Ба гузориши Хабаргузории Форс, ин иқдом бо дархости «Кобул» ва ба манзури ҷилавгирӣ аз маҳрумияти бештари мардуми манотиқи шимолии Афғонистон сурат гирифтааст. Мардуми ин митақа аз Афғонистон бар асари омадани барфу баҳман дар инзиво қарор доранд.
Бо боз шудани ин пул, комюнҳои ҳомили маҳсулоти ғизоӣ ва соири колоҳои зарурии аввалия аз Тоҷикистон ба шимоли Афғонистон ҳаракат карданд.
Тарафи Тоҷикистон ба таври якҷониба ҳудуди шаш моҳ қабл фаъолияти ин пулро ба далели фаъолияти Толибон ва қочоқчиёни маводди мухаддир дар манотиқи ҳамҷавор бо ин кишвар масдуд карда буд.
Ин пули 180-метрӣ бар рӯи рӯдхонаи Панҷ бо сармоягузории Иттиҳодияи Урупо сохта ва дар авохири тобистони соли 2017-и милодӣ такмил шудааст.
Ҳазинаи ин пруже ҳудуди 16 милюн юру эълом шудааст.



