Бахшудан мафҳуме фалсафист, аммо дар даҳаҳои ахир дар мабоҳиси равоншиносӣ низ ба кор рафта ва ба унвони роҳе барои шифо ва саломати зеҳн муъаррифӣ шудааст.
Агарчи ин мафҳум метавонад дар фарҳангҳои мухталиф бар сулуки мутафовите таъкид дошта бошад, аммо бахшудан дарвоқеъ як фазилати ахлоқист, ки дар баробари як рафтори ноъодилона ва нохушоянд бар хайру хубӣ таъкид дорад. Касе, ки мебахшад таъаммудан (амдан) талош мекунад ба ҷои хашму ғазаб нисбат ба фарде, ки ба ӯ осебе расонда, хайру некӣ арзонӣ кунад. Бо меҳрубонӣ, эҳтиром, саховат ва ҳатто ишқ талош мекунад паёме дигар ба озоргар бирасонад. Бо ин ҳол, ин бад-он маъно нест, ки фарде, ки дигаре (ё худ)-ро афв мекунад, хоҳони бозгашт ба робита ва пазириши фарди осебрасон аст. Шумо метавонед бибахшед, бидуни он ки қасди оштӣ, мусоҳибат, ҳамнишинӣ ё мондан дар иртиботеро дошта бошед. Касе ки мебахшад, бахубӣ мутаваҷҷеҳи рафтор ва амали ноъодилона алайҳи худаш мешавад, аммо ӯ дар баробари беъадолатӣ, хайру некӣ арзонӣ мекунад. Ҳамчунин фарди бахшанда метавонад алорағми он ки дигареро мебахшад, хоҳони барқарории адолат бошад. Адолат ва бахшудан ба унвони фазилатҳои ахлоқӣ метавонанд дар канори ҳам қарор бигиранд.
Чанд бовари иштибоҳ дар бораи бахшудан:
Бахшудан ба маънои фаромӯшӣ аст: ин бовари роиҷ иштибоҳ аст, зеро як нуктаи муҳимро дар назар намегирад: мағз наметавонад ба ёд оварданро мутаваққиф кунад. Шумо ҳаргиз чизеро фаромуш намекунед, аммо бахшудан ба шумо кумак мекунад ба ҷои ин ки доиман даргири он бошед, худро дар баробари осебҳои он муҳофизат кунед ва ба ҷои мондан дар гузашта ба ҷилав ҳаракат кунед.
Бахшудан, яъне кам овардаед: ҳарчанд ки арзиши ахлоқии бахшудан қарнҳост бар инсон рушан шудааст, аммо ин бовари нодуруст ҳам вуҷуд дорад, ки агар бибахшем, яъне мутаваҷҷеҳи зулму беъадолатӣ нашудаем ва ё дар муқобили он кӯтоҳ омадаем. Аммо бахшудан шуморо бештар аз ҳамеша дар мавзеъи қудрат қарор медиҳад, ҳарчанд масири шумо барои нишон додани қудрат бисёр мутафовит аз он касест, ки бо осеб расондан ба шумо қудратнамоӣ кардааст.
Бахшудан, яъне шумо хашмгин намешавед: аслан ингуна нест. Бидуни шак, дар ҳар навъ беъадолативу зулме ранҷи фаровоне насиби шумо мешавад, бо ин ҳол, шумо интихоб кардаед ба ҷои мондан дар хашму номеҳрубонӣ, ранҷу дарди он чи гузашта, фақат аз он бигзаред ва чизҳои беҳтареро таҷруба кунед.
Бахшиш ба маънои оштӣ аст: на, лузуман. Дар мавориде шояд битавонед бо фарде оштӣ кунед. Робитаро аз нав шурӯъ кунед ва фарди мавриди назарро дар зиндагитон бипазиред. Аммо метавонед ин корро накунед ва сирфан аз ончи пеш омада, гузар кунед, бидуни он ки бихоҳед аз дари оштӣ ворид шавед.
Бо дарки ин масъала метавонед далоилеро барои бахшудани огоҳонаи дигарон баршумурд, ки нишондиҳандаи асари хушоянди он бар фарди бахшоянда аст:
Замоне ки мебахшам:
– Аз назари эҳсосӣ ҳоли беҳтаре дорам. Чун ин кор хашми носолимеро, ки вуҷудамро иҳота кардааст, коҳиш медиҳад.
– Ба ман дар шаклдиҳии равобитам кумак мекунад, то битавонам арзишҳои дигареро мушоҳида кунам.
– Дар рушди шахсияти ман муассир аст, зеро ба ман кумак мекунад одами беҳтаре бошам.
– Дар равобити хонаводагиям муассир аст ва роҳест ба сӯи сулҳ бо аъзои хонаводаам. Бахшудан барои сулҳ метавонад ба насли баъд аз ман мунтақил шавад.



