Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

Муҳоҷират ва тарбияти фарзанди дузабона

Дунё дар солҳои ахир шоҳиди хеле азиме аз муҳоҷирон будааст. Ин муҳоҷирон аз ҳар куҷо ки биёянд ва мақсади ниҳоияшон ҳар куҷо ки бошад, бо падидае ба номи "ёдгирии забони бегона" мувоҷеҳ ҳастанд. Падидае, ки барои ҳамаи муҳоҷирон як зарурат аст ва дар айни ҳол чолишбарангез. Чи бисёр кӯдакони муҳоҷире ҳастанд, ки на танҳо забони модарии худро бахубӣ ёд намегиранд, балки забони ҷомеъаи мизбонро ҳам шикаста-баста суҳбат мекунанд. Чӣ гуна метавонем кӯдаке дузабона тарбият кунем, бидуни инки ӯ бо ин мушкилот рӯ ба рӯ шавад?

golshan by golshan
27 February 2019
in Фарҳанг, Ҷомеъа
Муҳоҷират ва тарбияти фарзанди дузабона

акс аз бойгонӣ

Дунё дар солҳои ахир шоҳиди хеле азиме аз муҳоҷирон будааст. Ин муҳоҷирон аз ҳар куҷо ки биёянд ва мақсади ниҳоияшон ҳар куҷо ки бошад, бо падидае ба номи “ёдгирии забони бегона” мувоҷеҳ ҳастанд. Падидае, ки барои ҳама муҳоҷирон як зарурат аст ва дар айни ҳол бисёр чолишбарангез. Чи бисёр кӯдакони муҳочире ҳастанд, ки на танҳо забони модарии худро бахубӣ ёд намегиранд, балки забони ҷомеъаи мизбонро ҳам шикаста-баста суҳбат мекунанд. Ин адами тасаллут ба забони ҷомеъаи мизбон натанҳо мушкилоти фаровоне дар мадраса барои онҳо ба бор меоварад, балки аз лиҳози равонӣ ҳам ба онҳо фишори зиёде ворид мекунад. Бинобар ин шояд ин суол барои шумо ҳам пеш омада бошад: чӣ гуна метавонем кӯдаке дузабона тарбият кунем, бидуни ин ки ӯ бо мушкилот рӯ ба рӯ шавад?

Дар ин мақола, ки дар ду бахш ироа мешавад, мо ибтидо мафҳуми дузабонагиро ба баёне сода тавзеҳ медиҳем ва бархе аз мазоёи дузабонагиро ном мебарем. Пас аз он тамаркуз мекунем бар падидаи ёдгирии забони бегона дар хонаводаҳое, ки модару падар ҳар ду ба як забон суҳбат мекунанд ( барои мисол ҳар ду форсизабон ҳастанд) ва бо фарзандони хурдсоли худ ба сарзамине ҷадид муҳоҷират кардаанд ё пас аз муҳоҷират соҳиби фарзанд шудаанд. Дар идома ба баррасии роҳкорҳое муфид ва низ авомили боздоранда дар дузабонагӣ мепардозем ва роҳкорҳое ироъа медиҳем, ки ба кумаки онҳо метавонед ин масирро бо камтарин мизони хато тай кунед ва дар поёни кор аз мазоёи арзишманди дузабона шудан ба таври муфассал суҳбат мекунем. Албатта, мо фарзро бар ин гузоштаем, ки кӯдаки муҳоҷир аз имконоти хубе барои фарогирии забони модарияш бархӯрдор аст.

Фарогирии забон (чи забони модарӣ ва чи забони дуввум /забони бегона) раванде аст пӯё ва пурпечу хам, ки аз авомиле ҳамчун синн, тавоноиҳои фардӣ, таъомулоти иҷтимоъӣ ва мизони тамос бо забон таъсир мепазирад. Ба баёни сода дузабонагӣ ба маънии тасаллут доштан бар ду забони мутафовит ва низ истифода аз ҳар дуи онҳост. Як фарди дузабона метавонад бисёр роҳату равон ба ҳар ду забон суҳбат кунад, фикр кунад ва хоб бибинад. Дузабонагӣ мазоёи мутааддиде дорад, ки аз миёни онҳо метавон ба афзоиши тавоноиҳои мағзӣ, аз ҷумла ҳофизаи кӯтоҳмуддат, боло бурдани эътимод ба нафс, кӯмак ба шаклгирии як зеҳнияти боз ва бадур аз таъассуб (ки равоншиносон аз он ба унвони омили мавқеъият дар зиндагӣ ёд мекунанд), ба таъхир андохтани бемориҳое ҳамчун олзоймер ва демонс ва бисёре дигар ишора кард. Дузабонагӣ маъмулан ба ду шева «табиъӣ» ё «омӯзишӣ» имконпазир аст. Дар дузабонагии табиъӣ ё ҳамзамон навзод аз ибтидои таваллуд ва ё дар тӯли рушд дар маърази ҳар ду забон қарор мегирад. Дар натиҷа бидуни ҳеч гуна омӯзиши расмӣ ҳар ду забонро фаро мегирад ва метавонад ба ҳар як аз ду забони мавриди назар бароҳатӣ суҳбат кунад ва ончиро ки мешунавад, дарк кунад. Дузабонагии омӯзишӣ ё пай дар пай замоне имконпазир аст, ки кӯдак ибтидо забони модарии худро то ҳадди мушаххасе бахубӣ фаро гирифта бошад ва пас аз он (камобеш баъд аз се ё чаҳорсолагӣ) барои ёдгирии як забони дигар омӯзиш бибинад.

Бо таваҷҷуҳ ба ин ду улгуи дузабонагии табиъӣ ва омӯзишӣ падару модари муҳоҷире, ки мехоҳанд, фарзанде дузабона тарбият кунанд, дар қадами аввал мебоист бо таваҷҷуҳ ба шароит ва имконоти худ яке аз ин ду шеваи дузабонагиро интихоб кунанд ва сипас бо барномарезиву ҷиддият дар он масир ҳаракат кунанд. Албатта, пеш аз шурӯъ хуб аст ба ин нукта таваҷҷуҳ кунем, ки тарбияти фарзанди дузабона корест бисёр пурзаҳмат ва вақтгир, ки дар сурати муваффақият натоиҷи арзишманди он як умр бо кӯдакамон мемонад. Аммо агар бидуни огоҳӣ, барномарезӣ ва сарфи вақту ҷиддияти лозим дар ин масир қадам бигзорем, ба эҳтимоли зиёд кӯдакамон дар маърази мушкилоти мутафовите қарор мегирад. Мушкилоте ҳамчун таъхирзабонӣ (дер забон боз кардан), сардаргумии забонӣ (қотӣ кардани ду забон бо ҳам), адами тавоноӣ дар ибрози эҳсосот, адами созгорӣ бо муҳити атроф ва низ уфти таҳсилӣ дар мадраса.

Шеваи аввал: дузабонии табиъӣ (ҳамзамон)

Хуб аст ба ин нукта таваҷҷуҳ кунем, ки солҳои аввалияи зиндагии кӯдак даврони тиллоии рушди ӯст. Аз бадви таваллуд то сесолагӣ кӯдак аз ҳассосияти шунидории бисёр болое бархӯрдор аст ва мағзу зеҳни ӯ дуруст монанди як исфанҷ ҳар чиро ки мешунавад, (ба забони модарӣ ва низ дигар забонҳо) ҷазб карда ва монанди забти савт ба зеҳн месупорад. Чунончи моил ҳастед фарзандатон ба таври табиъӣ дузабона бишавад, лозим аст ӯро аз даврони ҷанинӣ ва ё бадви таваллуд дар маърази ҳар ду забон қарор диҳед.

Роҳкорҳои муфид:

1.Беҳтар аст, ки кӯдаки мо ҳар забонро танҳо аз гӯишвари ҳамон забон бишнавад. Барои мисол агар падару модар ҳарду форсизабон ҳастанд ва тасмим доранд кӯдакашон аз бадви таваллуд ду забон, форсӣ ва инглисиро  фаро бигирад, беҳтар аст, ки худашон танҳо ва танҳо ба забони форсӣ бо фарзандашон суҳбат кунанд ва барои ин ки кӯдакашон дар маърази забони инглисӣ қарор бигирад, метавонанд:

а) дар хона лолоиҳо, кортунҳову достонҳои савтии инглисиро, ки тавассути инглисизабонҳо иҷро шуда, барояш пахш кунанд.

б) аз афроде, ки забони модарияшон инглисист, дархост кунанд, ки бо кӯдакашон ба инглисӣ суҳбат кунанд ва имкони бозӣ бо кӯдакони инглисизабонро барои кӯдаки худ фароҳам кунанд (барои мисол дар заминбозӣ ва кӯдакистон).

Дар воқеъ беҳтарин гузина ин аст, ки дар ин давра аз рушди забонӣ, кӯдак танҳо дар маърази сабки саҳеҳи (ва бидуни лаҳҷа) ҳар як аз ду забон қарор бигирад.  Ё ба иборате форсиро фақат аз форсизабонҳо бишнавад ва инглисиро фақат аз инглисизабонҳо.

2) Нуктаи қобили таваҷҷуҳи дигар муддатзамоне аст, ки кӯдак мебоист ҳар рӯз дар маърази забон бошад. Бархе мутахассисон муътақид ҳастанд, ки барои ин ки кӯдаки мо маҳорати дузабонагиро ба шеваи табиӣ касб кунад, зарурӣ аст як севум замони бедорияшро бо ҳар як аз ду забон дар тамос бошад. Бинобар ин агар навзоде даҳ соъат аз рӯз бедор аст, хуб аст, ки ҳудуди се соъат дар тамос бо забони форсӣ ва ҳудуди се соъат дар тамос бо забони инглисӣ бошад. Ин тамос метавонад танҳо дар ҳадди пахши кортун (филми тасвирӣ) ва шеъру достони савтӣ бошад, бидуни ин ки кӯдак таваҷҷуҳи хоссе ба он бикунад. Дар воқеъ ҳамин ки кӯдак ба навъе дар маърази забони мавриди назар бошад, кифоят мекунад. Дар ҳамин росто таваҷҷуҳ кунед, ки суҳбат кардан бо кӯдак ва шеър хондан барои ӯ ҳам роҳкорҳои бисёр муфиде ҳастанд.

3) Илова бар инҳо, ҳангоме ки кӯдак хоб аст, аз пахши лолоӣ ва шеъру достонҳои савтӣ ба забони дуввум, ғофил нашавед.

4) Ин нукта яке аз асоситарин маворид дар тарбияти кӯдаки дузабона аст: ҳатман шароите фароҳам кунед, то фарзандатон ҳар чанд вақт як бор замонеро бидуни ҳузури шумо, бо гӯишвари он забони дуввум сипарӣ кунад. Ин кор сабаб мешавад, то кӯдак ба мурури замон зарурати барқарории иртибот ба забони дуввумро ҳис кунад. Такрори ин шароит баъд аз сесолагӣ (замоне ки кӯдак метавонад чанд калима суҳбат кунад) бисёр муҳим ва зарурӣ аст.

Идома дорад.

Нависанда аз дарёфти нақд ва назароти хонандагон дар бораи ин навиштор ба гармӣ истиқбол мекунад.

Забоншиносон таъориф ва табақабандиҳои мутафовите барои дузабонагӣ матраҳ кардаанд. Вале мо дар ин навиштор ба ҳамин таърифи сода, вале ҷомеъ басанда мекунем.

Мафҳуми зеҳнияти боз ва зеҳнияти баста ё ҳамон  “fixed mindset, growth mindset” иборате аст, ки тавассути Корл Дук устоди равоншиносии донишгоҳи Истанфурд пас аз солҳои таҳқиқ бар руйи мафҳуми муваффақият ва дастовардҳои зиндагӣ матраҳ шудааст. Барои иттилоъоти бештар дар ин бора метавонед ба китоби зер руҷӯъ кунед.

Tags: дузабонаёдгирии забонкӯдаконмуҳоҷираттарбияти кӯдакон

Related Posts

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом
Сиёсат

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом

5 November 2019
Аъзами Толиқонӣ: Ҳалқаи пайванди феминистҳои секулору мазҳабӣ
Women

Аъзами Толиқонӣ: Ҳалқаи пайванди феминистҳои секулору мазҳабӣ

5 November 2019
Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?
Women

Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?

1 November 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо