Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

Саша: “Тоҷикистон ҳунармандони мисли ман зиёд дорад, аммо аз тарс истеъдоди худро ошкор намекунанд”

golshan by golshan
6 March 2019
in Human rights, Minorities, Multimedia, Фарҳанг, Ҷомеъа
Саша: “Тоҷикистон ҳунармандони мисли ман зиёд дорад, аммо аз тарс истеъдоди худро ошкор намекунанд”

Саша Масква, блогнависи ҷавони тоҷик, ки бо видиюҳои тақлидиаш аз хонандагони маъруф дар шабакаи иҷтимоъии Инстаграм шуҳрат касб кардааст, борҳо ба хотири гароишаш ба ҷамҷинсгароӣ ва тақлид кардани шахсияти хонандагони зан мавриди озор ва тавҳини мухотабон дар шабакаҳои иҷтимоъӣ ва ҳам ҳиёбонҳои Русия қарор гирифтааст.

Саша дар гуфтугӯи муфассал бо Замона аз истеъдод ва фаъолиятҳои худ гуфт, ки ҷомеъаи Тоҷикистон аз Русия беҳтар аст ва дар кӯчаву хиёбонҳои Душанбе ба ӯ касе озори ҷисмонӣ нарасондааст. Бо ин ки суханони таҳқиромез ва фаҳҳошие, ки мешунид ва афроди зиёд ӯро ба навор мегирифтанд, ӯ мегӯяд, ки барои ҳунарманд дар Тоҷикистон озодии кофӣ фароҳам аст, аммо ба назари ӯ бисёре аз мардум ба хотири ҷилавгирӣ аз таҳқирҳои лафзӣ дар малои умум, аз истеъдодҳои фардии ӯ даст мекашанд.

Саша дар Инстаграм дар сафҳае бо номи “Малчик Провокатсия” видиюҳои ҳунарии худро мунташир мекунад ва мегӯяд ба ин кор пас аз як соли блогнависӣ шурӯъ карадаст. Ӯ 21 сол дорад ва дар 19-солагӣ ба блогнависӣ пардохта ва аз 20-солагӣ кашф карда, ки истеъдод дар тақлиди чеҳраҳои мусиқӣ дорад.

Тарафдорони Саша аз ду навъ афроданд. Онон, ки ба озодии баён ва ҳунар диди баста доранд ва аз табақаи поини иҷтимоъӣ ҳастанд ва дигар аз табақаи иҷтимоъии мутавассит ба болоанд, ки ба озодии баён ва ҳамаи анвоъу ақсои ҳуқуқи башар эътиқод доранд ва ҳам худ истифода мекунанд. Дастаи дуввум дар ҷомеъаи Тоҷикистон зиёданд, мегӯяд Саша. Аммо ба далоили худсонсурӣ ва муҳофизакорӣ ҷавонони бисёре дар зерзамин ва ношинохта мондаанд.

Саша орзу дорад дар оянда хонанда ва ҳунарпеша шавад ва дар ҷаҳони фарохтар ҳунар ва фарҳанги болои тоҷиконро ба намоиш бигзорад. Ӯ ҳамин тавр орзу дорад дар шабакаҳои телевизиюнии Тоҷикистон дар барномаҳои вижа ширкат кунад, то ҳамаи тоҷикон дар сартосари қаламрави кишвар ва кишварҳои ҳамсоя аз ӯ ва ҳунари ӯ ошноӣ пайдо кунанд.

Саша дар ъайни ҳол рӯи таронаи аввалини худ кор мекунад, ки бо забони форсӣ аст ва дар сабки поп, ба зудӣ аз тариқи сафҳаи Инстаграми худ ҳамроҳ бо видиюклип дастраси ҳамагон хоҳад кард. Саша мегӯяд, назар ва пайғомҳои таҳқиромези мухотабони тангбин баръакс ӯро ба кор ва ҳунараш дилгармтар мекунанд, зеро ӯ мутаваҷҷеҳ аст, ки агар кори мавриди алоқаашро накунад, ҳатман дар пирӣ пушаймон хоҳад шуд ва пушаймонӣ ҳеч фоидае надорад.

Гуфтугӯи худмонии Шаҳзода Самарқандӣ бо Саша Маскваро метавонед дар пайвасти зер гӯш диҳед:

Tags: блогнависӣЗамона Тоҷикистонозодии баёнСаша МаскваТоҷикистонТрибуни Замона

Related Posts

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом
Сиёсат

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом

5 November 2019
Аъзами Толиқонӣ: Ҳалқаи пайванди феминистҳои секулору мазҳабӣ
Women

Аъзами Толиқонӣ: Ҳалқаи пайванди феминистҳои секулору мазҳабӣ

5 November 2019
Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?
Women

Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?

1 November 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо