Озода Порсопур
Моҳи сентябр дар Омрико ва Бритониё моҳи иттилоърасонии PCOS аст. Агар намедонед PCOS чист, аз шумо хоҳиш мекунам ин навиштаро то охир бихонед. Ҳудуди 10 дарсади занон дар синини борварӣ дучори ин ихтилоли ғадуди дарунрез ҳастанд, ки сандруми тухмдони пуркист ё ҳамон PolyCystic Ovary Syndrome ном дорад.
Зиндагии ман аз 17-18-солагӣ бо ин сандрум дучори ихтилолоти зиёде шуда. Тақрибан то панҷ сол пеш дар борааш бо касе ҳарф намезадам, чун хеле фишори рӯҳӣ бароям дошт. Аммо аз вақте аз Эрон берун омадам, роҷеъ ба он хеле хондам ва баъди ин ҳама сол иттилоъоти кофӣ дорам дар борааш. Аввалин бор ки назди дуктури ғадуд рафтам, он ҳам ба ташхиси падари худам, дуктур ҳатто панҷ дақиқа вақт нагузошт барои ман тавзеҳ бидиҳад, ки ин ихтилол чист. Он қадр бадахлоқ буд ва он қадр муъаззаб будам, ки нусхаро гирифтам ва баргаштам хона. Ҳамеша азоб кашидам ва аворизи ин ихтилолро, ки мисли йу-йу меравад ва бармегардад, дар сукут таҳаммул кардам. Аммо ба назарам хеле муҳим аст, ки бештар бидонем дар борааш. Ҳам занҳо ва ҳам мардҳо.
PCOS бемории кушанда нест, аммо чун дақиқан маълум нест чиро иттифоқ меуфтад ва дармони қатъӣ надорад ва музмин аст, зиндагии занеро, ки бо он даргир аст, тақрибан тамоми умр таҳти таъсир қарор медиҳад. Ба забоне сода, мушкил инҷост, ки тухмдонҳо кист месозанд ва теъдоди зиёде ҳам месозанд. Мизони ҳормунҳои мардона боло меравад ва ин боъиси бурузи аворизе мешавад, мисли чоқӣ, резиш ва нозук шудани мӯ, ҷӯши сурат, рушди мӯйҳои зоид (изофӣ), ҳайз ё одати моҳиёнаи номураттаб, ихтилол дар хоб, тағйири хулқу хӯ ва нозоӣ. Тамоми ин авориз бо ҳам ё ба як шиддати баробар дар ҳамаи занони мубтало дида намешавад. Ин ихтилол дармони қатъӣ надорад. Бо қурсҳои ҳурмунӣ, ки мутадовилтаринашон қурси зидди бордорӣ аст, баъзе авориз кам мешавад, аммо баъд аз як муддат дубора бармегардад.
Касоне, ки тухмдонҳои пуркист доранд, баданашон ба инсулин муқовим мешавад, бино бар ин вақте шумо ғизо мехӯред, инсулини зиёдтар аз маъмул тарашшуҳ мешавад ва ин далели аслии афзоиши вазн, махсусан дар муҳдудаи шикам аст. Барои кунтрули қанди хун ва инсулин пизишкон доруи метафарминро таҷвиз мекунанд, ки доруи аслии диобет аст, ки бояд то охири умр масраф шавад. Мумкин аст худи ин ихтилол кушанда набошад, аммо беморро барои диобет мустаъид ё омода мекунад. Натиҷаи дигараш афзоиши фишори хун аст, ки худаш ба андозаи кофӣ авориз дорад. Хеле аз касоне, ки PCOS доранд, ба содагӣ наметавонанд бордор бишаванд ва ниёз доранд таҳти дармони пизишк бошанд.
Теъдоди доруҳое, ки барои дармони ҷушҳоям аз онҳо истифода кардаам, бисёр зиёданд. Мизони пуле, ки барои ҷаласоти лейзердармонии сурат ё чехра пардохтам, аз дастам даррафта. Ин ки ҳар кас ба одам мерасад, мегӯяд: ширинӣ нахӯр, гирду нахур, суратат чарб аст, бояд бо фалон маҳлул бишӯӣ, бояд рокутон бихӯрӣ ё… Ин ҳарфҳо ҳамеша озордиҳанда будааст. Мутмаин бошед, ман ҳама чизро имтиҳон кардам. Танҳо чизе, ки рӯи ман ҷавоб дод, ин ки аслан моддаи қанддор нахӯрам. Яъне ҳатто дар хӯрдани мева ҳам хеле диққат кунам, чун онҳо ҳам қанд доранд. Масалан ду моҳ куллан карбуҳидрот нахӯрдам ва шукулот ва ширинӣ ва бастанӣ ва ин ҷур чизҳо ҳам нахӯрдам. Ин ки мегӯям, яъне куллан қатъ кунед хурдани ин чизҳоро! Он мавқеъ шурӯъ кардам ба беҳтар шудан, ки албатта ба маҳзи катъ кардани режим, рӯз ба рӯз ин авориз аз нав шуруъ шуд.
Беҳтарин режими ғазоӣ барои ин ихтилол ин аст ки карбуҳидроте масраф бишавад, ки глукозро ором озод мекунад дар бадан. Яъне нону биринҷи қаҳваӣ масалан. Меваҳое бихӯрем, ки фибри зиёд доранд ва қанд камтар. Масалан себ ва гулобӣ (нок) хубанд ва ҳиндувона (тарбуз) бад!
Бадани заноне, ки тухмдони пуркист доранд, ба роҳатии бақия наметавонад вазнро кам кунад. Баданаш зидди худаш амал мекунад. Баҳси зиёд хурдан нест. Наметавонед тасаввур кунед чи фишоре ба одам меояд, вақте ки сари мизи шом дӯстатон ҳей исрор мекунад, ки чиро намехӯрӣ, бо ин ки ту ба андозаи бақия хӯрдӣ ва сер шудӣ, аммо чун аз бақия гундатарӣ фикр мекунанд пас мисли гов бояд бихӯрӣ. Вазни зиёд метавонад ба хотири таҳарруки кам, пурхӯрӣ ва режими носолим бошад, аммо метавонад ба хотири беморӣ ҳам бошад, ки барои занон якеаш PCOS аст.
Метобулисми пойин боъис мешавад колериҳо насӯзанд. Варзиш ва пиёдаравӣ хеле хуб аст ва масалан барои ин занон як соъат варзиши мулоим мумкин аст хуб ҷавоб надиҳад, аммо варзиши даҳдақиқаии шадид метавонад зарабонро боло бибарад ва агар шахс таҳарруки зиёд дошта бошад, олӣ аст. Бояд ба сӯхту сози бадан кумак кард. Вале дар ниҳоят бояд ҳамеша мувозиб буд. Режими яксола ва дусола нест. Дар тамоми тӯли умр бояд онро муроъот кард.
Аворизи ин беморӣ, ки аксаран рӯи зоҳири занҳо асар мегузорад, метавонад боъиси афсурдагии шадид бишавад. Махсусан вақте фард намедонад дақиқан чи вазъе дорад ва дуктураш низ ба худаш заҳмат намедиҳад тавзеҳе бидиҳад, бино бар ин, бояд ҳатман ба пизишк муроҷеъа кунед. Як озмоиши хун ва сунугрофӣ метавонад бемориро ташхис бидиҳад. Диққат кунед, ки агар қаблан озмоише додед ва кисти тухмдон доштед, лузуман ин ихтилолро надоред.
Ман вазифадорам дар ин замина иттилоърасонӣ кунам. Ман муассисоту анҷуманҳои мухталифи PCOS дар Омрико ва Бритониёро дунбол мекунам, аммо то ҳоло надидам ба забони форсӣ фаъолияти хоссе анҷом шуда бошад. Дидам, ки дар чанд торнамо пизишкон тавзеҳоте додаанд, аммо фаъолияти хоссе надидам. Агар пул ва вақташро доштам, дар ин бора торнамое эҷод мекардам. Омори 6 то 10 дарсади занон чизи каме нест ва медонам хелеҳо ҳастанд, ки аслан хабар надоранд, ки ин ихтилолро доранд ва худашонро сарзаниш мекунанд, чоқ ё каммӯ ҳастанд ё пӯсти баде доранд.



