Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

Рӯзи ҷаҳонии баробарҳуқуқии зану мард ё рӯзи модар?

shahzoda by shahzoda
8 March 2019
in Human rights, Women, Сиёсат, Хабарҳо, Ҷомеъа
Рӯзи ҷаҳонии баробарҳуқуқии зану мард ё рӯзи модар?

????????????????????????????????????

Сойти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон навиштааст, ки рӯзи 6-уми март дар мизи мудавваре масоили “нақши зан дар ҷомеъа ва давлатдорӣ”-ро баррасӣ кардааст.

Академияи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон (Акс аз ВКД)

Дар ин мизи гирде, ки дирӯз дар Академияи Вазорати умури дохилаи кишвар бо ҳузури коршиносони байналмилалӣ ва бархе аз мақомоти дохилии кишвар баргузор шуд, ҳанӯз гушориши муфассале аз мӯҳтавои он мунташир нашудааст.

Академияи корҳои дохилии Тоҷикистон аввалин бор нест, ки Рӯзи 8-мартро, ки Рӯзи ҷаҳонии баробарҳуқуқии зану мард ва озодии иҷтимоъии зан дар саросари ҷаҳон аст, бо «Рӯзи модар» иштибоҳ мегирад.

Чанд сол аст, ки бо далоили норавшан, Рӯзи озодии занон дар Тоҷикистон ба унвони «Рӯзи модар» матраҳ мешавад ва бисёре аз фаъолони ҳуқуқи башар ва занони пешгому шоғили кишвар аз ин масъала нороҳат ва нигаронанд. Онҳо мегӯянд, бо маҳдуд кардани ин рӯз, ки миллионҳо зан дар саросари ҷаҳон барои ба даст овардани он ҷонбозӣ кардаанд, бонувонеро, ки баробари модар будан корманд, фаъоли сиёсӣ ва фаъоли фарҳангиву иҷтимоъӣ ҳастанд, дастикам мегиранд ва омодагии пазириши зани шоғил ва озодбаёнро надоранд.

Бархе аз ҷомеъашиносон мӯътақиданд, ки ин вазъият ба хотири фаъолиятҳои афроди мазҳабӣ ва масоҷиди фаъол дар дохили кишвар аст. Аммо ба «Рӯзи модар” маҳдуд кардани “Рӯзи ҷаҳонии баробарҳуқуқии зану мард дар ҷомеъа” аз ҷониби сойти расмӣ ва мақомоти давлатии ин кишвар ва норавшаниву омехтагии аҳзоби динӣ, ки мехоҳанд занони тоҷик дар хона ва ошпазхонаҳои худ пушти дарҳои баста ва дар маҷолиси занона пӯшида бимонанд, бисёреро бар талошҳои давлати Тоҷикистон машкук кардааст.

Давлати Тоҷикистон агар дар баргузории ин навъ мизи гирдҳо мехоҳад роҳи занонро ба майдони сиёсат ва давлатдорӣ ҳамвор кунад, пас чаро фарқе байни адабиёти давлат ва аҳзоби мазҳабӣ нест.

Даҳ соли пеш, рӯи 6-уми марти соли 2009 бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар, Рӯзи байналмилалии занон расман табдил ба «Рӯзи модар» шуд.

Интизори бисёре аз фаъолони зан ва ҳуқуқи башар аз давлати Тоҷикистон ин аст, ки тафкики равшане байни рӯзи модар ва рӯзи иҷтимоъии занон дар кишвар ҷорӣ кунад ва мардумро аз ин сардаргумие, ки беш аз ду даҳа идома дорад, хотима диҳад.

Tags: 8 мартрӯзи ҷаҳонии занСиёсатТоҷикистонҳуқуқи занон

Related Posts

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом
Сиёсат

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом

5 November 2019
Аъзами Толиқонӣ: Ҳалқаи пайванди феминистҳои секулору мазҳабӣ
Women

Аъзами Толиқонӣ: Ҳалқаи пайванди феминистҳои секулору мазҳабӣ

5 November 2019
Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?
Women

Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?

1 November 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо