Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

Вазъи бади озодии расонаҳо дар Осиёи Марказӣ

Гузоришгарони Бидуни Марз Узбекистонро аз назари озодии баён дар миёни 180 кишвари ҷаҳон дар раддаи 160 ҷой додааст.

shahzoda by shahzoda
16 May 2019
in Матолиби баргузида, Хабарҳо, Ҷомеъа
Вазъи бади озодии расонаҳо дар Осиёи Марказӣ

Муассисаи Гузоришгарии Ҷанг ва Сулҳ дар гузорише, ки ҷумъаи 3-май/13-урдибиҳишт аз вазъи озодии расонаҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мунташир кард, эълом кард, ки дар ин кишварҳо на танҳо расонаҳо таҳти таъсири таблиғоти Русия қарор доранд, балки озодии расонаҳо ҳам ҳамчунон ба таври мудовим нақз мешавад.

Аз авохири соли 2016 Шавкат Мирзиёев риёсати ҷумҳурии Узбекистонро ба уҳда гирифт, чашмандозе аз гушоиш падид омад. Дар сиёсатҳои давлат нисбат ба расонаҳо ҳам тағйироте мушоҳида мешавад. Барои мисол, давлат намояндаеро барои ҳалли ихтилоф бо рӯзноманигорон ва шаҳрвандон таъйин карда, аммо феълан ҳалли ихтилоф дар ҳадди як бахшномаи идорӣ боқӣ монда ва ойинномаи сонсури матбуъот низ бар ҷои худ боқист.

Муассисаи Гузоришгарии Ҷанг ва Сулҳ дар гузориши худ аз вазъи озодии расонаҳо дар Осиёи Марказӣ мегӯяд дар Узбекистон ба истиснои бархе сойтҳои хабарӣ, ки таҳти ҳимояти ниҳодҳои байналмилалӣ қарор доранд, соири расонаҳо бо назорати давлат ва зери сақфи сонсур фаъолият мекунанд. Иловар бар ин, чи дар расонаҳои тасвирӣ ва чи дар соири расонаҳо худсонсурӣ ҳам амре мутадовил аст ва аз гузоришгарии интиқодӣ хабаре нест. Давлат метавонад парвонаи рӯзноманигоронро тамдид накунад. Дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоъӣ ҳам дар ин кишвар басодагӣ муяссар нест.

Рӯзномаҳои Тоҷикистон

Гузоришгарони Бидуни Марз Узбекистонро аз назари озодии баён дар миёни 180 кишвари ҷаҳон дар раддаи 160 ҷой додааст.

Дар Қазоқистон ағлаби расонаҳо давлатӣ ё дар тамаллуки бахши хусусиянд, ки онҳо ҳам вобастагиҳое ба давлат доранд. Дар ин кишвар ба ҷуз чанд сойти камаҳаммият расонаи мустақилле вуҷуд надорад ва расонаҳои Русия ҳам бар фазои куллии расонаӣ дар Қазоқистон ғалаба доранд.

Вазъи озодии баён дар Қирғизистон аз соири кишварҳои Осиёи Марказӣ беҳтар аст. Ин кишвар бар асоси радабандии Гузоришгарони Бидуни Марз дар ҷойгоҳи 83 қарор дорад. Муассисаи Гузоришгарии Ҷанг ва Сулҳ мегӯяд дар Қирғизистон танаввуъи расонаӣ вуҷуд дорад ва рӯзноманигорон метавонанд дар расонаҳои давлатӣ ва хусусӣ озодонатар аз давлат интиқод кунанд. Бо ин ҳол, ақидаи шахсӣ бар гузоришгарии бетарафона ғалаба дорад.

Муассисаи Гузоришгарии Ҷанг ва Сулҳ мегӯяд дар Туркманистон усулан на кишваре дар кор аст ва на аз давлат нишоне. Ҳар чи ҳаст, дар шахси раиси ҷумҳурӣ мутамаркиз шуда. Ҳамаи расонаҳо яксар дар хидмати Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов даромадаанд. Интернет вуҷуд дорад, аммо шабакаҳои иҷтимоъӣ масдуданд. Аз тариқи моҳвора метавон ба бархе аз шабакаҳои телевизиюнии Туркия, ки кумедӣ ё сериёл пахш мекунанд, дастрасӣ дошт. Ҷуз ин, чизи дигаре вуҷуд надорад. Гузоришгарони Бидуни Марз Туркманистонро дар радабандии озодии расонаҳо аз байни 180 кишвар дар ҷойгоҳи охир қарор додааст. Соли гузашта ин кишвар дар ҷойгоҳи 178 қарор дошт.

Дар Тоҷикистон аммо вазъи озодии матбӯъот на танҳо беҳбуд наёфта, балки рӯ ба вахомат ҳам гузоштааст. Муассисаи Гузоришгарии Ҷанг ва Сулҳ мегӯяд мақомоти тоҷик бо бакоргирии шеваҳои сонсури интернет дар Чин, на танҳо ҳар рӯз, балки гоҳе ҳар соъат бархе аз сойтҳои маҳаллӣ ё байналмилалӣ ё шабакаҳои иҷтимоъиро аз дастрас хориҷ мекунанд. То 10 сол қабл вазъи озодии расонаҳо дар Тоҷикистон бешу кам ба вазъи кунунӣ дар Қирғизистон шабоҳат дошт. Аммо дар як даҳаи гузашта батадриҷ назорати давлат бар матбӯъот дар ин кишвар афзоиш ёфта ва арса бар рӯзноманигорон чунон танг шуда, ки бархе аз онҳо ба табъиде худхоста тан медиҳанд.

Муассисаи Гузоришгарии Ҷанг ва Сулҳ мегӯяд забони муштараки панҷ кишвари Осиёи Марказӣ русӣ аст. Ба ҳамин сабаб нуфузи расонаҳои Русия ҳам дар ин кишварҳо комилан ошкор аст: таблиғот барои сиёсатҳои Русия дар Сурия ва Укройн ва интиқод аз сиёсатҳои Ғарб дар ин буҳронҳо. Тарфанди расонаҳои Русия барои боло бурдани зариби нуфузи худ ҳам сода аст: арзаи барномаҳои саргармкунанда бо кайфияти боло, дар лобалои ин барномаҳо хабарҳои сиёсӣ бо сӯяҳои таблиғӣ. Як шеваи муассир.

Tags: Гузоришгарони Бидуни МарзҚирғизистонОсиёи МарказӣТоҷикистонТуркманистонӮзбекистон

Related Posts

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом
Сиёсат

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом

5 November 2019
Аъзами Толиқонӣ: Ҳалқаи пайванди феминистҳои секулору мазҳабӣ
Women

Аъзами Толиқонӣ: Ҳалқаи пайванди феминистҳои секулору мазҳабӣ

5 November 2019
Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?
Women

Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?

1 November 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо