Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

Созмони Милали Муттаҳид: муъояна ва санҷиши бакорати духтарон нақзи ҳуқуқи башар аст

golshan by golshan
19 February 2019
in Uncategorized
سازمان ملل متحد تایید پزشکی بکارت نورعروسان را که در دو سال گذشته در تاجیکستان رسم شده است، نقض حقوق بشر خواند و از دولتاین کشور خواست برای از بین بردن آن دست به اقدام‌های محکم و فوری بشود.
 
 
Пас аз ду соли расм шудани озмоиши бакорати наварӯсон дар Тоҷикистон, Созмони Милали Муттаҳид тоза рӯи ин мавзӯъ ангушт гузошта ва бо маҳкум кардани он аз давлати Тоҷикистон хостааст, ки ҳарчи зудтар ба ин амали таҳқиромез дар кишвараш поён бидиҳад. 
 
Дар соли 2017 беш аз 800 духтари тоҷик қабл аз анҷоми маросими арӯсии худ мавриди муъояна ва санҷиши бакорат қарор гирифтаанд. Вале ин иқдом то ба ҳол боъиси ҳеч навъ ҳассосият дар ҷомеъаи тоҷик нашудааст. 
 
Соли 2013 дар Гурҷистон расонаӣ шудани ин мавзӯъ, ки беш аз 40 духтар ба санҷиши бакорат водор карда шудаанд, вокунишҳои тунду интиқодомезе ба дунбол дошт. Он замон фаъолони ҳуқуқи башар дар Гурҷистон ба хиёбонҳо рехтанд ва бо шиъорҳои ҳимоят аз ҳаққи духтарон талош карданд, ки ба ин таҷрубаи дарднок барои духтарони худ поён бидиҳанд.
 
Дар Тоҷикистон чандин парвандаи худкушии наварӯсон, ки ба хотири тардиди домод дар бакорати онҳо даст ба худкушӣ задаанд, дар дасти баррасӣ аст. Қазияи Раҷаббӣ Хуршеди 18-сола, ки дар чиҳилумин рӯзи наварӯсии худ даст ба худкушӣ зад, аз он ҷумла аст. Ҳарчанд Зафар Пиров, ҳамсари ӯ, акнун дар зиндон ба сар мебарад, аммо баҳси санҷиши бакорат дар ҷомеъаи тоҷик ҳамчунон идома дорад. 
 
Созмони Милал гуфтааст, ки санҷиши бакорат танҳо дар ҳолати таҷовуз ё мавориди пизишкӣ бояд анҷом шавад ва дар ғайри ин сурат як навъ таҳқири духтар ва зери по гузоштани ҳуқуқи инсонӣ ва аввалияи ӯ маҳсуб мешавад. Ҳамакнун равшан нест, ки дархости Созмони Милали Муттаҳид аз давлати Тоҷикистон барои поён додан ба мавориди санҷиши бакорат ба вокунишҳои ҷиддии фаъолони ҷомеъа мунҷар хоҳад шуд ё на.
Tags: бакоратСозмони Милали МуттаҳидТоҷикистонТрибуни Замона

Related Posts

Пулиси Ҳуланд: Тирандози Утрехт дастгир шуд
Uncategorized

Пулиси Ҳуланд: Тирандози Утрехт дастгир шуд

19 March 2019
Uncategorized

Заҳро Ҳусайнӣ: барои мубориза бо озори ҷинсии занони варзишкори афғон пустҳои мудириятиро ба онҳо биспоред

19 February 2019
Uncategorized

Барои нахустин бор як зан ба муъовинати Вазорати дохилаи Афғонистон мансуб шуд

19 February 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо