Интишори аксҳое аз чанд ҷавони боздоштшудаи тоҷик дар Русия бо шалворҳои дарида ва кафалҳои бараҳна дар як идораи пулиси он кишвар дар миёни корбарони тоҷики шабакаҳои иҷтимоъӣ шӯре ба по кардааст.
Ин ҷавонхо, ки ба назар мерасад шалворҳояшон бо чоқу пора шуда бошад ва босан ё пуштгоҳи дасткам яке аз онҳо хунолуда ва осори шиканҷа дар он ҳувайдост, аз ҷумлаи ҳашт муҳоҷири тоҷиканд, ки рӯзи 10 июн дар иртибот бо қатли як варзишкори рус дар Маскав боздошт шудаанд.
Ба нивиштаи хабаргузориҳо, Сергей Чуев, куштигири рус, шаби 7 июн дар пайи як задухӯрд бо шуморе аз муҳоҷирони тоҷик дар яке аз маҳаллот дар ҷануб-ғарбии шаҳри Маскав кушта шудааст. Пулис дар иртибот бо ин ҳодиса ҳашт табаъаи тоҷикро гирифта ва додгоҳ ҳукми боздошти шаш тан аз онҳоро содир кардааст.
Дар тасовири пахшшуда боздоштшудагон бо шалворхои дарида ва нимабоз бо босанхои урён ва дастҳо ба девор, ба шеваи боздоштшудагон ва эҳтимолан дар идораи пулис дар муқобили дурбин истодаанд. Аз шеваи сархам ва итоъаткорона истодани онҳо пайдост, ки ин саҳнаи дигаре аз бозҷӯйии таҳқиромез ва олуда ба хушунати муҳоҷирони хориҷӣ аз сӯи маъмурони пулиси Русия аст.
Ҳануз мақомоти Русия ва Тоҷикистон дар бораи ин қазия изҳори назаре накардаанд, вале бархе аз гурӯҳҳои мудофеъи ҳуқуқи башар дар Русия ин шеваи рафтори пулис бо атбоъи тоҷикро ғайриқонунӣ хонда ва маҳкум кардаанд.
Нашри ин тасовир бо вокунишҳои тунди бисёре аз корбарони тоҷики шабакаҳои иҷтимоъӣ рӯбарӯ шуда ва бисёре аз онҳо аз ғафлат ё таҷоҳули варзидани мақомоти тоҷик нисбат ба ин қазия башиддат интиқод кардаанд.
Ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки бетафовутӣ ва адами вокуниши муносиб аз сӯи давлат ва мақомоти Тоҷикистон боъиси ҳарчи зудтар ба боди фаромушӣ супурда шудани ин ҳодиса шавад ва омилони шиканҷа ва бадрафторӣ ба муҷозот нарасанд. Он гуна ки даҳҳо мавриди қатли муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия дар гузашта бидуни таҳқиқу муҳокима ва норӯшан боқӣ мондааст.
Ин аввалин бор нест, ки муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ба шеваҳои таҳқиромезе боздошт мешаванд ва аксу видеуҳои онҳо дар шабакаҳои иҷтимоъӣ пахш мешавад.
Дар видеуе, ки қаблан дар Ютюб мунташир шуд, гурӯҳе аз ҷавонони нажодпарасти рус эълом карда буданд, ки то бозгашти охирин муҳоҷири кории хориҷӣ ва ғайрирус, бахусус атбоъи кишварҳои Осиёи Миёна, аз Русия ба кишварҳояшон, даст аз ҳамла ва хушунат ва таҳқиру иҳонати онҳо барнахоҳанд дошт.
Ба гуфтаи гурӯҳҳои мудофеъи ҳуқуқи башар, ҳафтае нест, ки хабари кушта шудан ё захм бардоштан ва ба ин шева таҳқир шудани муҳоҷирони корӣ дар Русия мунташир нашавад. Дар бисёре аз ин маворид муҳоҷирони осебдида атбоъи тоҷик ҳастанд.
Тибқи омори расмии Русия, беш аз як милюн шаҳрванди Тоҷикистон дар ин кишвар ба унвони коргарони муҳоҷир машғул ба коранд. Бахши аъзаме аз ин муҳоҷирон бидуни иҷозаи кор ба корҳои сангини сохтмонӣ машғуланд ва ба ин далел борҳо пеш меояд, ки корфармоёни рус низ дастмузди онҳоро намепардозанд.
Бо ин ҳол, ба назар намерасад, ки муҳоҷирони кории тоҷик ба фикри тарки Русия ва бозгашт ба ватан бошанд, балки баръакс садҳо тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон тақозои тобеъияти русӣ карда ва гоҳ сафҳои тӯлоние аз дархостдиҳандагони тобеъияти Русия дар баробари сафорати ин кишвар дар Душанбе эҷод мешавад.
Ба гуфтаи таҳлилгарон, фақру фасоди густарда ва нархи болои бекорӣ дар Тоҷикистон далели аслии таҳаммули ин таҳқирҳо ва қурбониҳои ҷонист, ки нишон медиҳад сиёсати корофаринии мақомоти Точикистон дар дохили кишвар ба нокомӣ дучор шудааст. Дар иваз пружахои зиёди кишвари Чинро хамрох бо кормандони чини ба имзо расонданд ва бо ичозаи кори расми вориди кишвар карданд.



