Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

22 пусти марзии ҷадид дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон

golshan by golshan
6 March 2019
in Economy, Сиёсат, Ҷомеъа
22 пусти марзии ҷадид дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон

Маъмурони тоҷик дар ҳоли гаштзанӣ дар манотиқи марзӣ


Қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир манотиқи марзии Тоҷикистон ва Афғонистонро ноамн ва осебпазир карда. Барои муқобила бо қочоқчиён пустҳои марзии ҷадид дар марзи Бадахшони Афғонистон барпо шудааст.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон аз эҷоди пустҳои марзии ҷадид дар устони Бадахшони ин кишвари ҳамҷавор бо вилояти Бадахшони Афғонистон ба манзури ҷилавгирӣ аз вуруди силоҳ ва қочоқи маводи мухаддир хабар доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, вобаста ба давлати Ҷумҳурии Исломӣ, мақомоти интизомии Тоҷикистон аз эҷоди 22 пусти ҷадиди марзӣ дар навоҳии мухталифи устони Бадахшони ин кишвари ҳаммарз бо Афғонистон хабар додаанд.

Бино ба ин гузориш, далели аслии эҷоди пустҳои ҷадиди марзии Тоҷикистон бо вилояти Бадахшони Афғонистон тақвияти манотиқе марзӣ аст. Ин манотиқ аз назари қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир осебпазир ҳастанд.

Ба ин тартиб, пустҳои ҷадиди марказӣ дар маҳдудаи навоҳии Рушон, Шуғнон, Ишкошим ва шаҳри Хоруғ эҷод ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Пустҳои марзии ҷадид дар ҳоле дар марз бо Бадахшони Афғонистон эҷод мешаванд, ки пеш аз ин мақомоти тоҷик аз анбори миқдори зиёде силоҳ дар марз бо ин кишвар хабар дода буданд.

Тоҷикистон бо Афғонистон як ҳазору 400 килуметр марзи муштарак дорад ва бино ба гуфтаи мақомоти тоҷик аз назари амниятӣ ва таҳдиди гурӯҳҳои қочоқчӣ ва ифротӣ осебпазир аст.

Тибқи омори мақомоти марзии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли гузашта

дар марз бо Афғонистон 20 даргирии мусаллаҳона сурат гирифта, ки дар пайи он 11 қочоқчӣ кушта ва як ҳазору сесад килуграмм маводи мухаддир мусодира шудааст.

Tags: АфғонистонБадахшонқочоқи аслиҳақочоқи маводи мухаддирОсиёи МиёнаТоҷикистон

Related Posts

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом
Сиёсат

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом

5 November 2019
Аъзами Толиқонӣ: Ҳалқаи пайванди феминистҳои секулору мазҳабӣ
Women

Аъзами Толиқонӣ: Ҳалқаи пайванди феминистҳои секулору мазҳабӣ

5 November 2019
Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?
Women

Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?

1 November 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо