Яке дигар аз гузоришҳое, ки кормандони рӯзномаи “Овози Самарқанд” бароям ба унвони мақолаи бартар фиристодаанд, ба қалами Тошқул Азимзода, яке аз рӯзноманигорони қадимӣ ва пуркори ин рӯзнома таъаллуқ дорад. Ман дар солҳои донишҷӯӣ бахти ҳамкорӣ бо эшонро доштам ва эҳтироми вижае ба эшон ва назми кории эшон доштам ва ҳануз ҳам дорам. Аммо ин нақд дар бораи яке аз навиштаҳои ин рӯзноманигори варзида аст ва на натиҷаи ҳамаи солҳои кории эшон ба унвони рӯзноманигор.
Мақола бо унвони “Аз гармоба чизе беҳтар насохтаанд”, дар ҳаҷми 865 калима мунташир шудааст. Мавзӯъи он бозсозии гармобаҳои хосси минтақа аст, бо ишора ба зарурати он барои покӣ ва саломати инсон ва бо ишора ба тавсияҳои Ибни Сино.
Мавзӯъи гузориш ва таҳқиқи густардае, ки рӯзноманигор барои навиштани ин гузориш анҷом дода, комилан аён аст. Нишон додани нархи хадамоти ҳаммомҳои Самарқанд қабл ва баъд аз гаронӣ, омори сохтани гармоба бар асоси шумораи сокинони маҳал ва нокофӣ будани теъдоди гармобаҳои мавҷуд, тахриби гармобаҳои қадимии Самарқанд ва бозсозӣ нашудани онҳо, далоили ҷаҳиши якбора ва бесобиқаи нархи истифода аз ҳаммомҳои Самарқанд, пайванди он бо афзоиши нархи гозу об ва омори дақиқи аз чанд ба чанд расидани гозу об, ҳама аз пажӯҳиши рӯзноманигор ва тачруба ва заҳмати зиёди ӯ дар ин замина гувоҳӣ медиҳад. Ишора ба дастури мақомот барои сохтани гармобаҳои ҷадид ва аҳаммияти онҳр барои саломати мардум, аммо басарфа ва ҷаззоб набудани онҳо барои сармоягузорон ва муштариёни маҳаллӣ аз зеҳни фаъол ва интиқодии нависандаи гузориш паём медиҳад. Бавижа, овардани иқтибосе аз «Қобуснома»и Унсурулмаъолии Кайковус, ки унвони гузориш низ баргирифта аз он аст, сутуданист.
Гузоришгар овардааст: Ҳанӯз дар асрҳои XI-XII Унсурулмаъолии Кайковус дар «Қобуснома» дар боби «Андар ойини гармоба рафтан» баробари баёни одоби гармобаравӣ дар бораи ҳаммом чунин гуфтааст: «…Аммо гармоба сахт хуб чизе аст ва шояд гуфт, ки то ҳокимон биноҳо ниҳодаанд, аз гармоба чизе беҳтар насохтаанд…»
Аммо забони гузориш омехта бо гуфтори омиёна аст ва гоҳе он қадар омиёна мешавад, ки онро басароҳат метавон мушоҳида кард. Ҷоҳое ҳам намешавад ташхис дод, ки ин идомаи суханони мусоҳиб аст ё назари худи гузоришгар:
“Мо, — гуфтанд Ҷ. Саидмуродов ва Д. Тошев. – Нархи ҳаммомро аз ҳамин сабаб зиёд кардем. Илоҷи дигар набуд. Чунки муроҷиати мо дар ин масъала ба идораи “Марказгазтаъминот” ва Қабулхонаи халқии Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар Самарқанд бе натиҷа монданд. Бовар кунед, баланд шудани нарх ба иқтисодиёти худи ҳаммомҳо низ таъсири манфӣ мерасонад. Чунки аз ҳоло шумораи мизоҷон кам мешавад. Мо намедонем бо фарорасии рӯзҳои гарм чӣ кор мекунем. Чунки одатан дар гармо одамон ба ҳаммом хеле кам меоянд ва вазъияти иқтисодиамон ба саривақт додани музди меҳнати ходимон ва андозҳои давлатӣ имконият намедиҳад. Пештар онҳоро аз ҳисоби фоидае, ки дар моҳҳои тирамоҳу зимистон мегирифтем, мепардохтем.”
Мутаассифона, шурӯъи гузориш низ чунин эродро дорост: “Соли гузашта ҳангоми пресс-тур ба ноҳияи Каттақӯрғон ҳокими ноҳия А. Баҳромов ба журналистон гуфт, ки хуб мешуд, агар дар ҳар деҳаи ноҳия ҳаммом сохта шавад. Дар ҳар деҳа будани ҳаммом ба кайфият ва самаранокии фаъолияти меҳнатӣ ва таълимии сокинони он бе ҳеҷ шубҳа таъсири мусбӣ мерасонад, албатта. Зиёда аз ин шарти аввалини тандурустӣ ва дидани умри дароз тозагӣ ва озодагӣ аст. Абӯалӣ ибни Сино дар асарҳои худ ҷиҳатҳои шифобахшӣ ва ба организми одам фоиданокии ҳаммомро борҳо қайд намудааст.
Ҳамин тавр, ман бори аввал дар ин бора фикр кардам ва баъди бозгашт аз пресс-тур бо қоидаҳои санитарӣ ва меъёрҳои гигиение, ки соли 2014 инҷониб дар Ҷумҳурияти Ӯзбекистон амал мекунанд, шинос шудам. Мувофиқи он ғунҷоиши ҳаммомро аз рӯйи шумораи аҳолӣ муайян мекарданд. “
Қалами Тошқул Азимзодаро агар бо навиштаҳои солҳои навади эшон муқоиса кунам, тағйири зиёде тақрибан нахоҳам дид. Ҳангоме, ки дар 16-солагӣ, дар соли 1992 ба унвони “чашми дувум”, яъне мусаҳҳеҳ ё ғалатгири имлоӣ, дар рӯзномаи «Овози Самарқанд» ба аввалин шуғли расмии худ шурӯъ кардам, бо қалами Тошқул Азимзода ва дигар нависандаҳои ҳамешагии он ошноӣ пайдо кардам ва аз ин ҷост, ки метавонам навиштаҳои бисёре аз рӯзноманигорони Самарқандро бо навиштаҳои имрӯзии онҳо муқоиса кунам ва мизони пешрафт ё пасрафти онҳоро арзёбӣ кунам. Аз сохтори ҷумлаҳои онҳо бифаҳмам, ки бештар бо чи забоне мутолеъа мекунанд.
Бояд ишора кунам, ки аввалин шуғлам “корректор” ё ҳамон ғалатгири имлоӣ буд, на виростор, ки ҳирфаи муҳимме дар рӯзноманигорист ва дар замони шӯравӣ ин вазифа бар уҳдаи мудири бахш ва пас аз он сардабири рӯзнома буд.
Пас аз фурӯпошии давлати Шӯравӣ, дар бисёре аз рӯзномаҳо виросторӣ ба унвони шуғле ҷудогона ва воҷиб пазируфта шуд ва тамоми матолиби рӯзномаро пас аз бозхонии мудири бахш, сардабири рӯзнома бояд бо диққати тамом бознигарӣ мекард. Ғалатгири имлоӣ ба унвони назари охир ҳар чиро ки дар сафҳаи рӯзнома дар тарроҳии ниҳоӣ қарор гирифта буд, барои охирин бор калима ба калима мехонд.
Ин сохтор бояд дар ҳамаи рӯзномаҳои мо бошад. Ғалат мунташир кардани гузоришу мақолаҳо обрӯ ва эътибори рӯзнома ва кулли гурӯҳи кории расонаро пойин мебарад ва зери суол қарор медиҳад. Ин ҳама ғалат ва ин ҳама бемасъулиятӣ моро ба ин фикр водор месозад, ки оё кори худро ҷиддӣ мегиранд ё аслан ба моҳияти он мерасанд ё хайр. Ба назар мерасад, ки дар айни ҳол дар рӯзномаи «Овози Самарқанд» танҳо як ё ду чашм матнҳоро мехонанд ва ҳатто зоҳиран сардабир замони бозхонии ҳамаи матолибро надорад. Виростору ғалатгири рӯзнома, агар чунин афроде машғули коранд, бояд бе шак иваз шаванд. Омори ғалатҳои имлоӣ ва теъдоди ҷумлаҳои бемаънӣ ва калимаҳои бегона дар 90 дарсади матолиби мунташиршуда дар ин рӯзнома аз ҳад зиёд аст.
Ғалатҳо фаротар аз гузоришу мақола ва матни хабарҳо низ меравад ва дар асомии бахшҳо низ дида мешавад.
Мисоли кӯчаке меорам аз мақолаи мавриди нақди мо, ки дар торихи 15 феврияи соли 2019 дар бахши “Ҷамъият” мунташир шудааст. Ин бахшро «Ҷамъият» номугзорӣ кардан ғалат аст, бояд ё «Ҷомеъа» бошад ё «Иҷтимоъӣ». Ва ин гуна мисолҳо зиёд аст ва моро аз мавзӯъ хориҷ мекунад, агар ба ҳамаи асомии бахшҳо бипардозам.
Ҷумлаҳои бемаънӣ ва калимаҳои беҳадаф нишоне аз зеҳнияти норӯшан
Нуктае, ки дар бисёре аз навиштаҳои рӯзноманигорони “Овози Самарқанд” диққатамро ҷалб кард, теъдоди аз ҳад зиёди ҷумлаҳоест, ки дар асл ҳеч маънӣ надоранд ва танҳо иборат аз рада кашидани чанд истилоҳи масалан аз назари нависанда муҳим канори ҳаманд. Далели шакл гирифтани чунин ҷумлаҳо, ба назарам, тарҷумаи таҳтуллафзӣ ё вожа ба вожаи ҷумлаҳо аз забонҳои русӣ ва узбакӣ аст. Яъне тарҷума кардани ҳар калима ба форсии тоҷикӣ ва канори ҳам чидани онҳост. Хулоса, тарҷумаи ғайриҳирфаӣ, ки тахрибгари забон аст ва қотили маънӣ. Чизе ҷуз сиёҳ кардани сафҳа нест.
Худ қазоват кунед: “Зиёд шудани нархи маҳсулот ё ки хизматрасонӣ ҳодисаи муқаррарие дар шароити иқтисоди бозоргонӣ аст.”
«Ҳамаи онҳо чун ҳаммоми мирзоӣ (бозори сандуқ) дар таърих монданд.»
«Дуруст аст, ки аз рӯи барномаҳои давлатии “Қишлоқи обод” ва “Маҳаллаи обод” сохтани ҳаммомҳо ба нақша гирифта шудаанд.»
Дар бораи феъли “мебошад”, ки аслан фасеҳ нест ва аз зебоиву фасоҳати калом мекоҳад, шояд дар мақолае ҷудогона бинависам, чун ин нақс тақрибан дар ҳамаи расонаҳои маҳаллии тоҷикӣ роиҷ аст. Инҷо танҳо фақат таъкид мекунам, ки ба кор бурдани «аст» ба ҷои «мебошад» забони гузоришро як дараҷа зеботару равшантар ва дақиқтар мекунад.
“Ҳоло фаҳмидам, ки масъалаи ҳаммом андаке нозук мебошад.” = Ҳоло фаҳмидам, ки масъалаи ҳаммом андаке нозук аст.
Ё ба ҷумлаи аслӣ лутфан таваҷҷуҳ кунед:
“Мисол, дар деҳае, ки 3000-4000 аҳолӣ зиндагӣ мекунад, ҳаммоми ғунҷоишаш 15-20 кас, пункти аҳолинишина, ки 4000-5000 нафар сокинон дорад ғунҷоишаш, 50 кас сохтан пешбинӣ шудааст.”
Ин ҷумларо инҷо вироиш мекунем: «Барои мисол, дар деҳае, ки ҳудуди 3 то 4 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд, бояд гармобае бо зарфияти 15 то 20 муштарӣ сохта шавад, агар шумори сокинони деҳа бештар, масалан, аз 4 то 5 ҳазор бошад, пас зарфияти гармоба бояд 50 нафар бошад.
Бо вуҷуди ин чанд намуна ёроди нигориш аз нависандагони пуркори мо ҳастанд ва умед зиёд аст, ки сабки нигориши худро низ ба зудии зуд барӯз ва созгор бо меъёрҳои замона хоҳанд кард ва бе шак қаламашон бурротар ва ифшоганоратар аз қабл хоҳад шуд.
Ишколоти умдаи расонаҳои маҳаллӣ
Яке аз далоили парешон ва якдаст набудани насри нависандагони тоҷик набуди нақди шаффофу мунсифона аст. Нақднависӣ дар мо аз байн рафта ва он чи монда, ба таҳсину ташвиқи донишомӯз аз сӯи муъаллим дар солҳои ибтидоии мактаби миёна мемонад, дар ҳоле ки аз он ба баъд ҳамаи ҷумалот бояд дурусту дақиқ бошад. Агар хатое дар матн ҳаст, бояд тазаккур дода шавад, то он иштибоҳ аз қалами нависанда зудуда шавад ва қаламаш гиротару равшантар аз қабл гардад. Яъне бо нақди фақат мусбат ва хушомадгӯёна мо ба пешрафти нависанда ва рушди ҳунарии ӯ ҳеч кумаке намекунем. Ин амалро бисёре аз мо ба таври нохудогоҳ анҷом медиҳем ва аз ошкор кардани иштибоҳоти нависандагоне, ки бештарашон дӯст ё ошно ё ҳамкорамон ҳастанд, даст нигаҳ медорем.
Ин кудурати адабӣ мутаассифона дар бисёре аз мо ниҳодина шуда ва барои пӯшондани ин хислати манфии инсонӣ, аз касоне, ки нақди мунсифона мекунанд, низ пуштибонӣ намекунем ва онҳоро баръакс ба хусумат ва бадбинӣ муттаҳам мекунем.
Некӣ дар ҳаққи қалам ва адабиёт нақди мунсифона аст ва ангушт гузоштан бар иштибоҳот, чун касе бенққсон нест ва ҳамаи мо иштибоҳоте дорем. Чашм пӯшидан аз он иштибоҳот қуфл задан бар дарҳои пешрафти мост.
Аз ҳамаи дӯстон ва ҳамкорон даъват мекунам, ки ҳар навиштаеро мехонанд, ба нукоти мусбат ва манфии он огоҳона таваҷҷуҳ кунанд ва ба нависанда тазаккур диҳанд, агар ғалате имлоӣ ё нигоришӣ дар он мебинанд.
Аммо агар навиштаҳо бидуни вироиш ва нақди мунсифона сар аз рӯзномаҳо ва нашри умумӣ дармеоваранд, ин нишонае аз сатҳи пойини он расона ва ғайриҳирфаӣ будани кори он аст.
Боло бурдани сатҳи рӯзнома, пеш аз ҳама, ба аз байн бурдани ҳар гуна ғалати забонӣ ва имлоӣ ва ҳатто ғалатҳои фаннӣ муртабит аст. Ғалати рӯзнома ба одати забонии хонанадагони он табдил мешавад ва ин аст, ки иштибоҳ дар расона ҷурме фарҳангӣ маҳсуб мешавад ва кормандони ҳар рӯзномае бояд дар баробари он масъулиятпазир бошанд. Агар ҳайъати дабираи расона ё нашрия забонро хуб балад нестанд ё аз ҳунари нигориш ба наҳви аҳсан бархурдор нестанд, пас бояд аз мутахассисон кумак бигиранд ва барои онҳо бояд давраҳои омӯзишии мудовим ва пайваста баргузор кард.
Зеҳни ҳама дарҷо мемонад, агар мутолеъаи ҳамвора бо забоне, ки менависанд, анҷом нагирад. Мутолеъа бо хондани сатҳӣ фарқ дорад. Мутолеъа баррасии ҳамаҷонибаи матн ва дарки дақиқи мафоҳим ва истилоҳоти он аст.
Яке аз бемориҳои имрӯзи расонаҳои тоҷикӣ ин аст, ки рӯзноманигорон истилоҳоти дақиқи иҷтимоъӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва равоншиносиро бидуни он ки аз расонаҳои пешгом бихонанд ва ҷамъоварӣ кунанд ва ё ба луғатномаҳои ҷадид муроҷеъа кунанд, талош мекунанд бо калимаҳои тасодуфӣ маънои онҳоро бозгӯ кунанд. Ин вазъ тақрибан дар ҳамаи рӯзномаҳо ба чашм мехурад, ва ин аст, ки мардум ҳануз аз унсурҳои ҷадиди замони худ бохабар нестанд.
Рӯзномаҳо ҳануз натавонистаанд ҳуқуқи башар ва баробарии ҳуқуқи инсонӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандиро ба мардуми худ муъаррифӣ кунанд, то дар мавриди ниёз аз ҳуқуқи аввалияи худ истифода кунанд.
Пас, яъне рӯзномаҳои мо то ҳол чи кор кардаанд?!
Феҳрасти калимаҳои иштибоҳ дар гузориши мавриди нақд:
гигиене = беҳдошт, беҳдор
пресс-тур = тури расонаӣ ё тури матбуъотӣ
ҳокими ноҳия А. Баҳромов = ин шакли номнависии русӣ аст. Бояд аввал исми комил ва баъд аз он вазифаи шахс оварда шавад. Мутаассифона, асомии афрод дар ҳамаи матнҳои «Овози Самарқанд» ба шеваи расонаҳои русӣ зикр мешавад.
организми одам = узви бадан
қоидаҳои санитарӣ = қоидаҳои беҳдорӣ ва дармонӣ
меъёрҳои гигиене= меъёрҳои беҳдоштӣ ё беҳдорӣ
пункти аҳолинишин = ин истилоҳи мандаровардӣ аслан маънӣ надорад ва мешавад онро аз матн ҳазф кард ва ба маънӣ халале ҳам намерасад.
Садорати статистика = Маркази оморгирӣ
шахсони юридикӣ = афроди ҳуқуқӣ
сауна = гармобаи хушк
Ҳамкорамон Б.Рустамзод = инҷо низ тартиби нивиштани ном русӣ аст, бояд аввал исми комили фард ва баъд калимаи «ҳамкорам» оварда шавад.
қимат шудан = гарон шудан
бомасъулиятона = масъулона
буҷети оила = даромади молии хонавода
саҳлнигорона = дар ин ҷумла бояд саҳлангорона бошад, чун саҳлнигорона маъно надорад…
(Акс баргирифта аз сойти «Овози Самарқанд» аст)
Шаҳзодаи Самарқандӣ



