Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

Фазои фарҳангии тоҷикони Самарқанд: Нигоҳе аз дарун

Гуфтугӯи Шаҳзода Самарқандӣ бо Амина Шарофиддинова, фаъоли фарҳангӣ ва иҷтимоъӣ, муҳаққиқ:

shahzoda by shahzoda
16 May 2019
in Матолиби баргузида, Фарҳанг, Ҷомеъа
Фазои фарҳангии тоҷикони Самарқанд: Нигоҳе аз дарун

Аз баҳори пурсарусадои соли гузаштаи Узбекистон, ки мардуми форсизабони ин кишвар интизороти зиёде дошт, то ҳол хабарҳои парокандаи начандон чашмгире аз беҳбудии вазъи фарҳанг ва омӯзиши насли ҷавон мунташир мешавад. Аммо рӯиҳамрафта ба назар намерасад, ки вазъияти фарҳанг ва омӯзиш дар ин кишвар рӯ ба беҳбуд оварда бошад.

Ҳафтаи гузашта дар гузориши солонаи Гузоришгарони Бидуни Марз зикр шуда буд, ки вазъи озодии баён дар Узбекистон дар вахимтарин поя қарор дорад: дар радаи 160 аз байни 180 кишвар. Ин дар ҳолест, ки дар бораи беҳбудиҳое дар фазои иқтисодӣ ва корофаринии ин кишвар оморҳои умедворкунандае мунташир мешавад.

Самарқанд, ки яке аз шаҳрҳои бузурги тоҷикнишин дар Узбекистон аст, ҳамвора таҳти назораи созмонҳои байналмилалӣ аст ва дар гузоришҳои ин созмонҳо низ чандон омори чашмгире дар бораи беҳбуди вазъи фарҳангӣ ва омӯзишӣ мушоҳида намешавад.

Ин рӯзҳо чеҳраҳои форсизабони самарқандӣ дар ҳоли омодабош барои ҷаласаи навбатии маркази фарҳангии худ ҳастанд. Ҷаласаи аввали гурӯҳи азиме аз фаъолони фарҳангӣ ва устодони донишгоҳи ин шаҳр бенатиҷа монд ва ба торихи 11-и моҳи май мавкул шуд. 

Ба ин муносибат бо Амина Шарофиддинова, яке аз чеҳраҳои фаъъоли фарҳангӣ ва иҷтимоъии Самарқанд гуфтугӯе катбӣ анҷом додаем, ки дар инҷо метавонед онро бихонед.

Амина Шарофиддинова яке аз номзадҳои мудирияти Маркази фарҳангии тоҷикон дар Самарқанд аст. Дар айни ҳол, мудирияти ин марказро Абдуваҳҳоб Воҳидов, устоди донишгоҳ, бар уҳда дорад, ки дар баҳори гузашта аз Эмомалӣ Раҳмон дар канори чанд чеҳраи дигари тоҷики узбакистонӣ нишони ифтихорӣ дарёфт кард. Эътои ин нишонҳо бидуни таваҷҷуҳ ба хостаҳои мардуми маҳаллӣ ва набуди афроди сазовортаре дар байни касоне, ки қадрдонӣ шуданд, бархе аз мардуми Самарқандро норозӣ кардааст. Афроде, ки бо ин нишон мухолиф буданд, муътақиданд, ки афроди фаъолтар ва сазовортаре дар шаҳрҳои мухталифи тоҷикнишини Узбекистон ба сар мебаранд, ки ҳаққи бештаре ба чунин ҷавоиз ва нишонҳои ифтихорӣ доранд.

Ба ҳар ҳол, ҳоло фаъолони фарҳангии Самарқанд дар ҳоли таъйини мудири ҷадиди Маркази фарҳангии тоҷиконанд ва торихи 11-и май барои тоҷикони Самарқанд метавонад то ҳадде аз фазои соли пешорӯи ин шаҳр дарак диҳад. Он ҳам вобаста аст ба ин ки дар давраи ҷадиди мудирият кадоме аз чеҳраҳои фаъол ба ин вазифа гумошта хоҳанд шуд.

Ин дар ҳолест, ки дар ҷаласаҳои қаблӣ бисёре аз фаъолони фарҳангии Самарқанд ширкат надоштанд ва маълум нест, ки аз онҳо даъват нашудааст ё худ ба ҳар далеле аз ширкат дар ин ҷаласаҳо худдорӣ мекунанд. Барои мисол чеҳраҳое мисли Ҳаёти Неъмат, шоъири шинохта ва мудири Маркази фарҳангии тоҷикони Самарқанд дар солҳои қабл, Адаши Истад, нависанда ва рӯзноманигор, Ҳазрати Сабоҳӣ, пажӯҳишгар ва муҳаққиқ, Баҳораи Хуррам, устоди донишгоҳ ва мунтақиди адабӣ, ва чанде аз чеҳраҳои дигар, ки дар фазои адабии солҳои пасошӯравӣ дар Самарқанд ҳузури чашмгире доштаанд.

Гуфтугӯ бо Амина Шарофиддинова, фаъоли фарҳангӣ ва иҷтимоъӣ, муҳаққиқ:

– Нақши Маркази фарҳангии тоҷикон дар Самарқанд дар ҳифзу тарвиҷи забону фарҳанги миллӣ дар муқоиса бо созмонҳои мушобеҳ дар дигар шаҳрҳои тоҷикнишини Узбекистон чист?
Дар вилоятҳои Сурхондарё, Намангон, Фарғона, Бухоро, Ҷиззах, шаҳри Тошканд марказҳои фарҳангии тоҷикон амал мекунанд. Дар байни ин вилоёт фаъолияти марказҳои Сурхондарё (Р. Абдуллоев) ва Ҷиззах (А. Шарипов) дар баргузории тадобири фарҳангӣ, мулоқот бо мардум, кунферонсу нашри китобҳо ва ғайра назаррастар аст. Дар Самарқанд маркази “лухтаки” фарҳангии тоҷикон 16 сол қабл таъсис шуда буд, ки риёсаташро устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд Ваҳҳоб Воҳидов бар уҳда дошт. Бар манфиъати халқи тоҷик хидмати назарраси онро касе ба ёд оварда наметавонад. Чунончи муҳаррири рӯзномаи “Овози Самарқанд” Баҳодур Раҳмонов чанде пеш дар маҷлиси интихоботии раиси нави марказ таъкид кард, “дар бадали 15 сол, ки хеле вазнин буд, В. Воҳидов ду-се корро ба сомон расонид.” Ҳа, ду-се коре, аммо чи кор?

– Мудири маркази фарҳангӣ бояд дар дараҷаи аввал ба чи чизҳо таваҷҷуҳ кунад?

Дар мадди аввал раиси марказ бояд роҳҳои ҷалби эътимоди мардум ба имрӯзу ояндаи нек ва дар асоси он амал карданро ҷӯяд. Қонуну фармонҳои давлатро эҳтиром кунад ва қонундонӣ, вазифаю масъулиятшиносии мардумро боло барад. Дарду муъаммоҳои мавҷударо тавони шунидану ҳис кардан дошта бошад. Вазъиятро битавонад дуруст арзёбӣ кунад. Дар ҳалли масоил машварат пеш оварад. Эҳтироми фикри худу ҳар як узви марказу ҷомеъаро нигаҳ дорад. Диплумосӣ низ аз асоситарин унсурест, ки онро бояд дошта бошад.

– Аз ҳамоиши ояндаи чеҳраҳои фарҳангии тоҷик дар Самарқанд чи интизоре доред?

Мардуми ҳақбин интизори дигаргуниҳо ҳастанд ва ҳар бор бо умед ба ҳамоишҳо меоянд, аммо… Баргузории ҳамоиши навбатӣ, ки бори дувум вайрон шуд ва ба таври сунъию беасос то 11.05 ба таъвиқ андохта шуд, рости гап, ба ду-се нафар, аз ҷумла, раиси пешинаи он В. Воҳидов вобаста аст, ки қариб ду сол боз бо ҳимояти ҳукуматдорон мардумро гӯл мезананд. Агар ин ашхос моҳияти масъаларо дуруст фаҳманд, худро дар назди миллат масъул шуморанд ва боз ягон нағмаи ғайричашмдошт накунанд, маҷлис барои интихоби раису ҳайъати он бахубӣ анҷом хоҳад ёфт. Мутаассифона, аз ҳар гӯша мешунавем, ки се-чаҳор нафар аз вазифадорону масъулини чи рӯзнома ва чи донишгоҳи Самарқанд, ки худ дар гурӯҳи корӣ барои баргузории ҳамоиши навбатӣ қарор доранд, ба гурӯҳбозӣ ва танқиди якеву тарғиби дигаре машғуланд, ки зебандаи онҳо нест. То ин дам Б. Раҳмонов, раиси гурӯҳи корӣ, ваъдаи худ ба эълони рӯзи ҳамоиш дар рӯзномаҳоро иҷро накардааст.

– Шумо аз нахустин намояндаҳое ҳастед, ки тоҷикони Самарқанд интихоб кардаанд, аммо чиро то ҳол касони дигар дар ин вазифа нишастаанд?

Ҳамин 3-4-нафар аксариятро, ки бандаро ҷонибдорӣ мекунанд, аз ҷои кору хона пайдо карда ва аз раъяшон гардониданӣ мешаванд, яъне мегӯянд, ки Шарофиддиноваро ҳукумат бад мебинад ва вай дар рӯихати сиёҳ қарор дорад, аз ин лиҳоз набояд рӯзи маҷлис аз ӯ ҷонибдорӣ карду ба вай овоз (раъй) дод. Ҳатто нафаре аз гурӯҳи корӣ ба таври алоҳида бо банда вохӯрда, гуфт: “Дар асл аз шумо арзандатар номзад нест, аммо ҳукумат шуморо намехоҳад ва мутаассифона шумо дар канори зиёда аз 60 нафар дар рӯихати сиёҳ қарор доред. Аз ин лиҳоз шуморо мардум раис интихоб кунанд ҳам, адлия марказро бо номи шумо сабт намекунад.” Бо баёни ин нукта, ӯ аз пасу пеш мисолҳо оварда, чунон кӯшиш кард, ки номзадиямро пас бигирам. Иброз дошт, ки метавонам пас аз интихоби яке аз номзадҳои боқимонда дар ҳайъати риёсати он фаъолият кунам. Бароям торик аст, ки ин зумра худашон намехоҳанд, ки банда дар ин вазифа бошам ва ё хоҷагонашон, яъне ҳукуматиҳо, инро намехоҳанд. Мехоҳам ба фоидаи кор номзадиямро гирам, аммо мардум бо исрор намегузорад, ки ин сон рафтор кунам.

– Чаро ҷавонон дар ҷаласаҳои фарҳангӣ камтар ҳузур доранд?

Ҷавонон, ки бештар донишомӯзони мактабҳои миёна, колеҷу лисе ва макотиби олиянд, хеле пуркоранд ва хоҳ-нохоҳ дар тадбирҳои муассисаҳои худ ба таври ихтиёрӣ-иҷборӣ ширкат мекунанд. Аммо дар кунсертҳо мушорикати онҳо фаъол аст. Дар давраи омӯзишии Саидмурод Давлатов, ки се рӯз дар Самарқанд давом карду дар якеаш худам ҳам ширкат доштам, дидам, ки шунавандагон асосан ҷавонон буданд. Дуруст аст, ки ширкат ва нақши онон дар ҷаласаҳо кам ба назар мерасад. Инҷо пеш аз ҳама, айби мо калонсолон аст, ки онҳоро ба дараҷаи зарурӣ ҷалб карда наметавонем.

– Дар ин як соли гузашта, ки хабарҳои мусбат аз Узбекистон расид, чи пешравиҳое дар вазъи тоҷикон ба назар мерасад?

Дар сатҳи ҷумҳурӣ бошад, хеле чорабиниҳои зиёде ба амал пайвастаанду мепайванданд: рӯзҳои бузургдошти Камоли Хуҷандй, Умари Хайём, Мирзо Турсунзода, бо мушорикати ҳайъатҳое аз Тоҷикистон ба роҳбарии Низоми Қосим, раиси иттиҳодияи нависандагони он кишвар, баргузории намоишгоҳи аксҳои рӯзноманигори тоҷикистонӣ Шуҳрати Ёр, шаби эҷодии Асад Гулзодаи Бухороӣ, шаби ёдбуд ва рӯнамоии китоби “Ширу шакар”-и Ҷонибеки Кувнок дар ноҳияи Фориши Ҷиззах ва дар ноҳияи Сухи вилояти Фарғона, комилан ба тариқи расмӣ амал кардани забони тоҷикӣ, пахш гардидани намоишҳо ба забони тоҷикӣ ба воситаи шабакаҳои гуногуни телевизиюнии ҷумҳурӣ, ба узвияти Иттиҳодияи нависандагон пазируфта шудани ду адиби тоҷик, яъне Ҷаъфари Муҳаммад ва Асадулло Шукуров аз қабили инҳост. Дар соҳаи илм бошад, ба донишгоҳҳои Тоҷикистон пайвастани донишомӯзони узбакистонӣ, фаъолияти Шӯрои дифоъи рисолаҳои илмӣ дар Донишгоҳи Самарқанд ба забони тоҷикӣ ва дар ҳайъати он ҳузур доштани олимони Тоҷикистон, дар Донишгоҳи Тирмиз баргузор шудани кунферонси байналмилалӣ бо унвони “Робитаҳои адабӣ ва муколамаи фарҳангҳо”, иштироки узбакистониён дар ҳамоишҳо ва рӯйдодҳои зиёди илмию фарҳангӣ дар Тоҷикистонро метавон мисол овард. Бо суръати суст ҳам бошад, кушода шудани синфҳои тоҷикӣ дар мадориси Самарқанд, таъмири ҷиддии осорхонаи С. Айнӣ, таъмиру обод гардидани қабрхои Пайрав Сулаймонӣ ва Ҳоҷӣ Абдулъазиз Абдурасулов, гузошта шудани ҳайкали Ҷомиву Навоӣ, ин ҳама мардумро рӯҳбаланд мекунад. Ҳоло дар чанде аз мактабҳои шаҳру ноҳияи Самарқанд ва Ургут хоҳиши кушодани синфҳои тоҷикӣ пайдо гаштааст ва эҳтиёч ба мутахассисон вуҷуд дорад.

– Аз фаъолиятҳои рӯзонаи худ гуед, лутфан, маъмулан ба кадом мавзӯъҳо ва масъалаҳо машғул ҳастед?

Фаъолияти рӯзонаи банда: таҳияи китоби “Китобшиносии тоҷик дар замони истиқлоли Узбекистон / солҳои 1990-2019/”, ки рӯзҳои наздик рӯи чопро хоҳад дид; таълифи китоби “Адибони тоҷики Узбекистон”; пайваста бо ин, тартиб додани рӯихати дақиқи мактабҳои соф ва омехтаи тоҷикӣ дар кишвар, омӯзгорони он ва омӯхтани талабу дархости онҳо. Ҳамин як моҳ аст, ки гурӯҳеро тартиб додем бо мақсади беҳбуд бахшидан ба сифати китобҳои дарсии тоҷикӣ аз ҳамаи фанҳо ва барои ҳамаи синфҳо ва ҳама бо ҳам хайрхоҳона саргарми ин корем. Инчунин дар мавзӯъҳои гуногун мақолаҳо низ менависам.

– Оё ҳузури занон дар ин ҷаласаҳо ва марокизи фарҳангӣ дар муқоиса бо солҳои пешин пуррангтар шудааст?

Нисбат ба солҳои пешин мушорикати занони мо, хусусан самарқандиҳо, дар ҷаласаҳо камранг аст. Ҳоло занони мо худашон барои худу аҳли ҷомеъа душвориҳоро пеш меоранд. Тӯю маъракаҳои пурхарҷ мекунанд, хонаҳояшонро канда, хонаҳои баланду нав месозанд, байни ҳам доду гирифтҳои хеле зиёду беҳуда мекунанд, ки аз рӯи ҷоҳилист. Бо ин мақсад, бовар кунед, аз ҳар се хонадон як ё ду нафар занҳо дар хориҷа, пештар Русия буд, ҳоло дар Туркияву Исроил, кор мекунанд ва ин ҷараён аз пешина ҳам бештар шудааст. Қисме аз занҳо дар корҳои давлатӣ ҳастанд ва қисме нигоҳубини фарзандони занҳои парешонро бар уҳда доранд. Пас оё онҳоро метавон ба ҷаласаҳо ҷалб кард?

– Аз мактабе, ки Тоҷикистон дар Узбекистон бунёд кард, чи иттилоъ доред?

Ҳамин қадар маълумот дорам, ки барои мактаби Тоҷикистонро дар Узбекистон, яъне дар Самарқанд, сохтан мутасаддиён се ҷойро дар ноҳияи Самарқанд, шаҳри Самарқанд ва ноҳияи Ургут дида ва ба қароре омадаанд, ки дар деҳаи Камонгарон, ки аҳолияш 12.000 нафарро ташкил медиҳад, сохта шавад ва ҷои сохтмон низ муқаррар шудааст. Зеро дар ин деҳа дар ду мактаб: мактаби шумораи 49, ки барои 480 хонанда сохта шуда буд, 1014 нафар ва мактаби шумораи 102, ки барои 740 нафар сохта шуда буд, дар айни ҳол 1440 донишомӯз таҳсил мекунанд. Ин коре буд аз ҳар тараф дуруст ва мардум низ аз ин иқдом хурсанд буданд, аммо ҳоло мардуми Камонгарон аз он ки дере нагузашта тасмими болоиҳо дигар шудааст, норозиянд, зеро қарор бар ин шуда, ки сохтмони мактаб дар деҳаи пойинтар, яъне дар Мерганча сохта шавад. Ҳоло ба гуфтаи ҳолдонҳо он ҷо ҷои таҳкурсии сохтмон кофта шуда, корҳое тахминан ба маблағи 100 милюн сум иҷро шудааст. Нозукии масъала дар он аст, ки ба гуфтаи мардуми Камонгарон, аҳолии Мерганча ғолибан узбактаборанд. Магар ин мактаб барои тоҷикон набуд?

– Вазъи мактабҳо оё беҳбуд ёфтааст?

Маводди иловагии таълим ба тоҷикӣ тақрибан вуҷуд надорад. Чанд маротиба дар ҷаласаҳои Шӯрои илмию услубии маркази ҷумҳуриявии таълим ин масъала аз тарафи аъзои он мавриди баррасӣ қарор гирифт, аммо бенатиҷа боқӣ монл. Рӯихати адабиёти хониши берун аз синф барои ҳар кадом аз синфҳо маълум аст, аммо барои таҳия ё пайдо кардани он аз тарафи мутасаддии ин марказ чорае ҷуста намешавад. Агар имкони дар кишвари худамон тартиб додани он набошад, пас бо истифода аз имконоти васеъи ҳамкорӣ чи асбобҳои аёнӣ ва чӣ адабиёти лозимиро бо қарордод ва роҳҳои дигар ой наметавон аз Тоҷикистон дархост кард? Масъалаи такмили ихтисоси омӯзгорон ба забони тоҷикӣ, кӯмаки услубӣ расонидан ба онҳо, омӯхтани таҷрубаи пешқадами солҳои охир бисёр вахим аст.

(поён)

Tags: Адаши ИстадАмина ШарофиддиноваДонишгоҳи давлатии СамарқандОвози СамарқандСамарқандӮзбекистонфорсизабононҲаёти НеъматҲазрати Сабоҳӣ

Related Posts

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом
Сиёсат

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом

5 November 2019
Аъзами Толиқонӣ: Ҳалқаи пайванди феминистҳои секулору мазҳабӣ
Women

Аъзами Толиқонӣ: Ҳалқаи пайванди феминистҳои секулору мазҳабӣ

5 November 2019
Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?
Women

Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?

1 November 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо