада, ки ҳеч, умед ба зиндагимон ҳам чанд баробар шуда. Ин дуруст аст, ки мо чанд ҳазор сол аст, ки машғули дасткории созукорҳои ҷаҳоне ҳастем, ки дар он зиндагӣ мекунем. Аммо барои даҳҳо ҳазор сол мо тавоноии барҳам задани фарояндҳои табиъиро надоштем. Тағйироте, ки метавонистем эҷод кунем, дар густарае бисёр маҳдуд рух медод. Густарае кӯчак ҳам аз лиҳози ҷуғрофиёӣ ва ҳам замонӣ. Чандсад ҳазор сол аст, ки гунае инсон рӯи Замин падид омадааст ва тақрибан ҳар он чи ба номи торих мешиносем, ба даҳ ҳазор соли ахир марбут аст. Агар аз тамаддун ҳарф бизанем, дар нигоҳи умумӣ бояд дар бештарин ҳолат ба 3-4 ҳазор сол пеш нигоҳ кард. Барои бозгашт ба даврони донишмандон ва ҳакимони номӣ танҳо кофист чандсад сол ба ақаб биравем ва дар ниҳоят танҳо 250 сол пеш буд, ки мо инқилоби санъатӣ, аз муҳимтарин нуқоти атфи торихии худро пушти сар гузоштем. Инқилоби санъатӣ чеҳраи ҷаҳони моро барои ҳамеша тағйир дод. Барои қариб ба ду қарн тасаввур мекардем, ки муҳим нест мо чи қадр тахриб ва олудагӣ эҷод кунем. Замин – ки ин рӯзҳо ба номи модар-табиъат ҳам хонда мешавад! – гушодадасттар аз он аст, ки бо фаъолиятҳои санъатӣ ва кишоварзии мо мушкиле дар созукорҳояш эҷод шавад.

Ин нигоҳи хатарнок имрӯз дорад моро ба куштан медиҳад. Марги бузург оғоз шудааст ва мо дар миёнаи як даврони тарснок зиндагӣ мекунем. Ҳосили он чи наслҳои пеш коштанд, имрӯз ба мо расидааст. Имрӯз мо дар ҷаҳоне тақрибан як дараҷа гармтар аз даврони пешосанъатӣ зиндагӣ мекунем. Хушксолиҳо, тӯфонҳои вайронгар, тағйири улгуи фусул (фаслҳо) дар канори осори мухарриби истихроҷ ва истифодаи бидуни оянданигарӣ аз манобеъи маҳдуд моро вориди давроне нав дар торихамон карда. Агар дар 250 соли ахир мешуд бо иғмоз (чашмпӯшӣ) рушди санъатӣ ва кишоварзиро ба маънои зиндагиҳои беҳтар барои инсонҳо талаққӣ кард, имрӯз бояд ин бардоштро канор гузошт. Он чи ба номи тавсеъа бар муҳити зист рафтааст, тору пудҳои танобе буд, ки ҳоло дорад нафасҳоямонро ба шумора меандозад.

Сиёсати инкор

Аксари сиёсатмадорон аз лузуми таваҷҷуҳ ба орои андешамандон ва донишмандон мегӯянд. Аммо вақте кор ба вазъи қавонин ва пешбурди масирҳое мерасад, ки зиндагии тамомии мардумро таҳти таъсир қарор медиҳад, на андешамандону донишмандон ва на ҳатто мардуме, ки ба онҳо раъй додаанд, балки ин дасти қудратҳои иқтисодии бузург аст, ки аз остини сиёсатмадорон берун меояд. Онҳое, ки “ба номи озодӣ эълони ҷанг” мекунанд ва дигароне, ки ба номи «эҷоди шуғл» аз камаҳаммият будани муҳити зист мегӯянд, ҳарду ба таноқузоти идеҳои хатарнокашон воқифанд. Баъид аст яе раиси ҷумҳур ё вазир ё ҳатто намояндаи маҷлис ин қадр беиттилоъ бошад, ки фикр кунад инсон тофтае ҷудобофта аз тавозуни шиканандаи ҳаёти рӯи Замин аст. Баъид аст Тромп, ки мегӯяд “тағйироти иқлимӣ достоне сохта ва пардохтаи Чин аст”, баростӣ ба чунин чизе бовар дошта бошад. Аммо ончи Тромпро ба муқарраротзудоӣ аз масоили зистмуҳитӣ вомедорад, ҳимоят ва фишори ширкатҳоест, ки аз фурӯши зуғолсанг ва нафт суд мебаранд. Фишори қудратҳои иқтисодие, ки дар интихобот аз ӯ ҳимоят кардаанд ва ҳоло ҳаққуссаҳми худро аз ин намоиши демукротик талаб мекунанд. Ваҷҳи шабоҳатҳои ошное ҳам миёни ин даст сиёсатмадорон вуҷуд дорад. Аз Тромп дар Омрико то Дутертеи филипинӣ ва Булсунору, ки тоза дар Бразил интихоб шудааст. Афроде, ки мунтақидонашонро дуруғгӯ хитоб мекунанд ва агар дасташон бирасад, аз таҳдид ба қатлу шиканҷа ва эъдом ҳам ибое надоранд.
“Ҳангоме ки сиёсатмадорон «ба номи озодӣ эълони ҷанг мекунанд» ва ба номи «эҷоди шуғл» аз камаҳаммият будани муҳити зист мегӯянд, ин на дасти мардум, ки бояд дасти қудратҳои бузурги иқтисодӣ бошад, ки аз остинашон берун омада, то пои «пружеҳои тавсеъаӣ»-ро имзо кунанд. Ахиран оқои раисҷумҳур гуфтааст «зиндагии мардум» асл аст ва на тавсияҳои “муллонуқатӣ” (бесаводона)-и муҳити зист. Аммо оё ин сиёсатмадорон ба таноқузоти хатарноки идеҳои худ воқиф нестанд?”

Аммо ахиран дар кишвари худамон ҳам оқои раисҷумҳур дар ҷаласаи ҳайъати давлат аз асл будани «зиндагии мардум» дар баробари «муллонуқатӣ будан» рӯи тавсияҳои муҳитзистӣ гуфтаанд. Эшон гуфтаанд, ки “албатта мо барои муҳити зисти худамон талош мекунем”, аммо дар идома изофа кард, ки инҳо оёти Қуръон нестанд, ки хат ба хат иҷро шаванд. Вақте оқои раисҷумҳур мабоҳисе ба ин аҳаммиятро ба «тавсияҳое» сурӣ (зоҳирӣ) ташбеҳ мекунад ва аз лузуми пардохтан ба «зиндагии мардум» мегӯяд, эҳтимолан ҳавоссаш ҳаст, ки чи чизҳоеро набояд бигӯяд. Раисҷумҳур мегӯяд «ин мақолот», ки нивишта мешавад, барои он аст, ки ҷилави кори моро бигиранд. Ангор ниҳодҳои муҳитзистӣ омилони душман бошанд, ки ҳадафашон чӯб лои (миёни) чархи давлат гузоштан бошад. Аммо ӯ ба унвони раиси қувваи муҷрия бояд гузоришоте дақиқ аз натоиҷи мухарриби тарҳҳои кури тавсеъаии пешинро дарёфт карда бошад. Дар ин ҳол, гуфтан аз зиндагии мардуме, ки дар тӯфонҳои шин ва гарду ғубор нафас наметавонанд бикашанд, олудагии хоке, ки ғизояшон аз он таъмин мешавад, дар ҷаҳон рутбадор аст ва омори рифоҳи иҷтимоъӣ ва саломаташон рӯз ба рӯз уфт мекунад, чи маънӣ дорад? Ҳамин ҳоло муқаррарот ва тавсияҳои муҳитзистӣ мавриди бетаваҷҷуҳӣ қарор мегиранд, дигар таъкид бар ин ки лузуме надорад хат ба хат иҷрояш кунем, барои чист? Яъне авзоъ қарор аст аз ин ҳам бадтар шавад? Қарор аст аз миёни манотиқи ҳифозатшуда хатти интиқол убур кунад? Ва дарёчаҳо ва рӯдҳо ба номи тавсеъа хушку мунҳариф шаванд? Ё шояд ҳам қарор аст манотиқи муҳимми зистӣ ба хотири доштани путонсиели ҷазби гардишгар ба бахши хусусӣ вогузор шавад, то тафарруҷгоҳ дар он доир кунанд? Инҳо ки ҳамин имрӯз дар ҷараёнанд. Манзури оқои раисҷумҳур мисли дигар сиёсатмадорони ҷаҳон, ки дар баробари нигарониҳои муҳитзистии мардумашон эҳсоси масъулият намекунанд, бояд эъломи мавзеъ бошад. Эъломи мавзеъи дақиқ ва қудратманд барои боло бурдани ҳазинаи интиқод, то асотид ва донишмандон ва мардуми дағдағамандро ба сукут бикашонад. То дасти онҳое, ки ба номи тавсеъа, обу ҳаворо аз мардуми Замин гирифтаанд, шуста шавад.

Сиёсатмадорон агар дилнигарони зиндагии мардуманд, метавонанд барои коҳиши сареъи масрафи об ва коҳиши олояндаҳо дар бахши кишоварзӣ даст ба кор шаванд. Метавонанд бо вазъи қавонин ва муқаррарот тавлиди худравҳои поктар ва каммасрафтарро дар дастури кори худ қарор диҳанд. Метавонанд бо иттико ба дониш ва таҷрубаи торихии шаҳрсозӣ, шаҳрҳое қобили зист бисозанд. Метавонанд натоиҷи мутолеъот ва таҳқиқоти донишмандонро мадди назар қарор диҳанд ва бибинанд, ки куруре аз тарҳҳои тавсеъаии солҳои пеш чи гуна вазъи зиндагии мардумро беҳтар, ки накардаанд ҳеч, байни гурӯҳҳои мухталиф ихтилоф андохтаанд.

Бар хилофи ваъдаҳо ва такрорҳои интихоботӣ ва ҳамаи он достонҳое, ки аз коромадии демукросии воқеъан мавҷуд ба мо мегӯянд, он чи имрӯз дар ҷараён аст, на масири рушду таъолии умумӣ, ки масирест вайронгар, ки ҳеч кас (ҳатто сиёсатмадорон) аз он беосеб убур нахоҳад кард. Таблиғҳои рангоранг ва локчерии (ботаҷаммули) бонкҳои сармоягузорӣ ва ожонсҳои мусофирбариро фаромӯш кунед. Камтар касест, ки надонад ин тасовир муште дурӯғанд. Баровардҳои дастгоҳҳои давлатҳо дар ҷаҳон ояндае тираро тарсим мекунанд. Аз ояндаи хушксолӣ, муҳоҷиратҳо, рушди бемориҳо ва осебҳои иҷтимоъӣ. Сиёсатмадорон ин гузоришҳоро мехонанд. Онҳо медонанд, ки авзоъ чи гуна хоҳад буд. Эҳтимолан ҳатто воқифанд, ки пружеҳои интиқоли обу ҳаво ва замин ба ҳеч дарде намехӯрад. Бо ин ҳисоб наметавон пазируфт, вақте пои асноди пружеҳои тавсеъаии мухаррибро имзо мекунанд, ин дасти мардуме ки қурбонии чунон тавсеъае мешаванд, бошад, ки аз остини онҳо берун зада.

Бузургтарин куштори ҷамъии торих

Воқеъияте сода вуҷуд дорад. Бадеҳӣ, мисли ин ки медонем Замин курравӣ аст ва ба гирди Хуршед дар чархиш аст ва он ин аст ки тағйироти иқлимӣ ҳосили амалкарди башар аст. Чизе ба унвони «муҳити зисти худамон» надорем. Калофи тавозуни шиканандаи ҳаёт дар ҳама ҷои Замин ба ҳам муттасил аст ва манобеъи зистии Замин рабте ба марзҳои сиёсӣ надорад. Башар наметавонад бо як хат дар миёни иҷро кардани тавсияҳои муҳитзистӣ (ки худ дар бисёре мавоқеъ муҳофизакорона ва нокофиянд) ин масири табоҳиро мутаваққиф ё ҳатто мудирият кунад.

Тағйироти иқлимии ҳосили амаркарди инсон бузургтарин куштори ҷамъии торихи Замин аст. Дар тӯли торихи ҳаёт ҳеч замоне гунаҳои зистӣ бо чунин суръате дар ҳоли инқироз набудаанд. Пештар ҳам инқирозҳои бузург рӯи Замин рух додаанд. Аммо ҳатто дар бузургтарини онҳо, ки дар он 96 дарсади ҳамаи ҳаёти уқёнусҳо ва беш аз 70 дарсади ҳайвоноти хушкиҳо мунқариз шудаанд, ҳам суръати инқирози гунаҳо аз имрӯз камтар буд.
Натоиҷи таҳқиқоти илмӣ мушаххас ва возеҳ аст ва масире, ки сиёсатмадорон дар пеш хоҳанд гирифт, дар ниҳоят ояндаи ҳамаамонро таъйин хоҳад кард. Агар ин масир бар пояи чизе ҷуз натоиҷи таҳқиқоти илмӣ тарҳ шавад, ин марги бузург гом ба гом ба пеш хоҳад рафт ва мо – мардумони одии ин сайёра – беш аз қудратмандон ва сарватмандон товонашро хоҳем дод.

Tags: Бобаки СултонӣЗамона Тоҷикистонмуҳити зистТрибуни Замона

Related Posts

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом
Сиёсат

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом

5 November 2019
Аъзами Толиқонӣ: Ҳалқаи пайванди феминистҳои секулору мазҳабӣ
Women

Аъзами Толиқонӣ: Ҳалқаи пайванди феминистҳои секулору мазҳабӣ

5 November 2019
Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?
Women

Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?

1 November 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо