Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

Гармои бесобиқа дар Урупо ва бознигарии ҳуқуқи шаҳрвандон дар ҳавои гарм

Барномаи Ҳизби сабзҳои Олмон: Ҳаққи шаҳрвандон дар бархурдорӣ аз шароити қобили таҳаммул дар тобистон

shahzoda by shahzoda
28 July 2019
in Human rights, Ҷомеъа
Гармои бесобиқа дар Урупо ва бознигарии ҳуқуқи шаҳрвандон дар ҳавои гарм

24 моҳи июли имсол Урупо гармтарин тобистони худро таҷруба кард. Гуфта шудааст, ки дар сад соли гузашта гармои боло 38.5 дараҷа дар бисёре аз кишварҳои Урупо гузориш нашуда буда. Ширкати ҳавосанҷии Ҳулланд эълом кард, ки 140 сол қабл гармои тобистон дар ин кишвар ба 40 дараҷаи болои сирф расида буда ва ҳол, пас фосилаи беш аз 100 сола тобистони имсол чунин гарморо дубора мушоҳида мекунанд.

Дар ин гармои бесобиқа дар Олмон Ҳизби Сабзҳои ин кишвар дар Бундестог, порлумони Олмон, барномае дар бораи гармо ва ҳуқуқи шаҳрвандон ироа додааст. Дар ин барнома буҳронҳои иқлимӣ хатаре барои саломатии мардум унвон шуда ва гуфта шудааст, ки «мо бояд худро барои афзоиши буҳронҳои иқлимӣ ва амвоҷи гармо омода кунем». Ин барнома аз сӯи Онтун Ҳуфройтер, раиси фроксиюни Ҳизби сабзҳои Олмон дар Бундестог, ва Беттино Ҳуфман, коршиноси муҳити зист, таҳия шудааст. Онҳо аз ҷумла пешниҳод додаанд, «то замоне ки далоили иҷроии мухолифе вуҷуд надошта бошад, ҳамаи кормандон ҳақ дошта бошанд дар хона кор кунанд». Коркуноне, ки дар хориҷ аз манзил кор мекунанд, ба унвони мисол дар бахшҳои сохтусоз, кишоварзӣ ва ё тамиз кардани сохтмонҳо, бояд «замоне ки гармо саломатро дар хатар қарор медиҳад, ҳаққи ҳавои хунукро дошта бошанд». Онҳо мегӯянд давлат мардумро дар гармои шадиди тобистон танҳо гузоштааст. Ҳизби сабзҳо хоҳони ҳифозат аз афроди солманд дар баробари гармо, эҷоди «утоқҳои сард» дар марокизи дармонӣ ва системи таҳвияи матбӯъи хунаккунанда дар сохтмонҳо, ва ҳамчунин эҷоди марокизи оби ошомидании ройгон шудааст. Ҳизби Сабзҳои Олмон бахше аз тарҳи худро низ ба эҷоди фазоҳои сабз ихтисос додааст. Дар рӯзҳои ахир кишварҳои урупоӣ, бавижа Олмон, Фаронса, Белжик ва Ҳуланд бо гармои бесобиқае мувоҷеҳ шудаанд. Дараҷаи ҳарорат дар ғарби Олмон то 41 дараҷа ҳам расидааст.

Tags: гармогармои бесобиқа дар ОлмонОлмон Ҳизби Сабзҳо

Related Posts

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом
Сиёсат

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом

5 November 2019
Аъзами Толиқонӣ: Ҳалқаи пайванди феминистҳои секулору мазҳабӣ
Women

Аъзами Толиқонӣ: Ҳалқаи пайванди феминистҳои секулору мазҳабӣ

5 November 2019
Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?
Women

Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?

1 November 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо