Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

Сел дар Эрон чанд ҳазор нафарро бекор кард?

shahzoda by shahzoda
4 May 2019
in Матолиби баргузида, Ҷомеъа
Сел дар Эрон чанд ҳазор нафарро бекор кард?

Маркази омори Эрон нархи бекории поизи 1397-ро 11,7 дарсад ва ҷамъияти бекорони расмиро се милюну 159 ҳазор тан эълом кардааст. Поён таътилоти наврӯзӣ аммо бо афзоиши шумори бекорон ва коргарони ихроҷшуда ҳамроҳ буд. Сел дар манотиқи мухталиф нархи бекориро таҳрик ва шумори бекоронро бештар мекунад.

Аз охирин рӯзи соли 1397 то ба ҳол сел ниме аз устонҳои Эронро дар бар гирифта ва вайрониву хисорат ба бор овардааст. Ҳанӯз ҳеч як аз ниҳодҳои давлатӣ ҷузъиёти дақиқе аз хисорати ношӣ аз сел ироа накардаанд. Созмони бозрасӣ ба таҳияи гузориш аз сел дар ду устони Гулистон ва Мозандарон мукаллаф шудааст. Раиси Созмони бозрасӣ ҳам гуфта, ки бо муқассирони ҳодиса бархӯрд хоҳад шуд. Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломӣ, низ ҳамсадо бо дигар мақомҳои ҳукуматӣ ваъда карда, ки давлат селзадагонро танҳо намегузорад.

Кумакҳои давлатӣ аммо то ба ҳол натавониста посухгӯи хисорати ба бор омада бошад. Шумори зиёде аз селзадагон ҳамчунон бидуни бархӯрдорӣ аз чодару маҳрум аз имконоти аввалия рӯзгор мегузаронанд ва дар ин вазъият бо як мушкили бузург низ дастбагиребон ҳастанд: шуғл ва табъи он даромаде надоранд, то битавонанд андаке аз хисорати ба бор омадаро ҷуброн кунанд.

Омори дақиқе аз шумори коргарону кишоварзоне, ки шуғли худро аз даст додаанд, баён нашудааст. Танҳо дар устони Гулистон шаҳраки санъатии Оққало зери об рафт. Карими Ёварӣ, мудири кулли ҳимоят аз машоғил ва бимаи бекории Вазорати таъовун, кор ва рифоҳи иҷтимоъӣ, гуфта, ки дар ин шаҳрак ҳудуди 200 воҳиди тавлидӣ осеб диданд ва 3 то 5 ҳазор коргар бекор шуданд.

Дар устони Луристон, бавижа дар ду шаҳри Маъмулон ва Пулдухтар, ки сел шиддати бештаре дошт, ҳам ҳадди ақал 5300 коргар шуғли худро аз даст додаанд. Муҳаммадризо Мусованд, дабири иҷроии Хонаи Коргар – як ташаккули коргарии вобаста ба давлат – гуфта, ки 1300 тан аз коргарони бекоршуда дар бахши сохтмонсозӣ машғул ба кор буданд ва 4000 тан ҳам дар коргоҳҳои кӯчак ва ё машоғили озод. Ба гуфтаи ӯ, 300 тан аз ин коргарон ба далели вайрон шудани комили хонаҳояшон, ҳамакнун овора ҳастанд.

Илова бар коргарони воҳидҳои тавлидиву сохтмонӣ, мазореъи кишоварзон дар Мозандарон, Гулистон, Хӯзистон ва Луристон зери об рафтааст. Дар Хӯзистон боло омадани об ва ҷорӣ шудани сел корхонаи найшакарро таътил кардааст. Идомаи ин вазъият метавонад ба бекории ҳадди ақал 6 ҳазор коргар биянҷомад. Коргароне, ки соли гузашта барои дарёфти мутолиботи муздӣ ва халъи яд аз бахши хусусӣ рӯзҳои тӯлонӣ дар хиёбон монданд.

Аз изҳороти раиси Идораи кори Шероз ҳам пайдост, ки бахше аз коргарон дар устони Форс ҳам пас аз сел бекор шудаанд.

Хабаргузории расмии давлати Ҷумҳурии Исломӣ (Ирно) шумори шоғилони 14 устонеро, ки аз оғози соли ҷорӣ даргири сел буданд, 8 милюну 863 ҳазор тан гузориш кардааст. Манобеъи расмӣ ва мақомҳои давлатӣ аммо то ба ҳол мушаххас накардаанд, ки чанд коргар пас аз сел шуғли худро аз даст додаанд.

Нуктаи муҳим ин ки нархи бекорӣ дар ду устони Хӯзистон ва Луристон дар шароити табиъӣ низ бештар аз нархи бекории кулли кишвар аст. Маркази омор нархи бекории расмии ин ду устон дар пойизи соли гузаштаро ба тартиби 12,7 ва 14,7 дарсад гузориш кардааст.

Бимаи бекорӣ ваъдаи тӯхолӣ аст?

14 устони Мозандарон, Форс, Гулистон, Ҳамадон, Курдистон, Қазвин, Қум, Симнон, Хуросони Разавӣ, Хуросони Шимолӣ, Хуросони Ҷанубӣ, Албурз, Исфаҳон ва Чаҳормаҳол ва Бахтиёрӣ даргири селу хисороти ношӣ аз он буданд.

Ҳотами Шокарамӣ, муъовини равобити кори вазири таъовун, кор ва рифоҳи иҷтимоъӣ, ба селзадагон қавл дода, ки машмули пардохти бимаи бекорӣ шаванд. Ба гуфтаи ӯ, дархости коргарон дар манотиқи селзада барои муқаррарии бимаи бекорӣ «хориҷ аз навбат расидагӣ хоҳад шуд».

Ӯ ҳамчунон гуфта, ки истимҳоли (муҳлати хосташуда барои пардохти) бидеҳии бонкии воҳидҳои санъативу тавлидӣ, ки дар сел хисорат дидаанд, “дар ситоди тасҳил ва коргурӯҳҳо баррасӣ мешавад.”

Мушкил аммо шароити дарёфти бимаи бекорӣ аст: бавижа барои коргароне, ки бештари онон пеш аз сел бо қарордодҳои муваққат ва ё бидуни қарордод дар пружеҳои сохтмонӣ ва ба сурати фаслӣ машғул ба кор буданд.

Вазорати таъовун, кор ва рифоҳи иҷтимоъии Эрон тайи солҳои гузашта фароянди сабти ном ва дарёфи муқаррарии бекориро ба бахши хусусӣ ва дафотири хадамотӣ вогузор кардааст. Ҳамчунин қавонини пардохти бекорӣ душвортар ва барои коргароне, ки бо қарордодҳои семоҳа ба ва сурати муваққат ба кор гирифта мешаванд, тақрибан ғайримумкин аст.

Вазорати таъовун, кор ва рифоҳи иҷтимоъии Эрон ба афроде, ки 6 то 24 моҳ собиқаи пардохти бима доранд, чунончи мутааҳҳил (издивоҷкарда) бошанд, то 12 моҳ ва дар сурате ки муҷаррад бошанд, фақат барои шаш моҳ муқаррарии бекорӣ пардохт мекунад. Албатта пардохти муқаррарии бекорӣ пас аз баррасӣ дар идораи кор мумкин хоҳад шуд.

Ҳол бо таваҷҷуҳ ба ин ки бештари коргарони сохтмониву фаслӣ дар Эрон бидуни бархурдорӣ аз бима иштиғол доранд, машмули дарёфти муқаррарии бекорӣ нахоҳанд шуд. Кишоварзон ва ё коргарони мазореъи кишоварзӣ низ бо чунин вазъияте рӯбарӯ ҳастанд.

Ҷуброни хисорат аз куҷо?

Вазорати таъовун, кор ва рифоҳи иҷтимоъӣ дар шароите ба селзадагон ваъдаи пардохти муқаррарии бимаи бекориро дода, ки тарҳи коҳиши хадамоти таъмини иҷтимоӣ барои баррасӣ дар дастури кори намояндагон қарор дорад.

Анбошти бидеҳии давлат ба Созмони таъмини иҷтимоъӣ, ки ба беш аз 180 ҳазор милёрд тумон расида, ва ҳамчунин бимаҳои таклифии мутаъаддиди таҳмилшуда аз сӯи давлат ба ин созмон, бидуни он ки ҳаққи бимаи саҳми давлат пардохт шавад, Созмони таъмини иҷтимоъии Эронро ба гувоҳи гузориши Маркази пажӯҳишҳои Маҷлиси шӯрои исломӣ “дар остонаи варшикастагӣ” қарор додааст.

Аз ҳамин рӯ, дар қонуни будҷеи имсол ҳамзамон бо мукаллаф шудани давлат ба пардохти ҳадди ақал 100 ҳазор милёрд тумон аз мутолиботи Созмони таъмини иҷтимоъӣ, ин созмон ба вогузории бунгоҳҳо ва фурӯши амвол муваззаф шудааст.

Давлат ва маҷлис ҳамчунин бар асоси ончи ки дастури раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ барои бознигарӣ дар будҷе баён шуд, қонуни будҷеро бо таваҷҷуҳ ба таҳримҳо, инқибозӣ танзим кардаанд. Масъалае, ки ҷуброни хисорати селзадагон аз маҳалли эътибороти будҷеро номумкин мекунад.

Барои ҳамин намояндаи Шӯш ва Дизфул дар Маҷлиси шӯрои исломӣ хостори бардошти давлат аз Сандуқи тавсеъаи миллӣ барои ҷуброни тамомии хисорати селзадагон шудааст. Давлат аммо то ба ҳол ин хостаро напазируфта ва сақфи тасҳилоти бонкии билоъиваз ба селзадагонро 15 милюн тумон эълом кардааст.

Ин вазъият чашмандози бозсозии манотиқи селзада ва пеш аз он ҷуброни хисорат ва пардохти муқаррарии бимаи бекорӣ ба селзадагони бекоршударо ба як ваъдаи номумкин табдил кардааст. Ваъдае, ки пеш аз ин ба зилзилазадагон дода шуд, аммо ҳеч гоҳ таҳаққуқ наёфт.

Tags: селСозмони таъмини иҷтимоъӣЭрон

Related Posts

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом
Сиёсат

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом

5 November 2019
Аъзами Толиқонӣ: Ҳалқаи пайванди феминистҳои секулору мазҳабӣ
Women

Аъзами Толиқонӣ: Ҳалқаи пайванди феминистҳои секулору мазҳабӣ

5 November 2019
Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?
Women

Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?

1 November 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо