Бидуни шак бисёре аз мардоне ҳам, ки ба баробарии таъаҳҳудоти падару модар дар муқобили фарзанд эътиқод доранд, дар амал аз ҳамон фарҳанги суннатии “ту беҳтар аз ӯ мароқибат мекунӣ” пайравӣ мекунанд. Ин дар ҳолест, ки бо дар назар гирифтани чанд нуктаи сода метавон ин фарҳанги иштибоҳро тағйир дод. Ба унвони як падар шумо метавонед ҳомии хеле хубе барои модари фарзандатон бошед:
Интизороти худро аз вазифаи падарӣ боло бибаред
Муҳимтарин қадам ин аст, ки вазоифи падарии худро беҳтар бишносед ва тамоми талошатонро бикунед, то онҳоро ба беҳтарин ваҷҳа анҷом бидиҳед. Ин вазоиф дақиқан ҳамон вазоифест, ки модари фарзандатон дорад. Дарвоқеъ, нақши муҳимми ноноварии хона дар ин миён бемаъност, чун ҳардуи шумо ба як андоза даргири шуғлу фаъолияти хориҷ аз хона ҳастед. Ба ин тартиб, шумо ҳам вазифа доред ба унвони як падар ба ин масъала фикр кунед, ки фарзандатон, масалан дар 9-солагӣ, чи либосҳое дорад ва надорад, шом чи бихӯрад, як супи солим ва муқаввӣ чи тур таҳия мешавад, оё ӯ ҳар шаб таколифашро анҷом дода ё на, беҳтар аст чи омӯзишҳое бибинад, оё тахти хобаш мураттабу тамиз ҳаст ё на, утоқаш мураттаб аст ё на, чекопи дандонҳояш бамавқеъ анҷом мешавад ё на, чи асбоббозие ниёз дорад ва чи мехонаду чи мебинад ва чи дӯстоне дорад. Интизор надошта бошед мудирияти ҳамаи ин умур бар уҳдаи модар бошад. Волид будан як талоши ҳаррӯзаи муҳим аст, ки наметавон онро фақат ба уҳдаи як нафар гузошт.
Агар фикр мекунед ин корҳоро балад нестед ва масалан наметавонед як суп барои кӯдаки маризи худатон бипазед, пас беҳтар аст модар дар хона муроқиби ӯ бошад, як лаҳза ба худатон ёдоварӣ кунед, ки ҳамсаратон ҳам бо ин тавоноиҳо зода нашудааст.
Чун ин вазифа ва таъаҳҳуди аслии шумост
Шумо вазифаи муроқибат аз фарзандатонро ба уҳда мегиред, чун ин вазифа ва таъаҳҳуди аслии шумост. Бино бар ин, вақте ин корро анҷом медиҳед ва ба хотири фарзандатон коре мекунед, ин тасаввур ва фикри иштибоҳро, ки чун модараш дар дастрасӣ нест, кумак мекунед, дур бирезед. Агар фарзандатон мариз аст ва дар хона мондаед, далели шумо барои хона мондан набудани модар нест, далели шумо бемории кӯдак аст.
Агар корфармо ҳастед
Ба унвони як корфармо ин фарҳангро дар муҳити кории худ ривоҷ бидиҳед, ки мардон ҳам метавонанд бароҳатӣ аз мураххасии рӯзона барои муроқибат аз фарзандонашон истифода кунанд. Ин шеваи амалкард аз шумо як раҳбари қавӣ, ҳамдилу ҳамроҳ месозад ва кормандонро барои беҳтару муассиртар кор кардан барои шумо тарғиб мекунад.



