Мушаррафа Қосимова аз насли фидоиёне буд, ки пас аз ба тасвиб расидани қарори Истолин барои таъсиси кишваре барои тоҷикон дар давроне, ки дар торихи Осиёи Миёна ба унвони давраи табартақсим шинохта шудааст, аз Самарқанду Бухоро ба Душанбеи тозатаъсис омад.
Даҳаи сӣ даврони сахт, аммо созанда барои тоҷикон буд. Бо ин ки шаҳрҳои муҳимми тоҷикон дар марзҳои ҷадиди Узбакистон қарор гирифт ва барои тоҷикон марзҳои кӯҳистонӣ тасвиб шуд, Душанберо аз сифр ба унвони пойтахт барои кишваре барои тоҷикон интихоб карданд.
Барои миллати тоҷик, ки дар шаҳри Душанбе, ки бозори маъруф буд, аммо нишоне аз шаҳр будан надошт ва дар ҳисси ҷамъии тоҷикон нақше надошт, гурӯҳи зиёде аз ҷавонон ва чеҳраҳои тоҷик аз саросари Осиёи Миёна ба ин шаҳр даъват шуданд, то зербинои кишвари Тоҷикистонро бигзоранд.
Мушаррафа Қосимова яке аз ин ҷавонони боистеъдод ва кӯшое буд, ки зодгоҳи худ Самарқандро тарк кард ва бо ин гурӯҳи фарҳехтагон роҳии Душанбе шуд. Пас аз давраҳои омӯзишӣ дар теотри тозатаъсис ва давлатии Абулқосими Лоҳутӣ, шоъири шинохтаи эронии муқими Шӯравӣ, ба унвони ҳунарпеша ба фаъолиятҳои ҳунарии худ шурӯъ кард.
Дар панҷоҳ соли фаъолият дар саҳна аз соли 1937 то 1975 бону Мушаррафа бисёре аз нақшҳое, ки иҷро кард, дар хотираи ҷамъии миллати тоҷик боқӣ монд. Нақшҳои мавриди алоқаи ӯ нақши модар ва зан буд. Аз ин ҷост, ки ӯ байни мардуми Шӯравӣ ва бахусус тоҷик ба унвони «модари теотри тоҷик» маъруф шуд.
Яке аз ин нақшҳои зан, ки бону Мушаррафа бо муваффақият иҷро кард, нақши Фирӯза, дар намоишномае бар асоси румони «Духтари оташ»-и Ҷалол Икромӣ буд. Нақши Фирӯза симои ятимдухтари ҷавони тоҷики бухороист, ки дар даврони юриши русҳо ба минтақа ҳамроҳ бо модарбузурги худ дар мубориза алайҳи суннатҳои мардумситези мазҳабӣ ва зидди зани даврони иморати Бухоро талош мекунад ва дар ҷараёни аз паси хона берун овардани занон ва ҷазби онҳо дар бозсозии ҷумҳурии ҷадиди шӯравӣ фаъолият мекунад. Фаъолияте, ки ба он даврони сиёсӣ марбут мешуд ва хатари ҷонӣ дошт. Иҷрои ин нақш дар даҳаи сӣ, ки занони мусалмони Осиёи Миёна иҷозаи зоҳир шудан дар саҳнаро надоштанд ва мумкин буд ҳар он дар кӯча ва хиёбон ба онҳо аз ҷониби суннатгароён ҳамла бишавад, ҷасорати маҳз маҳсуб мешуд ва аз инҷост, ки шуҷоъати Мушаррафа қобили таҳсин буд.
Дар солҳое, ки Мушаррафа Қосимова ба унвони духтари тоҷик рӯи саҳна зоҳир мешуд, аз аввалинҳо буд ва занони форсидони яҳудӣ нақши занони тоҷикро дар саҳнаҳои теотр, синемо ва майдонҳои рақсу овоз анҷом медоданд ва Мушаррафа Қосимова нақши модарро дар намоишномаи «Беватан» (1970) бар асоси асари Султон Сафаров рӯи саҳна овард ва боъиси писанду истиқболи тамошобинони тоҷик шуд.
Мушаррафа Қосимова дар намоишномаҳое бар асоси осори миллатҳои дигари Осиёи Миёна, мисли узбеку қирғиз, низ зоҳир шудааст. Нақши Оиша-опа, зани қирғиз дар намоишномае бар асоси румони «Дохунда»-и Садриддини Айнӣ, нақши модар дар намоишномаи «Ҷони модар»-и Абдуллоҳи Қаҳҳор, нависандаи узбек, нақши модаршавҳар дар намоишномаи «Исёни арӯсон» бар асоси асари нависандаи узбак Саъиди Аҳмад, нақши модар дар намоишномаи «Номаро ман навиштаам» (1973), навиштаи Файзуллоҳи Ансорӣ, нақши модар дар филми синемоии «Нисо», ки аз баёдмонданитарин нақшҳои синемои тоҷик аз он даврон аст ва то ҳол ин нақшҳо барои тоҷикон ошно ва дӯстдоштанист.
Мушаррафа Қосимова бидуни пуштибонии падари худ, ки аз тоҷирони шинохта ва таҳсилкардаи Самарқанд буд, наметавонист ба ин ҳама муваффақият мушарраф шавад. Ҳарчанд падару модари ӯ дар солҳои саркӯбҳои истолинӣ ба унвони душмани миллат бадном шуданд ва ниҳоятан падари ӯ ба қатл расид ва модари ӯ боздошт шуд. Аммо Мушаррафа аз фаъолиятҳои ҳунарии худ даст накашид ва барои тақвияти теотри тоҷик дар баробари теотри қавии қазоқҳо ва узбакҳо талош кард, то аз ҳамаи фурсатҳои мавҷуди замони худ истифода кунад.
Яке аз саҳмҳои мондагори бону Мушаррафа дар теотри тоҷик тарбияти шогирд ва чеҳраҳои таъсиргузор аст, ки пас аз фурӯпошии шӯравӣ барои теотри тоҷик давраи ҷадид ва миллиро оғоз карданд. Фаррухи Қосим, писари ӯ аз издивоҷи дувумаш, аз ин навъ чеҳраҳои теотр аст, ки теотри «Аҳорун»-ро бунён гузошт ва барои аввалин бор ашъори Румӣ ва сӯфиёни адабиёти форсиро рӯи саҳна овард. Фаррухи Қосим аввалин ҳунарманд дар Осиёи Миёна аст, ки ҷоизаи ҳуландии Пранс Клоусро ба хотири хидматҳояш барои иртиқо ва миллисозии теотр дарёфт кардааст.
Теотри Аҳорун ҳол бо раҳбарии Сабоҳати Қосим, коргардони теотр ва ҳамсари Фаррухи Қосим ва арӯси Мушаррафа Қосимова, ба фаъолияти худ идома медиҳад.
Саволе, ки байни бисёре аз рушанфикрони тоҷик дар ин рӯзҳо матраҳ аст, ин аст, ки чиро маросими хоксупории Мушаррафа Қосимова дар саҳни ин теотр барпо нашуд, балки дар майдончаи манзили ӯ ва танҳо бо ҳузури мардон ва бо шеваи тамоман мазҳабӣ баргузор шуд?
Ин аввалин бор нест, ки расми сӯгвории чеҳраҳои миллии тоҷикон ба ин шева баргузор мешавад. Қаблан маросими хоксупории донишманди забону адабиёт ва торихшиноси маъруфи тоҷик, Муҳаммадҷони Шакурӣ, низ ба ҳамин минвол барпо шуда буд ва боъиси интиқоди бисёре аз тоҷикон дар саросари минтақа шуд.
Мушаррафа Қосимова тамоми умр барои баробарии ҳаққи зану мард дар саҳна ва баробар бо хатари ҷон мубориза бурд ва барои миллати тоҷик теотре офарид, ки занон низ бидуни тарсу бидуни тардид дар баробари мардон нақш бозӣ кунанд. Аммо бо ин ҳол теотри тоҷик дар чанд соли охир маҳалли таваллуди хабарҳои манфӣ будааст.
Ҳафтаи қабл дар рӯзи ҷаҳонии теотр, Ҳошими Гадо, ҳунарпешаи шинохта ва миллии тоҷик, ки дар филмҳои «Шоҳнома» нақши Суҳробро бозӣ кардааст, аз ин ки ҳуқуқи бознишастагии ҳамаи ҳунармандон баробар бо 75 дулори омрикоист, видеуи шикоятӣ дар шабакаҳои иҷтимоъӣ пахш кард.
Аз сӯи дигар, Барзуи Абдураззоқ, коргардони теотр, аз Душанбе ронда ва дар Қазоқистон дар ҳоли тақвияти теотри қазок аст ва бисёре аз ҳунармандони теотр, ки дар Русия ба кори сиёҳи ҷисмонӣ машғуланд, нишонгари ин аст, ки вазъи теотри тоҷик бидуни қадрдонӣ аз ҷонфидоёни оянда беҳтар аз қаблро нахоҳад таҷруба кард. Ва даврони тилоии теотр ҳамон солҳои шурӯъи даҳаи сии истолинӣ боқӣ хоҳад монд.
Мушаррафа Қосимова шояд аз охирин насли ҳунармандоне буд, ки аз сари иҷбор бо Истолин даст дод, то битавонад ба фаъолиятҳои ҳунарии худ идома диҳад. Чунин созиш бо қудрати адолатситези ин рӯзҳо низ дар майдони ҳунари тоҷик идома дорад, аммо натиҷаи ин созиш ва пазиришҳо дигар мисли даврони қабл нест, то теотр қобили дастрасии ҳамаи мардуми тоҷик дар дуртарин русто ва деҳаҳои кӯҳистонӣ бошад.
Намоишномаҳо дар солҳои пасошӯравӣ дар шаҳрҳои аслӣ ва пойтахти кишвар ва пойбанд ба бинои теотр ва дур аз тамошобинон боқӣ мондаанд.
Адабиёт, теотр ва синемои тоҷик дар сӣ соли гузашта уфти амиқеро таҷруба мекунад, ки дар ҳеч кудом аз давронҳои торихии худ надоштааст. Худоҳофизии ҳақирона ва бидуни нишонаҳои фарҳангӣ ва қадрдонӣ аз заҳматҳои чеҳраҳои миллӣ, ки дар ин се даҳа мушоҳида кардем, мисли оина бозтобдиҳандаи ин вазъи асафбори фарҳанг дар байни тоҷикон аст.
—–
این یادداشت شهزاده سمرقندی را که در یادبود مشرفه قاسموا، مادر تئاتر تاجیک نوشته است، میتوانید در اینجا با خط فارسی بخوانید



