Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

Чиро диктотурҳо аз қиссагӯён метарсанд?

Шаҳзода Назарзода (тарҷума аз инглисӣ Маҳин Даврон)

shahzoda by shahzoda
1 October 2019
in Minorities, Фарҳанг, Ҷомеъа
Чиро диктотурҳо аз қиссагӯён метарсанд?

(Ин мақола аввалин бор дар сойти www.thehuguepeace.org мунташир шудааст)

Ба торихи 29 июли соли 2018 гурӯҳе аз дучархасаворон, ки коре ба кори касе надоштанд, ба дасти теъдоде аз ҷавонони пайрави Доъиш дар Тоҷикистон кушта шуданд. Ҳадафи муҳоҷимон эҷоди тарсу ҳарос дар ҷомеъа ва мамонеъат аз гуфтугӯи байни тамаддунҳо дар амокини ҷуғрофиёие чун Тоҷикистон буд, ки пои гардишгарон ба чунин ҷоҳо камтар расидааст.

Ҳамакнун, бо гузашти як сол аз ин ҳодисаи ҳавлнок, Ҳусейн Абдусамадов, раҳбари ин герӯҳи теруристӣ, ки мустақиман аз Доъиш дастур мегирифт, ба хабарнигорони нашрияи омрикоии “Ню Юрк Тоймз” гуфтааст, ки аз ин кирдори ношоистаи худ пушаймон нест ва боз ҳам агар фурсат шавад, ҳар хориҷии кофареро, ки ба кишвараш меояд, хоҳад кушт.

Ин ҷаҳолатест, ки намунаашро башар дар қуруни вусто мушоҳида кардааст. Чиро чунин гумроҳӣ дар замони мо ҳам вуҷуд дорад? Инзиво, беиттилоъию бемаърифатӣ ва аз даст додани шароит барои зиндагии хушбахтона дар кишвар милюнҳо марду зани ҷавони тоҷикро водор месозад, ки фарзандон ва аҳлу иёли худро гузоранду барои кор дар шароити душвор ва ағлаб ғайриқонунӣ ба Русия муҳоҷират кунанд. Дар сахттарин лаҳазоти зиндагӣ дар муҳоҷират дар Русия онҳо ба Доъиш мепайванданд ва барои хидмат ба ин гурӯҳи ифротӣ ба Ховари Миёна қочоқ мешаванд.

Ривоятҳои бисёре дар бораи ин масъалаи ғамангез дар кишварҳои пасошӯравӣ вуҷуд дорад, вале ман қасд дорам фақат ба достонҳо ва достонсароӣ дар Тоҷикистон тамаркуз кунам. Достонҳое, ки ба шахс ҳувият ва имон ато мекунанд. Насли даврони мо насле гумшуда аст. Чи мо атбоъи бузургтарин қорра ё иқлиме будем, ки ниме аз нақшаи ҷаҳонро бо лаккаи сурхе пӯшонда буд, вале акнун баҳраамон кишварҳои ‘кӯчак’ ва ‘аз чашм уфтодае’ шудаанд, ки бояд меҳани худ бидонем ва мутеъи фармонравоёни мустабид ё диктотурҳои кӯчаки онҳо бошем. Милюнҳо нафар аз инсонҳо ҳастанд, ки ҳануз ҳам дар сӯги Истолин мегирянд ва ин ҷаҳл аст, ки онҳоро вомедорад, то чашмбароҳи диктотурҳои қудратманди дигаре бошанд, ки дар фаҳму дарки мазҳабияшон ҳамон Доъиш аст.
Ман ин вазъро дар як ришта муколама байни давлатҳо ва мардуми одӣ ба чашми сар мушоҳида мекунам. Муколамае, ки бояд мӯҷиби бақои достонҳои инфиродӣ ва мубтанӣ бар онҳо бошад, чун гуфтугӯи як инсон бо инсони дигар, то битавонад саркӯб ва шустушӯи мағзиро, ки бар зеҳни мардум дар замони Шӯравӣ ҳоким шуда, аз миён бибарад. Шӯравиҳо милюнҳо сарбоз тарбият карданд, ки акнун ҳар он омодаи пайвастан ба Доъиш ҳастанд.

Ин “истонҳои” кӯчак – кишварҳои пасошӯравӣ, сарзаминҳои “аз чашмҳо уфтода” ва камаҳаммияте нестанд, бал сарзаминҳое ҳастанд, ки метавонанд минтақаро дастхуши бесаботӣ қарор диҳанд, агар бихрадона мудирият нашаванд. Ҷаҳолат ва бесаводӣ душмане зиёнбор аст, ки низомҳои мудерн ва мардумсолор бояд аз он бим дошта бошанд. Ҷавомеъе, ки достонсароӣ ва гӯш додан ба достонҳои дигаронро канор гузоштаанд, бузургтарин душманони башарият ҳастанд. Бо сурудани достонҳои худ мо инсонҳоро ба маҳкамаи адолат мекашонем ва водорашон месозем, ки аз мо муроқибат кунанд, дӯст бидоранд ва мушкили моро ҳал кунанд. Тасавур кунед касе ба қисса ё достони шумо таваҷҷуҳе надошта бошад. Шумо гум шудаед. Ман аз насли гумшудае ҳарф мезанам, ки худам ба он таъаллуқ дорам. Мо ба шунида шудан, таваҷҷуҳ ва муроқибат дорем.

Ба унвони рӯзноманигор ва нивисанда, чи тур як нафар метавонад бигӯяд, ки кори ӯ ва осори ӯ ва эҳсосоти ӯ фарҳанге гумшуда дар кишвараш аст?

Ба назари ман, достонҳо дар тӯли мавҷудияти он лаккаи сурхи бузург дар нақшаи ҷаҳон, ки Иттиҳоди Шӯравӣ ном дошт, ҳамвора пушти парда пинҳон монда ва нопадид шудаанд, вале ҳаргиз арзиши худро аз даст надодаанд. Дарвоқеъ, раҳбарони худкома ба қудрати ростини достонсароӣ ва достонҳое, ки парда аз рӯи ҳақиқати афкор ва эҳсосоти самимонаи мардум бармедоранд, пай бурдаанд, бино бар ин, саъй кардаан ба ҳар шеваи мумкин мардумро аз ин бахши зиндагияш маҳрум нигаҳ доранд, аз ҷумла бо монеъ шудан аз нивиштан ва забту китобати достонҳои шифоҳӣ ва назорати шадид бар табъу нашр ва бозорҳои китоб.

Тайи даврони иштирокӣ шудани мазореъ, ки даҳсолаҳо тӯл кашид, вале ҳаргиз ба фарҷоми худ нарасид, афроди ҷудогона дар миёни мардуми одӣ ва интихоби табиъии раҳбаронашон таъсиргузор буданд. Ин ки гурӯҳҳои қавмӣ дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ ҳаргиз ба “инсони нави шӯравӣ” табдил нашуданд, ҳакикате мусаллам буд, ки давлати Шӯравӣ ҳамвора рад мекард. Онҳо ҳаргиз ба як инсони барномарезишудае табдил нашуданд, ки пайрави дину мазҳабе набошад, ҷуз хидмат ба ҳизби кумунист авлавияти дигаре надошта бошад, аз ҳеч гуна зеҳният ва афкори мустақиллона ҳам ҳаргиз бархурдор набошад. Инҳо маъмурияте дастнаёфтанӣ буд, ки шӯравиҳо дар зеҳни худ мепарвариданд. Як фарди одӣ табиъатан мехоҳад, ки ниёзҳояш мубтанӣ бар эҳсосот ва ғароизи инсонияш бошад, ҳарчанд ба ӯ чизи дигаре мегуфтанд. Онҳо ҳамчунон ба фарзандони худ достонҳои мазҳабиро қисса мекарданд, достонҳои торихии миллӣ ва қавмии худро аз бузургдошту шукӯҳи миллат ва забони худ қисса мекарданд. Бо саркӯби ингуна ниёзҳои отифии мардуми одӣ, ки коре ба сиёсат надоштанд, ин достонҳо ба зерзамин мунтақил шуданд ва ба рағми интизороти давлат, ин аносир барои ҳамаи наслҳо мумтозтару ҷаззобтар шуданд.

Дар он лаккаи сурхи бузургу паҳновар, ки Иттиҳоди Шӯравӣ ном дошт, сарзаминҳое ҳам буданд, ки русӣ забони модарияшон набуд. Даҳҳо миллат буд, ки забонҳояшон ба хонаводаи забонҳои исловӣ қаробате надошт. Кишварҳое монанди Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Гурҷистон, Арманистон ва ғайра. Акнун бо даст ёфтан ба истиқлоли миллӣ, ин диктотурҳои кӯчаки маҳаллӣ шояд дигар он қудратеро надошта бошанд, ки дар змони Шӯравӣ доштанд, аммо онҳо шеваҳои саркӯбро омӯхта ва тамрин кардаанд ва бо сабақ гирифтан аз иштибоҳоти кумунистон худкомагони кунунӣ гоме ҷилавтар аз мушкилоте бармедоранд, ки мумкин аст сиёсатҳои онҳоро тазъиф кунад. Онҳо аз бими мухолифони худ ҳарчи тангтар гулӯи ҳақиқатро мефишоранд. Онҳо мухолифонро ба андозае, ки “падарони кумунисташон” куштанд, намекушанд, аммо суханро, вожагонро қабл аз он ки гуфта ё нивишта шавад, мекушанд.

Ман наметавонам дар мавриди ҳамаи ғайрирусҳои Иттиҳоди Шӯравӣ сухан гӯям, аммо метавонам чашмандозе ба ончи бо суханварону достонсароён дар Тоҷикистон иттифоқ меуфтад, ироа бидиҳам. Имрӯзҳо, пешрафти достонсароӣ дар ҷавомеъи мудерни мо ҳидоят ва танзим мешавад, достонҳо дар кишварҳои дар ҳоли тавсеъа тазъиф ё мамнӯъ мешаванд. Дар Тоҷикистон мо ин авохир бо мавҷи азиме аз мамнӯъияти вожагони вижае рӯбарӯ будем, ки ба шаҳрвандон дар бораи ҳуқуқи инсонӣ ва иҷтимоъияшон огоҳӣ ва иттилоъоти тоза медиҳанд, бо ин истидлол, ки ин вожаҳо барои хонандаи тоҷик номаънус ё бегона ҳастанд. Ҳатто сару садоҳое дар бораи эъломи ҷарима барои корбурди вожагони вижа дар матбӯъот ҳам ба гӯш расида, ва рӯзноманигорони бедор, ки танҳо нухбагони фаъоли ҷомеъа ҳастанд, ҳушдорҳои густардае гирифтаанд, ки калимоти ғайритоҷикиро аз нивиштаҳои худ ҳазф кунанд. Ҳарчанд ҷаримабандӣ ҳануз иҷроӣ нашуда ва ё дастикам ҳеч рӯзноманигоре ҳануз аз ҷарима шуданаш хабар надодааст, вале ин паёмро онҳо таҳвил гирифтаанд. Худсонсурии ҳидоятшуда ё тавсияшуда аз шигардҳои дигари давлатҳои маҳаллӣ барои ҷилавгирӣ аз вазъиятҳои ногувори оянда барояшон будааст. Манъи корбурди вожагоне, ки маъно ва мафҳуми вижае доранд ва хонандаро ба пурсиш вомедоранд, ё ба дарки беҳтари ончи дар ҷомеъа рух медиҳад, кумак мекунанд, ба ин маъност, ки диктотурҳо ҷараёни иттилоъот ба самти мухотабонро огоҳона масдуд месозанд. Ман мавориди зиёдеро мушоҳида кардаам, ки ҳангоми мусоҳиба тоҷикон наметавонанд дар бораи вазъияти ҷории кишварашон барӯшанӣ сухан бигӯянд, ба ин далел ки намедонанд чи вожаеро барои баёни мафҳум ва маъное, ки дар назар доранд, ба кор бибаранд. Бо пинҳон сохтани вожаҳо ҳукуматҳои худкома саъй мекунанд маъноҳо ва мазоминеро пинҳон созанд, ки ин вожаҳо дар бар доранд ва кулли низомро зери суол мебаранд. Чун маълум аст, ки бидуни як забони қудратманду коромад ҳеч нерӯе барои мардум боқӣ нахоҳанд монд. Мардум эҳсос мекунанд, ки чизҳоеро кам доранд, аммо номе барои онҳо надоранд. Мардум дар кишвари ҷангзадаи Афғонистон нисбат ба як тоҷик дар шаҳри орому осудаи Душанбе ҳодисаеро, ки шоҳидаш будаанд, беҳтар метавонанд ривоят кунанд.

Чи шуда ки тоҷикон, ин миллати порсигӯи Осиёи Миёна, миллате, ки нахустин шоъири порсигӯ, Рӯдакии Самарқандӣ ва достонҳои Шаҳрзод, шоҳзодаи Ҳазору як шабро, ба ҷаҳониён ироа дода, акнун басахтӣ метавонанд ё аслан наметавонанд достонҳои худро бозгӯӣ кунанд?

Ба унвони як шоъир, ман дар Самарқанд шабҳои шеъри худро доштам ва шеърҳоро пайваста барои мухотабон бо садои буланд қироат мекардам. Ин як расми маъмул дар минтақа буд ва ҳануз ҳам ҳаст. Аммо аз замоне ки ман ба румоннивисӣ пардохтам, ҷаҳони ботинии худро ва ҷомеъаи худро, ба наҳве ки қаблан ҳаргиз надида будам, дубора кашф кардам.

Ман ба ин ҳақиқати зишт дар бораи мо тоҷикҳо пай бурдам, ки тавони рӯнамоии як румони тозаро надорем, чун қироати достон дар малаъи ом марсум набудааст. Ҳеч мақола ё баҳсеро, ки ин масъаларо матраҳ кунад, ба зеҳнам намеояд. Рӯнамоии китобҳои наср дар миёни мо воқеъан роиҷ нест.

Румон эътиборашро аз даст дода, чун ҳаргиз ба наҳви аҳсан ба тоҷикон муъаррифӣ нашудааст. Румон ба унвони як асари ҳунарӣ чандон ҷиддӣ гирифта намешавад ва шӯравиҳо ба ҳар василае саъй кардаанд онро беарзиш ва камаҳаммият ҷилва диҳанд ё саркӯб кунанд ва ин равиш дар даврони пасошӯравӣ ҳам идома дорад.

Ҳеч гуна бозори миллӣ ё саросарии китоб ё системи тавзеъи кутубу нашриёт дар дохили кишвар ё фаротар аз он вуҷуд надорад ва ноширон аз 1000 нусха бештар китоб чоп намекунанд, то мутмаин бошанд, ки муфлис нахоҳанд шуд. Пеш аз ҳама, агар нивисандаҳо ба чопхона пул надиҳанд, ҳеч китобе чоп намешавад. Саҳми нивисанда дар ин росто ба маънои ҳимоят аз забони модарӣ ва навъе кори хайр аст, дуруст мисли нивиштани китоб.

Созмоне ба номи “иттиҳодияи нивисандагон” дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, ки таҳти назари давлат аст ва мероси шӯравист, бидуни кӯчактарин тағйир ё таҳаввул. Вазифааш ҳам иборат аз саркӯби “озодии нивиштан” ва “озодии андеша” барои садҳо тан аз нивисандагонест, ки дар он узвият доранд.
Ҳамаи нивисандагон китобҳояшонро ба таври ройгон чоп мекунанд, агар бо сиёсатҳои давлат созгор бошад. Дар сурате ки ҷавобгӯи ин меъёр набошад, муаллиф аз иттиҳодияи нивисандагон ихроҷ мешавад.

Аз соли 2017 то охири 2018 ҳудуди 400 нивисанда ба хотири бесалоҳиятӣ аз иттиҳодияи нивисандагон ронда шуданд, ва ин собит кард, ки иттиҳодия узвияташро ба ҳароҷ гузошта буд, чун ин танҳо ниҳодест, ки нивисандагон ва дастовардҳои онҳоро ба расмият мешиносад.

Кӯтоҳсухан, достонҳо ҳатто пеш аз он ки рӯи коғаз биёянд, дучори саркӯбу хафақон мешаванд. Бо эҷоди навмедӣ ва нобоварӣ ба умури рӯзмарра дар дохили кишвар, ки боъис шудааст насли ҷавон ишқу алоқаи камтаре ба кутуби тоҷикӣ ва ё ҳар навъ китобе нишон медиҳанд.

Достонҳое, ки ҷаҳони моро ба ҳам меоваранд ва бо гузашта ва оянда пайванд медиҳанд, дар ҷомеъае, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии модомулъумри Тоҷикистон, дар ду даҳаи ахир эҷод карда, ҷойгоҳе надоранд.

Афсурдагӣ ва инзивое, ки нивисандагони тоҷик ба сурати ҷудогона ва дар танҳоии хеш бо он рӯбарӯ ҳастанд, дарде ҳамагир аст, ки таъодули ҷомеъаро ба ҳам задааст. Чун иртиботи касоне, ки ҳарфе барои гуфтан доранд, бо касоне, ки мехоҳанд ҳарфи тозае бишнаванд ё омӯзанд, бурида аст.

Шӯравиҳо аз арзиши достонҳо костанд, то шахсиятҳоро беэътибор созанд ва фард дар миёни ҷамъ нопадид шавад. Диктотурии имрӯз садои суханваронро дар гулӯ хафа мекунад ва роҳи пешрафти табиъии достонсароиро мебандад, чун намегузорад ширкатҳои табъу нашр худашон молики дастгоҳҳои чопи худ бошанд ва онҳоро водор мекунад, ки кутубашонро дар чопхонаҳои давлатӣ ба чоп расонанд, то бар онҳо назорати комил дошта бошад ва ҳазинаҳои табъу нашрро барои бахши хусусӣ боло барад. Ин амр боъис мешавад, ки достонҳо арзиши худро гум кунанд ва касе ҳам тавони хариди онҳоро бо нархи гарон надошта бошад. Дар натиҷа, дари ҳар навъ муколамае дар ҷомеъа баста шуда ва калиди он бар уқёнус андохта шудааст.

Ин ки нивисандагони тоҷик барои хатми як ҷумла ё анҷоми як достон то дергоҳ шабзиндадорӣ мекунанд, танҳо иллаташ, ки ба зеҳни ман мерасад, ин аст, ки тоҷикҳо ба сухан ва суханвар арҷ мегузоранд.

Ин танҳо обрӯ ва ҳайсият аст, ки барои шоъиру нивисандаи тоҷик боқӣ монда буд, вале соли гузашта онро ҳам аз ӯ гирифтанд. Ин эҳсоси ҳазорон ҳунарманди тоҷик буд, ки ба чашми сар медиданд расми ташйиъи ҷанозаи ду шоъири бузурги миллии Тоҷикистон чигуна барпо шуд. Пас аз маросиме бисёр кӯтоҳ, бидуни суханрониҳои расмӣ ва ёдоварӣ аз корномаҳои адабияшон, ки дар замони Шӯравӣ расм буд, сареъ ба хок супурда шуданд.

Замони даргузашти Садриддин Айнӣ (1878-1954) ва Мирзо Турсунзода (1911-1977) хиёбонҳои Душанбе пур аз мардуми сӯгворе буд, ки шеъру сурудаҳои онҳоро замзама мекарданд. Аммо барои ба гӯристон бурдани тобути Муъмини Қаноъат (1939-2018) ва Бозори Собир (1938-2018), ду шоъири миллии тоҷикон, ки порсол дар моҳи май даргузаштанд, дувоздаҳ нафар ҷамъ шуда буданд. Ҳатто замони хоксупорияшон ҳам пешопеш дар расонаҳо эълом нашуд, ҳарчанд ин аз урфи азодорист. Бадеҳист, ки давлати Тоҷикистон шеваҳои гиромидошт ва таҷаллии эътибори шахсиятҳои иҷтимоъиро барои мардуме, ки дар онон сарбозони ҳақиқат ва мухолифони давлатро медиданд, риёкорона иваз мекунад. Бо баргузории ин гуна намоишҳои ришхандомез, давлат мехоҳад ба насли ҷавон ин паёмро бидиҳад, ки достонсароӣ ё сарбози роҳи адолат ва ҳақиқат будан ҳеч арзиши маънавӣ ва фоидаи молӣ ба ҳамроҳ надорад.

Ман эҳсос мекунам, ки нивисанда будан дар Тоҷикистон ҳамонои модар будан аст, ки ба фарзандонеро ба дунё меоварад ва намедонад, ки онҳо куҷо мераванд ва ба чи касе хидмат мекунанд ва чи касе онҳоро дӯст дорад ё ба онон нафрат дорад. Модаре, ки фарзандони бисёре дорад, вале ҳеч кудом дар бистари беморӣ канораш нестанд ва онҳоро фаромуш мекунад, дар ҳоле ки ҳама бо ҳам тобуташро бармедоранд.

Пас ин суол ба миён меояд, ки раисҷумҳуре, ки тавониста Қонуни асосиро иваз кунад ва худро ба як подшоҳи модомулъумр табдил диҳад ва ҳамаи мансабҳои давлатиро миёни худ ва хешону бастагонаш тақсим кунад, чиро аз достонҳо ва достонсароӣ дар ҳарос аст?

Вақте ба кишварҳои дар ҳоли тавсеъа дар атроф менигарем, мебинем, ки достонҳои онҳо онгуна ки мебояд, гуфта ё суруда намешаванд. Достонҳо ба мардум сабақ медиҳанд, ҷаҳонашонро фарохтар месозанд, ваҳшитарину шигарфтарин рӯъёҳояшонро бедор мекунанд, ёдовари обрӯву ҳайсият ва арзиши инсонияшон ҳастанд, зебоии перомунашон, ки ба он наметавонанд даст ёбанд, шикофҳои иҷтимоъии мавҷуд, ки ба дур аз адлу инсоф аст. Достонҳо ба мардум иртибот доранд, метавонанд улгуҳое фароҳам созанд, ва тавоноии қиёс кардан ва дар ниҳоят гуфтан, ки “ман ҳам ин корро метавонам!” Ва ин амр ҳамаи диктотурҳоро ба ҳарос меандозад.

Дар кишваре, ки мардум аз достонҳо баҳра мебаранд, диктотур намерӯяд ва агар рӯяд, дер намепояд. Хоби ҳар диктотуре ҳаром мешавад, агар бифаҳмад, ки достоне гуфта ё суруда шуда ва дар он пайкори доимии неку бад, рушноиву торикӣ, зиндону шиканҷа ва озодии баёну озодии интихоб бозтоб ёфтааст. Ончи аз даврони бостон мавриди алоқаи тоҷиксон аст, достонест, ки фарҷоми хубе дорад ва дар он бадӣ мемирад ва некӣ пирӯз мешавад.

Дар кишваре, ки фарҳанги достонсароӣ зинда аст ва ба як суханвар арҷ мегузоранд, ҷои роҳате барои як диктотур вуҷуд надорад. Ҳеч раҳбари худкомае боқӣ нахоҳад монд, агар суханварон ҳамонои бод озод бошанд ва достонҳо ҳамонои об дар дастраси мардум бошанд. Афсус, ки диктотурҳо инро хуб медонанд ва ҳамора саъй кардаанд сухан ва суханваронро ба муддати дароз афсорбаста нигоҳ доранд. Аммо ин бад-он маъно нест, ки тоҷикон достонсаро надоранд. Албатта, доранд. Аммо кишварҳои ғарбӣ ҳануз ҳам тарҷеҳ медиҳанд, ба қиссаҳои Шаҳрзод гӯш бидиҳанд, – шоҳдухтаре, ки ҳазор сол пеш дар Самарқанд мезист, – шаҳре, ки ман дар он зода шудам, шаҳре, ки тоҷикон дар он зиндагӣ мекунанд ва ҳамчунон қисса мегӯянду достон месароянд. Достонҳое, ки андаруни марзҳои баста ва низомҳои фосид пояшон гир меуфтад, – низомҳое, ки диктотурҳо барои худ сохтаанд, то достонҳоро бикушанд, пеш аз он ки достонҳо онҳоро бикушанд.

Ҳар ойина, ман хушҳолам, ки тоҷикон даҳҳо Шаҳрзод доранд, ки ба қисагӯӣ ва достонсароӣ идома медиҳанд. Фарқ намекунад, ки ба гӯши Шоҳ мерасад ё на, аммо достонҳо суруда ва гуфта мешаванд ва ин фароянд ҳамора такрор мешавад, то замоне ки радди пои жарфашро дар зеҳни ҷамъии нохудогоҳи наслҳои оянда ба ҷо бигзорад.

Дар оғоз мо наметавонем мутмаин бошем, ки оё сухан дарвоқеъ сароғози офариниш буда ё хайр, аммо ман мутмаиннам, ки сухани ғалат ҷаҳонро ҳатман хароб мекунад. Пас биёед даст ба дасти ҳам бидиҳем ва саъй кунем суханони дурустро бипароканем, то ҳамаи мардумон аз он баҳра баранд, бавижа онҳое, ки бештар аз ҳама ба он ниёз доранд.
Бо мо бошед.

Шаҳзода Назарзода Самарқандӣ
Июли 2019
Ҳуланд.
—-

Tags: замони ШӯравӣМаҳин ДавронмуҳоҷиратРивоятШаҳзода Назарзода

Related Posts

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом
Сиёсат

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом

5 November 2019
Аъзами Толиқонӣ: Ҳалқаи пайванди феминистҳои секулору мазҳабӣ
Women

Аъзами Толиқонӣ: Ҳалқаи пайванди феминистҳои секулору мазҳабӣ

5 November 2019
Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?
Women

Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?

1 November 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо