Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

Пизишкони Салиби Сурх ба Ворух роҳ ёфтаанд

shahzoda by shahzoda
2 April 2019
in Minorities, Матолиби баргузида, Сиёсат, Хабарҳо, Ҷомеъа
Пизишкони Салиби Сурх ба Ворух роҳ ёфтаанд

Мақомоти марзбонии Қирғизистон бо интишори баёнияе далели мамонеъат аз вуруди пизишкони Салиби Сурх ба минтақаи марзии Ворух дар шимоли Тоҷикистонро тавзеҳ додаанд. Дар ин баёния омадааст, ки далели ҷилавгирӣ аз худрави имдодгарони Салиби Сурх нигаронӣ аз амнияти ҷонии онҳо будааст. Мақомоти қирғиз ҳамчунин гуфтаанд, худравҳое, ки пизишкони Салиби Сурх савори он буданд, нишонае аз намояндагии ин созмон надоштааст.

Гуфта мешавад, ҳоло намояндагони Салиби Сурх иҷозаи вуруд ба маҳалли даргириро доранд, аммо бар асоси мушоҳидаҳои шахсӣ, онҳо ҳануз на бо расонаҳои маҳаллӣ суҳбат кардаанд ва на дар сойти расмии худ гузорише дар ин бора интишор додаанд.

Бо ин ки Салиби Сурх дар Тоҷикистон дафтари намояндагӣ дорад, аммо дар мавориди изтирорӣ дафтари узбакистонии ин созмони байналмилалӣ ниёзҳои кишвари Тоҷикистонро низ пӯшиш медиҳад.

Аз даргириҳое, ки дар ҳаволии рустои Ворух байни тоҷикон ва қирғизҳо сар зад, ду нафар кушта ва беш аз бист нафар захмӣ шудаанд. Мақомоти қирғиз гуфтаанд, ки се тан аз захмишудагон аз сокинони қирғизтаборанд.

Ин даргириҳо бар сари сохтмони ҷоддае аз сӯи мақомоти қирғиз дар минтақае марзӣ бо Тоҷикистон рух додааст. Пас аз вуқӯъи даргирӣ роҳе, ки маркази ноҳияи Исфараро бо рустои Ворух дар шимоли Тоҷикистон муттасил мекунад, аз сӯи мақомоти қирғиз баста шуда ва маълум нест чи замоне боз хоҳад шуд.

Мақомоти ду кишвар, ки мавзӯъи ин даргириро ба музокира гузошта буданд, эълом кардаанд, ки ҷониби Қирғизистон метавонад ҷоддаи мавриди баҳсро бисозад. Дар муқобил, тоҷикони рустои Ворух низ метавонанд ҷоддаи ҷадиде ба самти маркази ноҳияи Исфара барои худ бисозанд.

Равшан нест, ки ин ҷоддаи ҷадидро қарор аст мардуми маҳаллии Ворух бисозанд ё давлат ҳазинаи онро хоҳад пардохт. Тоҷикистон дар ин музокира чи манфаъате дошта ва оё тавонистааст масъаларо ба сӯди мардуми худ ҳаллу фасл кунад? Ин пурсишҳои бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон аст.

Ин аввалин бор нест, ки дар марзҳои номушаххаси байни ин ду кишвари ҳамсоя пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ баҳсу даъвоҳои марзии сокинон мунҷар ба даргириҳои хунини қавмӣ байни тоҷикону қирғизҳо мешавад.

Аз 970 килуметр марзи муштараки байни ду кишвар 470 килуметр ҳамчунон дақиқ ва нишонагузорӣ нашуда ва музокироти мақомҳои ду кишвар дар ин маврид борҳо бенатиҷа анҷом ёфтааст.

Таълиқи ҳалли ин масъала тайи се даҳаи гузашта боъиси даргириҳои хунин ва талафоти ҷонӣ ва аз байн рафтани амволу дороиҳои хусусии шаҳрвандон дар ин минтақаи дорои марзҳои номушаххас шудааст.

Tags: Ворухдаргириҳои қавмӣЗамона ТоҷикистонҚирқизистонСалиби СурхТоҷикистонҷомеъа

Related Posts

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом
Сиёсат

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом

5 November 2019
Аъзами Толиқонӣ: Ҳалқаи пайванди феминистҳои секулору мазҳабӣ
Women

Аъзами Толиқонӣ: Ҳалқаи пайванди феминистҳои секулору мазҳабӣ

5 November 2019
Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?
Women

Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?

1 November 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо