Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

Коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия беш аз дуву ним милёрд дулор ба кишварашон фиристоданд

Ваҷҳҳои ирсолии коргарони тоҷик дар Русия дар поёни 2018 баробар бо 36 дарсади тавлиди нохолиси дохилии ин кишвар дар ҳамон сол аст. Беш аз 224 милюн дулор аз ин даромад барои бозпас додани бидеҳии хориҷии кишвар дар соли гузашта масраф шудааст.

golshan by golshan
9 April 2019
in Ҷомеъа
Коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия беш аз дуву ним милёрд дулор ба кишварашон фиристоданд

Коргарони муҳоҷири Тоҷикистон дар Маскав – акси AFP

Иқтисоди кишварҳои Осиёи Миёна вобастагии зиёде ба ваҷҳи ирсолии коргарони муҳоҷирашон дорад. Дар ин миён, коргарони тоҷик дар Русия, бар асоси омори мунташиршуда аз сӯи Бонки Марказии Русия, беш аз дуву ним милёрд дулор арз ба кишварашон фиристодаанд.

Ба гузориши рӯзномаи “Тоймзи Осиёи Миёна”, ваҷҳҳои ирсолии коргарони тоҷик дар Русия дар поёни соли 2018 ба ду милёрду 553 милюн дулор расидааст, ки баробар бо 36 дарсади тавлиди нохолиси дохилии Тоҷикистон дар ҳамон сол (беш аз ҳафт милёрд дулор) аст. Дарвоқеъ, ба бовари мутахассисон, 95 дарсад аз ин маблағро даромади коргарони тоҷик ташкил медиҳад.

Ба гузориши вебсойти хабарии «Авесто», Вазорати бозаргонии  Тоҷикистон эълом карда, ки беш аз 224 милюн дулор аз ин даромад барои бозпас додани бидеҳии хориҷии кишвар дар соли гузашта масраф шудааст. Бар асоси ин гузориш, ваҷҳҳои ирсолии моҳиёнаи афроди тоҷик аз Русия ба кишварашон – ағлаб коргарони муҳоҷир – тақрибан баробар бо мизони солиёнаест, ки ин кишвар барои бозпардохти бидеҳии хориҷияш харҷ мекунад.

Маҷмӯъи бидеҳии хориҷии Тоҷикистон дар оғози 2019 баробар бо 2,9 милёрд дулор, яъне 38,9 дарсади тавлиди нохолиси ин кишвар, аст.

Коргарони муҳоҷири тоҷик танҳо аз Русия ба Тоҷикистон пул намефиристанд, балки шуморе аз онҳо дар дигар давлатҳои узви Ҷиргаи Кишварҳои Ҳамсуд (CIS), шомили Ҷумҳурии Озарбойҷон, Арманистон, Узбекистон, Белорус, Қирғизистон, Қазоқистон ва Мулдовӣ ва низ дар кишварҳои урупоӣ машғули коранд. Аммо давлати Тоҷикистон омори дақиқи пулҳои ирсолиро мунташир намекунад.

Иқтисоди кишварҳои Осиёи Миёна, минтақае аз кишварҳои фақир, башиддат ба ин даромадҳо вобаста аст. Бар асоси омори вебсойти таҳлилии “Фукус Экунумик”, се кишвари ин минтақа дар миёни 10 кишвари фақири дунё ҳастанд. Дар ин радабандӣ Тоҷикистон чаҳорумин, Қирғизистон нуҳумин ва Узбекистон даҳумин кишвари фақири дунё ҳастанд.

Tags: иқтисоди Тоҷикистонкоргарони муҳоҷири тоҷиккоргарони Тоҷикистон

Related Posts

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом
Сиёсат

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом

5 November 2019
Аъзами Толиқонӣ: Ҳалқаи пайванди феминистҳои секулору мазҳабӣ
Women

Аъзами Толиқонӣ: Ҳалқаи пайванди феминистҳои секулору мазҳабӣ

5 November 2019
Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?
Women

Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?

1 November 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо