Тасовире, ки аз боздошти Ҷулиён Осонж, бунёнгузори Викиликс, муқобили сафорати Экводур дар Ландан мунташир шуд, як марди солхӯрда ва ба зоҳир дарҳамшикастаро нишон медод, ки китобе дар даст дорад. Вокуниши шаҳрвандон дар Ғарб ба вокуниши шаҳрвандони эронӣ баъд аз интишори тасовири Мирҳусейни Мусавӣ дар ҷашни таваллуди 77-солагияш дар манзили хоҳараш дар исфанди 97 шабоҳат дошт: дар ваҳлаи аввал ҳамагӣ аз вазъияти ҷисмонӣ ва солхӯрдагии зудраси Осонж ба шигифт даромада буданд. Дар нигоҳи дувум аммо китобе, ки Осонж дар даст дошт, хабарсоз шуд: “Торихчаи кишвари амнияти миллӣ” маҷмӯъае аз гуфтугӯҳои ин нависандаи фақиди омрикоӣ бо Пул Ҷӣ, сардабири Шабакаи Риел Нюз.
Гур Видол, нависандаи омрикоӣ ва муфассири сиёсӣ, аз охирин бозмондагони насли адабии ситоишшудае чун Труман Копутӣ ва Нурман Милер буд. Як нависандаи ҳамафанҳариф (дар ҳама кор усто), ки хоҳони посухгӯии ҳукумат дар баробари шаҳрвандон буд. Аз ӯ садҳо ёддошту мақола, румонҳои пурфурӯши “Линкулн” ва “Миро Брекинриҷ” ва намоишномаи “Беҳтарин мард (яке аз номзадҳои ҷоизаи Тунӣ) ба ҷой монда. Видол аз мухолифони сарсахти ҷанги Виетном ва ҷанги Ироқ буд, аммо батадриҷ дар поёни умр аз шуҳрат ва маҳбубияташ коста шуд. Акнун китоби “Торихчаи кишвари амнияти миллӣ“-и ӯ ба сабаби дастгирии Осонж пурфурӯш шудааст. (Бешу кам дар ҳадди “Торихчаи одамрубоии Моркез” дар Эрон, ки ҳафт соли қабл Мирҳусейни Мусавӣ мутолеъаи онро ба духтараш тавсия карда буд.)
Пул Ҷӣ, сардабири Шабакаи Риел Нюз дар гуфтугӯ бо Вошингтун Пуст мегӯяд Осонж аз қасд китоби “Торихчаи кишвари амнияти миллӣ”-ро ҳангоми боздошт ба даст гирифта буд:
«Гумонам аз қасд буд. Осонж медонист, ки базудӣ дастгираш мекунанд. Ман Ҷулиёнро надидаам ва бо ӯ то ҳоло суҳбат накардаам. Аммо тасаввур мекунам ҳадафи ӯ аз ба даст гирифтани ин китоб ин буд, ки бигӯяд ин «Кишвари амнияти миллӣ» аст, ки ба сарвақти ӯ омада ва ин ки «Кишвари амнияти миллӣ» ҳамчунон озодиҳои маданиро таҳдид мекунад ва шаҳрвандон мебоист ин хатарро аз назар дур надоранд.»
«Торихчаи кишвари амнияти миллӣ» маҷмӯъае аз гуфтугӯҳои Гур Видол бо Пул Ҷӣ дар фосилаи байни солҳои 2005 то 2007 аст, ки нахустин бор дар соли 2014 мунташир шуд. Ҷӣ дар бораи дарунмояи ин китоб мегӯяд:

«Муҳимтарин мазмуни ин китоб ба гумонам ин аст, ки сиёсатҳои империёлистии Иёлоти Муттаҳида ба нафъи шаҳрвандони омрикоӣ нест, дар ҳоле ки давлати Омрико вонамуд мекунад, ки шаҳрвандон аз ин сиёсатҳо мунтафеъ (баҳраманд) мешаванд. Мантиқаш ҳам ин аст, ки мо ҳама дар як киштӣ нишастаем. Аммо дар амал хилофи ин аст. Ин сиёсатҳо ба нафъи як табақаи нухба дар ҷомеъа аст.»
Бо ин истидлол метавон гуфт: Мо ҳама дар як киштӣ нишастаем. Моҳияти кишвари амнияти миллӣ ҳувийяти миллии мо нест. Чи дар Омрико ва чи дар соири нуқоти ҷаҳон.



