Беҳтарин силоҳи рафъи хушунат ва дилозории занон – як дона гул аст”, – мегӯяд журналисти шинохтаи тоҷик Сурайёи Шуҷоат. Ӯ рӯзи 5-уми декабр бо ҳамсараш – журналист Ҷумъаи Мирзо – дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе ба раҳгузарон якдонаӣ гул тақдим карданд, то онҳо ба хонаҳояшон рафта, дили модару хоҳар ва ҳамсарони худро ба даст биоранд.
Сурайёи Шуҷоат мегӯяд, ин иқдомро бо умеде роҳандозӣ кард, ки битавонад зеҳни ҳадди ақал 101 марди тоҷикро дигар кунад ва онҳоро барои саҳмгузорӣ дар мубориза бо хушунати занон водор намояд. Ӯ рӯзи 6-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин саҳми оилавии ӯ дар маъракаи “16 рӯзи мубориза бо хушунати занон” дар Тоҷикистон аст.
Ҳангоми тақдими ҳар дона садбарги навъи ҳолландӣ Сурайёи Шуҷоат ва ҳамсараш ба мардон мегуфтанд, изҳори муҳаббатро ба ҳамсари худ фаромӯш накунанд.
Мо бо якдигар қаҳрӣ карда будем ва ҳоло ин гулро барои ӯ мебарам. Агар як тараф меҳрубонӣ кунад, тарафи дигар ҳам посухи мусбат хоҳад дод