Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

‘Ногуфтанӣ’: Забони сиёсатмадорон ҳамчун аслиҳа алайҳи мардум

Нақде бар китоби ‘Ногуфтанӣ’ (‘Unspeak’), навиштаи Истивен Пул

shahzoda by shahzoda
27 March 2019
in Books, Фарҳанг, Ҷомеъа
‘Ногуфтанӣ’: Забони сиёсатмадорон ҳамчун аслиҳа алайҳи мардум

‘Ногуфтанӣ’ (‘Unspeak’),
Муаллиф: Истивен Пул
Нашри Литл Броун (Little Brown)
Нашри аввал: соли 2006
Бритониё
ISBN 0316731005
282 саҳ.

Китоби ‘Unspeak’, ки шояд ‘Ногуфтанӣ’ тарҷумаи муносибе барои он беҳтар бошад, асари таъсиргузоре азИстивен Пул (Steven Poole), нависандаи инглисӣ, аст, ки мақолаҳояш дар рӯзномаи муътабари Гордиян (Guardian) мунташир мешавад ва дар айни ҳол худи ӯ дар Порис басар мебарад.

Ин китоб, ки аз нашри аввали худ то ба ҳол борҳо бознашр шуда ва беш аз ним миллион ба фурӯш рафтааст, аз китобҳои муҳимме дар бораи матнҳои суханронии раҳбарони сиёсии даврони мост. Ин китоб мараккаб аз 10 қисмат аст ва ҳар қисмате чашму гӯши моро бо вожагон ва истилоҳоте ошно мекунад, ки давлатмардони ҷаҳони имрӯз барои давр задани ҳақиқат ва ё сарпӯш гузоштан рӯи ҷиноятҳое, ки муртакиб шудаанд, ба кор мебаранд.

Дар ин китоб Пул аз мавридҳои корбурд ва унсурҳои марбут ба падидаҳое, чун “ҷомеъа”, “табиъат”, “фоҷеъа”, “амалиёт”, “терур”, “сӯиистифода”, “озодӣ”, “ифротгароӣ” ва истилоҳоти дигаре суҳбат мекунад, ки аз роиҷтарин мафоҳими сиёсӣ дар забони рӯзноманигории имрӯз ба шумор мераванд.

Ҳар фасли ин китоб ба яке аз ин истилоҳот мутамаркиз мешавад ва нивисанда аз аввалин мавридҳои корбурди онҳо ва ё вахимтарин рӯйдодҳои муртабит ба ин мафоҳим сухан мегӯяд ва саъй мекунад ҳақиқатҳоеро, ки пушти ин вожаҳо пӯшидаву пинҳон ва ё ногуфта ва ношунида боқӣ мондаанд, бармало созад.

Стивен Пул мӯътақид аст, рӯзноманигорон бо таҳқиқу мӯшикофӣ аз системе, ки давлатҳо барои пинҳон доштани ҷароими ҷангӣ ё фарор аз масъулият сохтаанд, бояд огоҳ шаванд ва дигаронро низ мутталеъ созанд. Ба назари ӯ, аҳли сиёсат дар гуфтугӯҳои расонаӣ ва ё суханрониҳои худ ин вожаҳоро ба таври ҳадафмандона ва манфаъатҷӯёна ба кор мебаранд ва рӯзноманигорон ҳам ба таври нохудогоҳ дар таксири ин вожаҳо ба онҳо кумак мекунанд.

Ин китоб бо ривояте дар бораи Кунфусиюс шурӯъ мешавад: вақте аз ин файласуфи маъруфи чинӣ мепурсанд, агар раҳбари кишвар будӣ, дар марҳалаи аввал ба кудом мушкиле ҷомеъа расидагӣ мекардӣ? Ҳакими чинӣ лаҳзае фикр мекунад ва мегӯяд, ки “дар ваҳлаи аввал исм ва таърифи ҳамаи мафоҳимро равшан мекардам”.

Аз ӯ мепурсанд, ки ин чи рабте ба давлатдорӣ дорад, мегӯяд “агар мафоҳим номи мушаххасе надошта бошанд, суханрониҳо қобили дарк нахоҳанд буд, агар суханҳо қобили дарки дурусту равшан набошанд, дастурҳо дуруст анҷом намешаванд, агар дастурҳо ва аҳдоф дуруст анҷом нашаванд, ҷомеъа шадидан осеб мебинад ва муҷозот мутаъодил бо ҷиноёт нахоҳад буд ва вақте муҷозот мувофиқи ҷиноятҳои эъмолшуда набошад, мардум сардаргум ва парешон хоҳанд буд.”

Хондани ин китоб ба ҳамаи ҷомеъашиносони тоҷик тавсия мешавад ва тарҷумаи дақиқу борикбинонаи он дастоварде гаронбаҳо барои тоҷикон хоҳад буд.

Ин китоб басароҳат бозгӯ мекунад, ки чигуна дар зери истилоҳоти ошно, аммо норавшан, чи маъниҳое байни сиёсатмадорон радду бадал мешавад ва рӯзноманигорони камтаҷруба ҳам дар такрору таксири он кумак мекунанд ва ё аз вожаҳои дигари ҳаммаънои онҳо зиёд огоҳ нестанд ё ҷуръати ба чолиш кашидани сиёсатмадоронро надоранд.

Ин китоб кори муҳимме дар ростои дарки забони сиёсатдар қарни мост. Забоне, ки пурчарбу мусбат ба гӯш мерасад, аммо пушти он дунёе саршор аз аносири ҷурму ҷиноят ва беҷазо мондан ё фирор аз масъулияти раҳбарони мо нуҳуфтааст.

Ин китоб маро ба ёди он меандозад, ки давлати Тоҷикистон чанде пеш аз ворид шудани вожаҳои ҷадид ба забони расонаҳо ва рӯзноманигорон нигарон шуд ва ҳатто эълом кард, ки ҳар вожаи ҷадид ҷарима ба ҳамроҳ хоҳад дошт.

Яъне рӯросттар аз ин дар баробари пешравӣ ва нумӯъи мардум ва ҷомеъа ҳанӯз ҳеч давлате наистода, аммо мардуми тоҷик садои эътирозе буланд накарданд, шояд ҳанӯз ба дарки маънии аслии ин дастур нарасидаанд.

Чун беш аз як қарн аст, ки мо тоҷикон мафоҳим ва маъниҳоеро бо исмҳои мухталиф ва нодақиқ ба кор мебарем ва радду бадали манзури аслии мо дигар муяссар нест ва эҳсос мекунем, ки забонамон кӯтоҳтар аз ҳисси ғаризии мост.

Қудрати эътироз аз мо гирифта шуда, чун навиштани номаи шикоят ва ё талаби ҳаққи худ ошноии дақиқе бо вожа ва истилоҳи мавриди назарро мехоҳад ва ин корест,ки милюнҳо тан аз мардумони Осиёи Миёна аз уҳдаи он барнамеоянд.

Ин сиёсати шӯравӣ буд, ки забони моро кӯтоҳ кард, то дасти мо кӯтоҳ бошад ва камари мо хамида. Аммо боъиси нигаронист, ки то ҳол ин сиёсат идома дорад васиёсатмадорон аз тарси бохтани қудрат забони моро ҳамчунон таҳти кутрули шадид қарор додаанд ва аз пешрафту густариши он метарсанд.

Забони шикастаи мо ҳамчун нишоне аз рӯҳи шикастаи мобоқӣ мондааст. Ва ин “фоҷеъаи торихӣ” нест, балки ҷинояти барномарезишудаест, ки ҳамчунон бар алайҳи мардум аз он истифода мешавад.

Шаҳзодаи Самарқандӣ

Tags: Steven PooleUnspeakЗамона Тоҷикистоннақди адабӣ

Related Posts

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом
Сиёсат

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом

5 November 2019
Аъзами Толиқонӣ: Ҳалқаи пайванди феминистҳои секулору мазҳабӣ
Women

Аъзами Толиқонӣ: Ҳалқаи пайванди феминистҳои секулору мазҳабӣ

5 November 2019
Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?
Women

Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?

1 November 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо