Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

Даргузашти Файзиниссо Воҳидова, вакили мудрфеъи шинохтаи тоҷик

golshan by golshan
6 March 2019
in Women, Сиёсат, Ҷомеъа
Даргузашти Файзиниссо Воҳидова, вакили мудрфеъи шинохтаи тоҷик

Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи шинохтаи тоҷик, имрӯз 4-уми январ дар Хуҷанд, бар асари зотуррия, илтиҳоби рия (шуш) даргузашт. Ӯ вакили мудофеъи бисёре аз рӯзноманигорон, тоҷирон ва шаҳрвандони ба ноҳақ боздоштшудаи тоҷик, аз ҷумла, Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ дар Хуҷанд буд. Фаъолиятҳои бедареғи ӯ ҳамвора мунҷар ба озодии бисёре аз ин зиндониён шудааст. Нотарсӣ ва хастагинопазирии ин зани шуҷоъ ва ҷасур буд, ки боиси мамнуъи хурӯҷи ӯ аз кишвар ва масдуд шудани иҷозаи кори расмии ӯ ба унвони вакил шуд.

Стив Свердлов, муҳаққиқи вижаи Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар дар Осиёи Миёна имрӯз дар Твитери худ навишт: “Ҷаҳон яке аз қаҳрамонҳояшро имрӯз аз даст дод. Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи нотарс, чеҳраи барҷастаи мухолифи давлат, муборизи ҳуқуқи занон ва ҳуқуқи аввалияи инсонӣ буд.”

Созмони Уруосиёии Мудофеъони Ҳуқуқи Шаҳрвандӣ (CRD Euroasia) навиштааст: “Мо аз даргузашти Файзинисо Воҳидова, ҳамкори шуҷоъ, яке аз ошкорбаёнтарин мудофеъони ҳуқуқи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, бисёр андӯҳгин ва мутаассирем. Дар ин ғами бузург ҳамдарди аҳли хонавода, азизон ва ҳамкорони ӯ ҳастем. Даргузашти новақт ва зудҳангоми Файзинисо Воҳидова, бохти азиме барои ҷомеъаи мадании Тоҷикистон аст.”

Ҳамин тавр, бисёре аз корбарони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоъӣ аз ин фоҷеъа ибрози андӯҳ кардаанд ва ёдовари боварҳо ва талошҳои ин зани муъассир дар зиндагонии худ шудаанд. Файзинисо Воҳидова ба унвони намунаи барҷастаи инсони озод, озодандеш ва мубориз дар ҷомеъаи муъосири Тоҷикистон дар ёдҳо хоҳад монд.

Бархе аз фаъолони ҳуқуқи башар ва шаҳрвандони пешгоми ҷомеъаи тоҷик муътақиданд, ки бояд ба номи ин зани муборизи тоҷик ҷоизаи байналмилалӣ ва ғайридавлатии ҳуқуқи башарӣ таъсис ёбад ва солона ҷиҳати тақдир аз пайравони роҳи ӯ, эъто шавад.

Tags: дидбони ҳуқуқи башарЗамона ТоҷикистонТоҷикистонТрибуни ЗамонаФайзиниссо Воҳидоваҳуқуқи башар

Related Posts

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом
Сиёсат

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом

5 November 2019
Аъзами Толиқонӣ: Ҳалқаи пайванди феминистҳои секулору мазҳабӣ
Women

Аъзами Толиқонӣ: Ҳалқаи пайванди феминистҳои секулору мазҳабӣ

5 November 2019
Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?
Women

Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?

1 November 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо