Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

Гаронии интернет дар Тоҷикистон салби қавонини ҳуқуқи башар аст

shahzoda by shahzoda
4 May 2019
in Матолиби баргузида, Сиёсат, Хабарҳо, Ҷомеъа
Эътирози шадиди корбарон аз гаронии интернет дар Тоҷикистон

Аз рӯзи 14-и апрел баҳои интернет дар Тоҷикистон ба болотарин сатҳи худ расид. Тасмим дар бораи афзоиши 20-дарсадии нархи интернет, ки муддатҳо мавриди нигаронӣ ва интиқоди корбарони шабакаҳои иҷтимоъӣ буд, ҳол ба тасвиб расида ва ба норизоятиҳо дар Тоҷикистон доман задааст.

Ин дар ҳолест, дар кишвари ҳамсояи Афғонистон, соли гузашта интернет ба арзонтарин сатҳи худ расид ва дар кишвари ҳамсояи Узбакистон соли гузашта дастрасӣ ба интернет дар донишгоҳҳо ройгон эълом шуд. Ин иқдом ҷиҳати иттилоърасонии сареътар ва афзоиши теъдоди ҷавонони фаҳмида ва дар як сафҳа қарор гирифтани шаҳрвандони ин кишварҳо бо ҷомеъаи ҷаҳонӣ муҳим арзёбӣ мешавад.

Бо ин ки дар Тоҷикистон марокизи саргармии дигаре барои ҷавонон таҳия нашуда, боло бурдани нархи интернет метавонад бароҳатӣ мӯҷиби афсурдагӣ ва бесаводии бештари ҷавонон дар ин кишвар шавад ва фарори мағзҳо беш пеш афзоиш ёбад.

Интиқодҳои шадиди созмонҳои байналмилалӣ дар бораи гаронии интернет дар Точикистон аз ҷониби мақомоти ин кишвар нодида гирифта шуд ва садои эътирози шаҳрвандон низ ношунида монд. Аз сӯи дигар истидлоли мақомоти Тоҷикистон, ки нархи интернет “муносиб аст”, мӯҷиби қаҳри амиқтари корбарони шабакаҳои иҷтимоъӣ шуда.

Коршиносон мегӯянд, ки маҳдудияти дастрасии ҷавонон ба интернет ва васоили иттилоърасонии ҷаҳонӣ мусалламан рӯйи пешрафти зеҳнии онҳо таъсири мустақим хоҳад гузошт ва дар чанд соли оянда Тоҷикистон беш аз ҳоло фақиртар хоҳад шуд.

Ҷавонони Тоҷикистон мисли ҷавонони кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ва Узбекистон ба интернети арзон ва ройгон ниёз доранд, то сатҳи огоҳӣ ва омӯзиши худро боло бибаранд ва ояндаи беҳтаре барои ҷомеъа ва кишварашон бисозанд. Бидуни интернети арзон Тоҷикистон мушкили фақру бекорӣ ва бесаводиро наметавонад рафъ созад.

Интикодҳо дар айни ҳол дар ҳоли афзоиш аст ва ҳануз равшан нест, ки мақомоти Тоҷикистон аз ин иқдоми ба гуфтаи бисёре аз мунтақидон зиддидонишӣ ва мардумии худ ақабнишинӣ хоҳанд кард ё хайр.

Tags: гаронии интернетсалби қавонини ҳуқуқи башарТоҷикистон

Related Posts

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом
Сиёсат

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом

5 November 2019
Аъзами Толиқонӣ: Ҳалқаи пайванди феминистҳои секулору мазҳабӣ
Women

Аъзами Толиқонӣ: Ҳалқаи пайванди феминистҳои секулору мазҳабӣ

5 November 2019
Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?
Women

Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?

1 November 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо