Корҳои номаръӣ (нонамоён) як шикофи ҷинсиятист, ки камтар дар бораи он суҳбат мешавад. Корҳои номаръӣ дар ҳавзаи кори хонагӣ бештар дида мешаванд. Аммо як асли собит вуҷуд дорад: агар кори хонагӣ бихоҳад хуб пеш биравад, ҳар касе бояд бахше аз онро анҷом диҳад.
Аммо мутаассифона бар асоси чандин таҳқиқ, ки ахиран анҷом шуда, ҳанӯз ҳам аксари корҳои хонаро занон анҷом медиҳанд. Ба илова, бар асоси яке аз ин таҳқиқот, ба таври мутавассит мардон 7 соъат дар ҳафта кори хонагӣ барои ҳамсарашон эҷод мекунанд. Занон, дар муқобил, як соъат дар ҳафта аз коре, ки мардон бояд анҷом диҳанд, кам мекунанд.
Ин ихтилофи азим аст ва агарчи шикофи ҷинсиятии хонавор дар чанд даҳаи гузашта то ҳудуде коҳиш ёфтааст, аммо ҳанӯз масъалаи муҳиммест. Ин чизест, ки мо медонем.
Завҷҳое, ки кори хонагиро тақсим мекунанд, хушбахттаранд. Ҷомеъашинос Искот Култрейн дар таҳқиқ дар бораи кори хонагӣ навишта: «Ҳарчи таъодул дар анҷоми кори хонагӣ бештар бошад, занон бештар эҳсос мекунанд, ки бо инсоф рӯбарӯ шудаанд, камтар афсурдагӣ мегиранд ва аз зиндагии хонаводагии худ ризояти бештаре доранд.»
Ба иборати дигар, вақте кори хонагӣ ба шакли мусовӣ анҷом мешавад, занон хушҳолтаранд ва аз робитаи худ ҳам ризояти бештаре доранд; нуктае, ки мардон вақте мебинанд замин ниёз ба хат кашидан дорад, бояд онро ба ёд биёваранд.
Нуктаи дигар ин ки анҷоми бархе аз корҳои хонагӣ метавонад аз мизони фишори равонӣ бикоҳад.
Таҳқиқе, ки дар Донишгоҳи Флуридо анҷом шуда, нишон медиҳад, ки шустани зарфҳо метавонад асаре мушобеҳи мойндфулнес ё зеҳногоҳӣ дошта бошад ва монанди муроқиба амал мекунад. Дарвоқеъ, анҷоми кори хонагӣ метавонад боъиси оромиш шавад ва аз фишори равонӣ бикоҳад.
Бар мабнои ин таҳқиқ, вақте мардум ба бӯи собун, гармии обу покизагии зарф таваҷҷуҳ мекунанд, метавонанд то 27 дарсад аз истреси худ бикоҳанд. Ин афрод то 25 дарсад ҳам дар беҳбуди вазъияти зеҳнии худ пешрафт мекунанд.
Ин асар дар корҳои мухталифи хонагӣ мутафовит аст. Гарчи зарф шустан метавонад барои бархе аз афрод оромишбахш бошад, мумкин аст барои иддае дигар таҷрубае ваҳшатнок бошад. Бо ин ҳол, занон мегӯянд, ки маҷбуранд корҳои изофае дар хона анҷом диҳанд, ки анҷоми онҳоро дӯст надоранд.
Ахиран Алан Сидман, як блогер, дар ёддоште ба фишорҳое ишора карда, ки модарон маҷбур ба таҳаммули он ҳастанд, ки хонданист:
«Ҳафтаи қабл мутаваҷҷеҳ шудам, ки дастмоли туолетамон тамом шуда, тамом ки яъне ба охирин рӯл (ғалтак) расидаем. Ҳамсарамро фиристодам, то сареъ як баста дастмоли туолет бихарад. Ман танҳо касе ҳастам дар хона, ки мутаваҷҷеҳи тамом шудани дастмоли туолет мешавам. Бачаҳо фикр мекунанд, ки дастмоли туолетҳо ба шакли ҷодуӣ ҳамеша онҷо овезон ҳастанд. Ҳамсарам ҳам фикр мекунад чашмҳои қобили эътимоди ман ҳамвора таваҷҷуҳаш ба рули дастмоли туолет аст ва занги ҳушдорро ба садо дармеоварад.
Баъид аст ҳеч модаре дар рӯзи модар корте бо ин навишта дарёфт кунад: «Рӯзи модар ба зане, ки ҳамеша медонад дастмоли туолет кай тамом мешавад, муборак». Нукта ин аст ки модарҳо ба хотири қудрати фавқулъодаи дидашон шоистаи таҳсин ҳастанд.



