Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

Тадовуми тазоҳурот дар Хортум барои интиқоли қудрат ба давлати маданӣ

shahzoda by shahzoda
7 May 2019
in Матолиби баргузида, Хабарҳо, Ҷомеъа
Тадовуми тазоҳурот дар Хортум барои интиқоли қудрат ба давлати маданӣ

Ҳазорон нафар аз мардуми Судон аз бомдоди ҷумъаи 19-уми апрел/30-юми фарвардин муқобили вазорати дифоъ дар Хортум таҷаммуъ кардаанд. Муътаризон бо сар додани шиъори «Озодӣ ва адолат» хоҳони интиқоли қудрат ба давлати маданӣ шуданд. Ин таҷаммуъи густарда ҳамчунон идома дорад. Анҷумани шоғилони Судон эълом кард, ки то якшанбеи оянда мебоист қудрат ба Шӯрои ҳокимияти маданӣ вогузор шавад.

Ҷумъаи 19-уми апрел/30-юми фарвардин: Тазоҳуроти муътаризони судонӣ муқобили вазорати дифоъ дар Хортум барои интиқоли қудрат ба давлати маданӣ

Анҷумани шоғилони Судон, ки созмондеҳии эътирозотро ба уҳда дорад, ҷумъаи 19-уми апрел/30-юми фарвардин дар як нишасти хабарӣ дар Хортум эълом кард, ки то якшанбеи оянда “Шӯрои ҳокимияти маданӣ” ташкил медиҳад ва ин шӯроро ҷойгузини шӯрои низомӣ хоҳад кард. Ба гузориши хабаргузории Фаронса ва ба нақл аз шабакаи Алҷазира, Аҳмад Аррабиъа, намояндаи Анҷумани шоғилони Судон, дар ин нишасти хабарӣ гуфт:

“Дар Шӯрои ҳокимияти маданӣ артиш ҳам намояндае хоҳад дошт. Мо ин шӯроро ҷойгузини шӯрои низомӣ мекунем.”

Анҷумани шоғилони Судон сандикое аз пизишкон, муҳандисон ва муъаллимони ин кишвар аст. Рӯзи гузашта ин анҷуман тарҳе аз сохтори Шӯрои ҳокимияти маданиро ироа дода буд. Мутобиқи ин тарҳ гурӯҳе аз вазирон, намояндаи артиш ва намояндагони ҷомеъаи маданӣ дар ин шӯро ҳузур доранд.

Бомдоди ҷумъаи 19-уми апрел/30-юми фарвардин: Муътаризон дар муқобили вазорати дифоъ дар Хортум суруди миллии Судонро мехонанд (Туитер):

Риёсати шӯрои низомии интиқолии Судонро Абдулфаттоҳ Албурҳон бар уҳда дорад, ки аз ҳимояти Иморот, Арабистони Саъудӣ ва Миср бархӯрдор аст. Шӯрои низомии Судон панҷшанбеи гузашта бо интишори баёнияе ба имзои Аваз ибни Авф Умар Албаширро аз риёсати ҷумҳурии Судон халъ кард. Вазири дифоъи Судон сипас Қонуни асосиро ба таълиқ даровард ва эълом кард, ки ба муддати ду сол шӯрои низомӣ қудратро ба даст мегирад. Муътаризони судонӣ аммо ба қонуни манъи омаду шуди шабона эътино накарданд ва ба таҳассун (бастнишинӣ) ва эътирозоти худ муқобили вазорати дифоъ дар Хортум идома доданд. Аваз ибни Авф дар пайи ин эътирозот аз риёсати Шӯрои низомӣ истеъфо дод.

Мавҷи тозае аз эътирозот аз шомгоҳи гузашта то кунун Хортумро фаро гирифтааст. Шабакаи Алҷазира гузориш дода, ки рӯзи ҷумъа ҳазорон нафар аз муътаризон дар муқобили вазорати дифоъ таҷаммуъ кардаанд. Дар шабакаҳои иҷтимоъӣ хабарҳову тасовире аз ин таҷаммуъ дастбадаст мешавад. Муътаризон шиъори «озодӣ ва адолат» сар медиҳанд. Дар ҳамон ҳол гурӯҳҳое аз муътаризон ҳифозат аз маҳалро ба уҳда гирифтаанд ва бо бозрасии баданӣ талош мекунанд монеъ аз ҳамли силоҳ ва эҷоди даргириву хушунат дар маҳалли таҳассун ва таҷаммуъ шаванд.

Ҷумъаи 19-уми апрел/30-юми фарвардин: Мавҷи тозаи тазоҳурот дар Хортум баъд аз намози ҷумъа оғоз шуд (Туитер).

Рӯзи гузашта Иёлоти Муттаҳидаи Омрико эълом кард, ки аз тасмими Шӯрои низомӣ барои озодии зиндониёни сиёсӣ ва лағви қонуни манъи омаду шуди шабона ҳимоят мекунад. Дар ин фосила Вазорати хориҷаи Омрико намояндаи вижаеро ҳам ба Хортум эъзом кардааст. Иёлоти Муттаҳидаи Омрико Судонро иҷолатан (ба таври таъҷилӣ) аз феҳристи кишварҳои ҳомии терурисм хориҷ кардааст.

Tags: Анҷумани шоғилони СудонСудонХортум

Related Posts

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом
Сиёсат

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом

5 November 2019
Аъзами Толиқонӣ: Ҳалқаи пайванди феминистҳои секулору мазҳабӣ
Women

Аъзами Толиқонӣ: Ҳалқаи пайванди феминистҳои секулору мазҳабӣ

5 November 2019
Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?
Women

Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?

1 November 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо